ҲОТАМ ШУДА НАМЕТАВОНӢ!

Вақте Ҳотами Той аз дунё гузашт, бародараш хост ҷойи ӯро бигирад.

Ҳотам саройе сохта буд, ки ҳафтод дар дошт. Ҳар касе аз ҳар даре, ки мехост, ворид мешуд ва аз ӯ чизе талаб мекард ва Ҳотам ато мекард.

Бародараш хост дар он макон биншинад ва худро мисли Ҳотам нишон бидиҳад. Модараш гуфт: “Ту наметавонӣ ҷойи бародаратро бигирӣ, беҳуда худро ба заҳмат наяндоз”.

Бародари Ҳотам таваҷҷуҳе накард. Модараш барои исботи ҳарфаш либоси куҳнае пӯшид ва ба таври ношинос назди писараш омад ва чизе хост, вақте гирифт аз дари дигаре руҷӯъ кард ва боз чизе талабид. Бародари Ҳотам гуфт: “Ту ду бор гирифтӣ ва боз ҳам мехоҳӣ? Аҷаб гадои берӯе ҳастӣ!”

Модараш чеҳраи худро ошкор кард ва гуфт:

– Нагуфтам ту Ҳотам шуда наметавонӣ? Ман як рӯз ҳафтод бор аз бародарат ба ҳамин шакл чизе хостам ва ӯ ҳар боре бо чеҳраи хандон бароям чизеро медод.

«Бузургон сохта намешаванд, зода мешаванд».

Таҳияи Фаришта.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: