Ҷамъомади навбатии ҳисоботии шӯро аввали феврали соли равон баргузор шуда буд. Дар он роқими ин сатрҳо, нависандаи ҷавон Фаридуни Фарҳодзод ва узви Иттифоқи нависандагон Асадулло Шукуров доир ба вазъи назм, наср, тарҷума ва публитсистикаи ҳавза дар тӯли соли 2024 баромад карданд.
Имрӯз созмонеро, ки аҳли қалам – шоиру нависандагон ва ноқидонро сарҷамъ месозад, Иттифоқи нависандагон меноманд, ки дар таърихи адабиёти мо бесобиқа нест. Аҳли адаби мо дар гузаштаҳои дуру наздик, ба хотири рушди адабиёт, дар маҳфилҳои адабӣ гирди ҳам меомадаанд. Фикр мекунам, маҳфилҳои адабии аҷдод дар парвариши истеъдодҳои ҷавон ва рушди адабиёт дар ҳамаи давру замон саҳмгузор будааст. Дар дарбори шоҳону амирон низ бо иштироки суханварон маҳфилҳои адабӣ баргузор мешуд. Пеши назар оваред маҳфилҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоиро. Ҳар ду дар тарбияи истеъдодҳои нодири тоҷику ӯзбек саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар охири садаи ХIХ чароғи чунин як маҳфили адабӣ дар Самарқанд бо иштироки шоири боистеъдоди тоҷик Нақибхон Туғрал ва аҳли адаби ин марзу бум фурӯзон буд. Маликушшуарои дарбори Сомониён – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташкили маҳфилҳо нақши бориз доштааст...
Маҳфили адабие, ки дар ибтидои садаи ХХ таҳти роҳбарии устод Айнӣ дар Самарқанд фаъолият дошт, дар парвариши истеъдодҳои ҷавони ӯзбеку тоҷик ва рушди адабиёти навини ду халқ нақши назаррас гузоштааст.
Дар қарни ХХ дертар бори ин рисолат бар дӯши иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузошта шуд.
Дар тӯли чанд даҳсолаи қарни сипаригардида дар Ӯзбекистони кунунӣ адибони тоҷик, ба мисли Абдулкарими Сипандӣ, Саидаҳмади Васлӣ, Абдулғании Ҷавдат, Қорӣ Масеҳои Тамҳид, Наберахоҷаи Хилъат, Аминҷон Шукуров, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Болта Ортиқов, Салим Кенҷа, Садрӣ Саъдиев, Ҳамроқул Даврон, Ҷонибек Қувноқ, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Акбар Пирӯзӣ, Ҳадя Раҷабова, Сулаймон Хоҷаназар, Маҳбуба Неъматзода, Бекназар Тӯйназаров, Маҳбуба Турсунова, Нормурод Каримзода, Бахтиёри Ҷумъа, Нодир Нодирӣ, Шодӣ Карим, Абдулло Раҳмон, Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммад Шодӣ, Ҷаъфар Муҳаммад, Юнуси Имомназар, Асадуллоҳ Исмоилзода, Хоҷа, Дилшоди Фарҳодзод, Парисо, Хусрави Саъдуллоҳ, Фаридуни Фарҳодзод ва дигарон бо эҷоди асарҳои бадеӣ сарукор доштанду доранд. Вале созмоне ё маҳфили фарогире набуд, ки онҳоро сарҷамъ созад, ба рушди истеъдодашон мусоидат намояд.
Солҳои бозсозӣ бори нахуст таҳти роҳбарии устод Ҷонибек Қувноқ дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Шӯрои адабиёти тоҷик таъсис ёфт. Ин падидаро аҳли илму адаб ва зиёиёни тоҷик хуш пазируфтанд. Баъд аз даргузашти устод Ҷонибек шӯроро як муддат доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ роҳбарӣ кард. Дар ин миён чанде аз шоиру нависандагони тоҷик ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд. Вале ба сабабҳои номаълум фаъолияти Шӯрои адабиёти тоҷик як муддат қатъ гардид.
Инак, ба туфайли ғамхориҳои Президент муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои аҳли илму адаби тоҷик низ имконияти васеъ фароҳам оварда шуд. Корҳо дар ҳама самт рӯ ба беҳбудӣ ниҳоданд. Аз ҷумла, ду сол аст, ки Шӯрои адабиёти тоҷик таҳти роҳбарии шоир, доктори фалсафа оид ба илмҳои филология Хусрави Саъдуллоҳ дар назди Иттифоқи нависандагон фаъолият дорад.
Бо пешниҳод ва дастгирии Иттифоқи нависандагон аъзои Иттифоқи нависандагон Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) ба мукофоти давлатӣ пешниҳод гардид, «Девон»-и шоир нашр шуд, инчунин китоби узви Шӯрои адабиёти тоҷик – Муҳаммад Шодӣ таҳти номи «Ояти сабз» бо теъдоди зиёд рӯйи чопро дид. Барилова, ҳамасола ҷамъомади ҳисоботии Шӯрои адабиёти тоҷик баргузор мешавад.
Боиси эътироф аст, ки солҳои охир дар ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон теъдоди бонувони эҷодкор низ рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ду соли охир Маҳбуба Неъматзода, Маҳбуба Турсунова, Ҳадя Раҷабова, Дилошӯб (Ӯғилой Ҷӯрабоева), Саодат Рӯзиева (Бекназарова), Саодат Сангинова, Малика Ҷумъазода, Маъсумаи Бобокалон, Мадина Эҳё китобҳои худро ба ҳаводорони насру назм пешниҳод намуданд.
Ҷамъомади навбатии ҳисоботии шӯро аввали феврали соли равон баргузор шуда буд. Дар он роқими ин сатрҳо, нависандаи ҷавон Фаридуни Фарҳодзод ва узви Иттифоқи нависандагон Асадулло Шукуров доир ба вазъи назм, наср, тарҷума ва публитсистикаи ҳавза дар тӯли соли 2024 баромад карданд.
Таъкид намуданд, ки аз ҳисобот то ҳисобот вазъи назм, наср, тарҷума ва публитсистика қаноатбахш буд. Метавон гуфт, ки дар Ӯзбекистони кунунӣ ҳавзаи адабие бо номи ҳавзаи адабиёти тоҷик ташаккул ёфтааст. Маҷмӯаҳои шеърии «Даҳ пурсишу даҳ посух»-и Паймон, «Қасидаи Ватан» ва «Манзараи Обишир»-и Муҳаммад Шодӣ, ҷилди якуми «Куллиёт»-и Абдулло Раҳмон, «Ақли бунафш»-и Ҷаъфар Муҳаммад, «Дилрӯшноӣ»-и Фозил Шукурӣ, «Фарди фардо»-и Расулбеки Аҳмадзод, «Садои ошно»-и Дилошӯб дар нашриётҳои мухталиф ба дасти чоп расиданд. Ба ҷуз ин, дар тӯли сол рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва фаслномаи «Дурдонаи Шарқ» хонандагонро бо намунаҳои назму насри Нормурод Каримзода, Маҳбуба Неъматзода, Абдулло Раҳмон, Паймон, Муҳаммад Шодӣ, Ҷаъфар Муҳаммад, Хоҷа, Илҳоми Насафӣ, Расулбеки Аҳмадзод, Хусрави Саъдуллоҳ, Ӯлмас Ҷамол (дар тарҷумаи Асадуллоҳ Исмоилзода), Дилошӯб, Фозил Шукурӣ, Дилрабо Насимӣ, Саодат Рӯзиева, Саодат Сангинова, Далершоҳ Неъматов, Лутфияи Бухороӣ... ва шеъри ҳамзабонони хориҷӣ ошно намуданд.
Қайд гардид, ки дар бахши тарҷума ва публитсистика низ пешравиҳо буд. Аз адабиёти ӯзбек ҳикояи «Лаззати дард»-и Назар Эшонқул (тарҷумаи Фаридуни Фарҳодзод), шеърҳои Хосият Бобомуродова (тарҷумаи Асадуллоҳ Исмоилзода), Умеда Абдуазимова (тарҷумаи Паймон), Фарида Афрӯз (тарҷумаи Муҳаммад Шодӣ) дар фаслномаи «Дурдонаи Шарқ» рӯйи чопро диданд.
Намунаҳои насру назми адибони ӯзбек дар шакли китоб низ ба хонандагони тоҷик пешниҳод гардид. Гулчини насри нависандагони ӯзбек дар тарҷумаи нависанда Юнуси Имомназар зери номи «Хирмани сухан» (ҷилдҳои 2 ва 3), китоби Ӯткур Ҳошимов – «Барнамегардад баҳор» дар тарҷумаи Насиба Зайниддинова аз он ҷумлаанд.
Дар тӯли соли сипаригардида дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», «Сариосиё», «Садои Сӯх», «Субҳи Гулобод» ва фаслномаи «Дурдонаи Шарқ» матолиби зиёди публитсистӣ рӯйи чопро диданд, ки мавзӯъҳои муҳими рӯзро дар бар гирифта буданд. Дар силсиламақолаҳое, ки «Ба истиқболи 100-солагии «Овози тоҷик» дар давоми сол дар нашрияҳои мазкур чоп шуданд, бисёр паҳлуҳои норӯшани таърих ошкор гардид.
Осори зиёди публитсистӣ дар шакли китоб низ ба дасти хонандагон расид. Маҳками Ҷаъфар доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии шоир Абдулло Раҳмон китоберо таҳти номи «Абадзинда» чоп кард, Олим Панҷизода бахшида ба 70-солагии шоири зиндаёд Шодӣ Карим китоби бузургҳаҷмеро бо номи «Фариштаҳо, дуо кунед» ба дасти чоп дод.
Очерку қисса ва мақолаҳои нависанда Бахтиёри Ҷумъа бо номи «Азизони дил», эссеву очеркҳои таърихии Нуралӣ Раҷаб таҳти номи «Дар кӯйи некномӣ» ва доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодии ҷадидони Самарқанд ҷилди якуми китоби Ҳамза Ҷӯра таҳти унвони «Ҷадидони Самарқанд» рӯйи чопро диданд. Китоби пурмуҳтавое бахшида ба 100-умин солгарди рӯзномаи «Овози тоҷик» дар арафаи чоп аст.
Фикр мекунам, ҳадаф аз таъсиси Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон таҳкими дӯстии халқҳо, рушди забон, адабиёт ва фарҳанги қавми таҳҷоие бо номи тоҷик дар ин марзу бум аст. Дар иртибот ба ин рисолат чанд пешниҳод доштам.
Пӯшида нест, ки ҳоло теъдоди нашриётҳои хусусӣ ба маротиб афзудааст ва онҳо пурра бо ҳисоби хоҷагӣ фаъолият доранд. Биноан, гоҳе тавассути нашриётҳои хусусӣ китобҳои сифаташон паст рӯйи чопро мебинанд, ки завқи бадеии хонандаро коҳиш медиҳанд, ӯро аз адабиёти асил дур месозанд... Агар китобҳои бадеӣ бино ба тавсияи Шӯро чоп мешуданд, пеши роҳи ин ҳодисаи номатлуб гирифта мешуд.
Дар майдони наср нависандагони боистеъдоде, мисли Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, зӯри қалам меозмоянд. Чунин адибон шояд дар дигар минтақаҳо низ кору эҷод мекунанд. Мо бояд ба дарёфт ва қабули онҳо ба узвияти Иттифоқи нависандагон ғамхорӣ зоҳир намоем...
Бо назардошти тарғиби адабиёти бадеӣ ва таҳким бахшидани ҳамдиливу ҳамфикрӣ дар телеграм шабакаи «Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон» таъсис ёфтааст. Дар он мунтазам гузоштани шеъру ҳикояҳои нависандагон (дар шакли матн ва сабтӣ), матолиби қобили омӯзиш барои эҷодкорони ҷавон судбахш хоҳад буд.
Роҳандозии таҷрибаи тарҷумаи асарҳои эҷодкорони тоҷик ба забони ӯзбекӣ, эълони онҳо дар нашрияҳои чопии мамлакат низ ба манфиати кор аст.
Қабл аз ба нашриёт супурдан дар Шӯрои адабиёти тоҷик мавриди муҳокима қарор додани осори адибони шинохта ва ҷавон суди зиёде дар пай дорад.
Бояд ёдрас намуд, ки дар ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон нақди адабӣ вазъи начандон хуб дорад. Агар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ»-ро варақ занем, мақолаи интиқодиеро, ки сараро аз носара ҷудо карда бошад, пайдо карда наметавонем. Баъзе мақолаҳои бо номи нақди адабӣ чопшуда қолаби маъмулӣ доранд: тарҷумаи ҳол, баёни мухтасари мавзӯъ ва мундариҷаи китоб, чанд ҷумлаи тавсифӣ дар таърифи асар ва эътирофи маҳорати эҷодкор. Умед аст, ки адабиётшиносони мо ба ин кори хайр камари ҳиммат мебанданд.
Чанд сол аст, ки омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ аз кам ё набудани китобҳои бадеии тоҷикӣ шиква доранд. Фикр мекунам, чопи китобҳои дастҷамъӣ ё тазкираи шоиру нависандагони тоҷики Ӯзбекистон бо тавсияи Шӯро, дастгирии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Вазорати таълими Ӯзбекистон ин холигоҳро пур мекунад.
Мо бар онем, ки ташкили вохӯрии шоиру нависандагони тоҷик бо шогирдони мактабҳои таълими ҳамагонӣ, гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими олӣ низ ба ғановати маънавияти насли ҷавон ва рушди адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон мусоидат менамояд.
Абдулло Субҳон,
муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик», узви Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.