ШИФОИ ТАБСАНҶ

Аз дидаву шунидаҳо

Дар миёни солҳои 60-уми асри гузашта дар деҳаи Чодак соҳаи тиб низ ҳанӯз он қадар ривоҷ наёфта буд. Ба аҳолӣ 1-2 нафар духтур, 3-4 нафар фелдшер ё ҳамшира хидмат мекарданд. Ба шифохонаи хурдакак, ки дар қисми болои деҳа ҷойгир буд, куҳансолон кам меомаданд. Зеро онҳо муроҷиатро ба «киначӣ», фолбин, гиёҳдармониву табибон афзал медонистанд.

Сардухтури онвақтаи шифохона шодравон Абдурасулхон Эшонхонов, ки каме пештар Институти давлатии тиббии Андиҷонро хатм карда омада буд, боре ҳодисаи зеринро ба мо нақл кард:

— Рӯзе мӯйсафеди шинос, ки хонааш аз шифохона дур набуд, бо дарди сар ба ҳузури ман омад. Ман барои санҷиши гармӣ табсанҷро ба зери каши ӯ гузоштам. Ин вақт хабар расид, ки дар ағбаи Камчиқ садамаи автомобилӣ рӯй додаасту бояд зуд ба он ҷо равам. Ман ҳамроҳи 2 нафар ходими тиб ба ҷойи садама омада, ба шикастдидагон ёрӣ расондем. Захмиҳои вазнинро ба шифохонаи марказии ноҳияи Поп фиристодем.

Пагоҳӣ чун ҳаррӯза бо кори худ машғул будам. Дарро оҳиста кӯфта, бо рухсат мӯйсафед – бемори дирӯза даромада, ба курсӣ нишаст. Ман бо ӯ ҳолпурсӣ кардам, шикояти дирӯзаи ӯро фаромӯш накарда будам.

— Раҳмат, духтур, раҳмат, ба шумо, доруи дирӯзаатон ману кампирамро сиҳҳат кард, — гӯён дасти дуо бардошт.

Ман ҳайрон мондам, ки ба ӯ чӣ хел дору дода бошам. Дар ёдам набуд. Ин вақт вай аз зери кашаш табсанҷи дирӯзаро бароварда ба ман дод:

— Ману кампир бо навбат ин «дору»-ро ба зери бағал монда сиҳҳат шудем.

***

Пӯлод Ҳамдам хабарнигори рӯзномаҳои «Правда Востока» ва «Учител Узбекистана» дар вилояти Намангон буд. Бо тавсияи садорати таълими халқи ин вилоят барои бачагон ва хонандагон рӯзномаи «Болалар дунёси»-ро таъсис дода, чанд сол ҳамчун муҳаррири он фаъолият бурд. Ӯ вақте ба ноҳияи мо — Поп меомад (солҳои 2007 — 2020), ба мани он айём ходими шуъбаи таълими халқи ноҳия, инчунин масъули корҳои маънавӣ ва обуна воқеаҳои аҷибро нақл мекард. Ин ду ҳикояи зер низ аз ҷумлаи онҳост.

«Ин ҳамон писарат-а?»

— Падарам Адҳам Ҳамдами ҳаҷвнавис дар бисёр нашрияҳои даврӣ кор мекард. Дар журнали «Муштум» ва ғайра мақолаҳои таъсирбахш менавишт. Ӯро ҳамкасбонаш «Афандии Водӣ» ном мебурданд, дӯст медоштанд.

Вақте ки падарам дар шаҳри Самарқанд кор мекард, модари ҳомилаамро лозим меояд ба таваллудхона баранд. Падарам зуд ба ҳузури нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки дар Самарқанд кору зиндагӣ мекард, меравад.  Устод аз тарафи ҳукумат бо автомобили сабукрави «Победа» мукофотонида шуда, яъне соҳибмошин буд. Падарам вазъиятро фаҳмонида, аз устод мошин мепурсад. Адиби машҳур каме ба сукут рафта, пас гуфтааст:

— Чӣ ҳам мегуфтам, хуб, фақат эҳтиёт шавед.

... Ман таваллуд шудаам. Падарам ҳангоми аз шифохона баргаштан мошинро ба куҷое мезанад.

Хонаи адиби номдор дар маркази шаҳр — наздикии Регистон буд. Мо бо падар чандин бор бо вай вохӯрдем. Дар ҳар вохӯрӣ устод ҳамон шикасти мошинро ба ёд оварда, аз падарам мепурсид: «Ин ҳамон писарат-а?»

Овора нашавед

– Падарам Адҳам Ҳамдамро ҳамсафонашон ҳамчун адиби ширинкор эҳтиром мекарданд. Аз ҳазлу мутоибаҳои ӯ завқ бурда, ба шавқ меомаданд.

Он солҳо мо дар Қӯқанд зиндагӣ доштем. Ба хонаамон дӯстони падарам тез-тез омада, дар атрофи дасторхон, сари як пиёла чой суҳбат мекарданд. Падарам ҳам бо онҳо рафтуомад дошт.

Ҷавон будам, яке аз дӯстони падарам маро ба канор кашида, нақл кард:

– Ҳазл ҳам бо роҳу меъёраш-дия. Падарат мо, 3-4 касро рӯзе ба сайри шаҳр бурда, пешниҳод кард:

– Ҳозир ба ҷое меравем. Баъд афсӯс намехӯред.

Мо ҳайрон монда, розӣ шудем. Мошин ба пеши қабристоне рафта, истод. Фикр кардем, ба зиёрати қабри ягон наздикаш омадем. Хуб, ба хайр.

Аз байни қабрҳо гузашта, ба ҷое омада, аз ҳайрат ба якдигар назар андохтем. Он ҷое, ки атрофаш бо панҷара иҳота карда шуда буду рӯяш ҳамвор ва ба гӯр монанд набуд.

– Узр, дӯстон, – гуфт падарат, – ин дар сари ҳар банда ҳаст. Ман ҳам вафот кунам, барои зиёрат қабрамро ҷустуҷӯ намекунед. Овора нашавед. Аз пеш ман ин ҷоро барои қабри худ тайёр карда мондам.

Шуҳрат ИНЪОМОВ,

журналисти собиқадор.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: