АГАР ОН ГАНҶИ ГАРОН МЕТАЛАБӢ, РАНҶ БИБАР...

Дар арафаи Иди байналхалқии бонувон узви гурӯҳи фолклории «Мероси тиллоӣ», роҳбари маҳфили варзишии «Бонувони варзишгар», момои 82-сола Ҳабиба Мирзоева бино ба фармони Президент бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шуд.

Хабари хуш

Дар арафаи Иди байналхалқии бонувон узви гурӯҳи фолклории «Мероси тиллоӣ», роҳбари маҳфили варзишии «Бонувони варзишгар», момои 82-сола Ҳабиба Мирзоева бино ба фармони Президент бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шуд ва ин муваффақият боиси ифтихор ва хурсандии сирдарёиён гардид.

Вақте ба момои Ҳабиба занг задем, вай изҳор намуд: «Хоҳарҷон, ҳоло бо велосипед аз роҳи калон гузашта истодаам, сонитар гап мезанем». Баъди ягон даҳ дақиқа бо ӯ дар тамос шудем.

Момои Ҳабиба лаҳзаҳои мукофотгирӣ, суҳбати рӯ ба рӯ бо роҳбари давлат, дуоҳои неки дар ҳаққи Президент ва халқи Ӯзбекистон кардаашро бо як ҳаяҷону ифтихор нақл кард.

– Ҳамон рӯз саҳарӣ набераҳоям Сироҷиддину Гулрухсор аз хориҷ занг зада, маро бо мукофот табрик намуданд. Замонаамонро бинед-а, чор сӯйи дунё як қадам шуда монд. Аз хурсандӣ дар куртаам нағунҷидам. То ҳол аз гӯшаю канори кишвар дӯстон, ҳамсолон, хешу пайвандон занг зада маро табрик мегӯянд. Шукри Худо, дидани камоли фарзандону набераву абераҳо насиб гардид, – гуфт момо.

Бонувони варзишгар

Воқеан, велосипедронии момо дар ин синну сол моро дар ҳайрат гузошт.

– Занони мавзеи мо ба тарзи ҳаёти солим риоя мекунанд. Бо се-чор нафар ҳамсолонам маслиҳат карда, гурӯҳи «Бонувони варзишгар»-ро созмон додем. Субҳи ҳар рӯз бо велосипед кӯчаҳои деҳаро давр мезанем, ба ин баҳона баъзан аз ҳоли дугонаҳои бемор, маъюбу маълӯлон хабар мегирем, бо онҳо суҳбат карда, дилашонро мебардорем, – мегӯяд бонуи варзишгар. – Дар оғози кор ин ташаббуси маро занҳои деҳа дастгирӣ накарданд. «Занони солхӯрда дар кӯчаҳои деҳа велосипед ронанд, айб аст», – гуфтанд. Имрӯз дар сафи мо 12 нафар зани солхӯрда ва 23 нафари аз 50 сола боло ҳастанд. Аз дигар маҳаллаҳо ҳам омада, ба сафи мо ҳамроҳ мешаванд. Ҳар рӯз беш аз 4-5 километр роҳро тай менамоем. Варзиш гарави саломатӣ буданашро ҳама дарк карда истодаанд. Баъди велосипедронӣ худро бардам ва хушҳол ҳис мекунам. Мо либоси махсус низ дорем, ки дар он «Бонуҳои варзишгар» навишта шудааст. Футболкаҳои варзишии моро соҳибкор Зулайхо Қарабоева ва шогирдони ӯ дӯхтаанд.

Вақте онҳо аз кӯчаҳои деҳа мегузаранд, роҳгузарҳо бо як табассуми самимона мегӯянд: «Ба картежи велосипедронон роҳ диҳед!» Аҳли маҳаллаи «Аҳиллӣ»-и ноҳияи Сайҳунобод бо момоҳои варзишгар фахр мекунанд.

Дастаи фолклории «Мероси тиллоӣ»

Момоёни варзишгар барои пурмазмун гузарондани вақти худ боз ба кори хайре даст задаанд.

– Дар ин синну сол хонашинӣ ҳам одамро дилтанг мекунад. Занони эҷодкор, лапархону ҳофиз ва доиразанҳоро дар як ҷо ҷамъ карда, дастаи фолклории «Мероси тиллоӣ»-ро ташкил додем. Тӯйҳои арӯсӣ, давраву нишастҳои занонро бо суруду тарона, лапарҳои халқӣ ва арғуштравиҳои худ гарм месозем. Охир, сурудҳои халқиро, ки яке аз жанрҳои қадимаи фолклори тоҷик буда, миёни мардум бо номҳои шеър, суруд, тарона, бадеҳа, ғазал, рубоӣ, нақшхонӣ маълуму машҳур аст, ба ҷавонон – насли оянда тарғиб накунем, фаромӯш мешаванд. Фолклори халқи тоҷик пур аз панд аст, шахсро ба роҳи рост, некию хайру саховат, меҳнатдӯстӣ, бародарию меҳру оқибат даъват менамоянд, – иброз намуд момо.

Дастаи ҳунарӣ аллакай шуҳратёр гаштааст. Онҳоро ба иду ҷашнҳои натанҳо вилояти Сирдарё, балки миқёси ҷумҳурӣ ва пойтахт низ даъват менамоянд.

Репертуари онҳо аз суруду тарона, чистону зарбулмасал, мақол ва лапарҳои халқии тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва қароқалпоқӣ иборат аст.

Момо лабчанг ва доираро бо маҳорат менавозад. Дар зери оҳанги созҳои миллӣ лапару тарона мехонад. Ҳангоми арӯсбарорӣ аз хонаи падар чунин сатрҳо ба фазо бол мекушоянд:

Барор, бароред келина, тезтар бароред, келина,

Келин мерад молаш катӣ, амлоку рӯзгораш катӣ.

Келин овардем сой катӣ, аспи сафеди бой катӣ,

Кафшои пӯпакдор катӣ, куртаи гули нор катӣ...

Назаре ба рӯзгори гузаштаи момо

Апаи Ҳабиба дар деҳаи Синтаби ноҳияи Нуратои Навоӣ дар оилаи деҳқон дида ба дунё кушодааст. Баъд аз хатми мактаби деҳа бо хоҳиши падару модар ба омӯзишгоҳи тиббии Сирдарё дохил мешавад. Фаъолияти тиббии худро дар бахши таваллудгоҳи шифохонаи ноҳияи Сайҳунобод оғоз менамояд. Ӯро ба сифати момодояи дасташ сабук аксарият мешиносанд.

Бо ҳамдеҳаи худ Файзулло Азизов оила барпо намуда, соҳиби чор писар – Азиз, Алиҷон, Акбар ва Анвар гардиданд. Писарҳо бо тарбияи хуб ба воя расиданд, дар муассисаҳои таълими олӣ таҳсил гирифтанд ва ҳоло ҳар яке соҳиби оила ва мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.

Дар паси чамбараки трактор

Апаи Ҳабиба яке аз занони тракторрони собиқ ба шумор меравад. Пешаи шифокориро ба таракторронӣ иваз карда, дар гармои тобистон ва сармои зимистон дар саҳро меҳнат кард. Қариб 20 сол дар паси чамбараки трактор нишаст. Бо ҳамсари худ паҳлу ба паҳлу истода, шурӯъ аз ҳамвор кардани замин, кишти пунбадона то ҷамъоварии ҳосил мардонавор кор кард, бо трактор тонна-тонна пахта чид. Меҳнати машаққатноки ӯро ҳукумати ҷумҳурӣ муносиб қадр намуд, сари синаи ӯро ордену медалҳо зеб доданд, дар анҷуманҳои байналхалқӣ иштирок кард. Хонаву ҷо, боғу чорбоғ, автомобил ва дигар даромади зиндагиашро, ки бо меҳнати ҳалол ба даст оварда буд, ба тарбияву хонондани фарзандон, тӯю хурсандиҳои оила сарф кард.

Имрӯз пирони рӯзгордида дар ҳалқаи фарзандон – 18 набера ва 8 абера давлати пирӣ меронанд. Се нафар набераи онҳо дар муассисаҳои олии хориҷӣ таҳсили худро идома медиҳанд.

Оре, чунин як модари зиндагияш ибратпазир ба туфайли хидмату хислати инсониаш сазовори эътибору эҳтироми мардум гардидааст.

Дар қароргоҳи «Кӯксарой» аз дасти роҳбари давлат гирифтани ордени «Дӯстлик» фахри на танҳо як бонуи тоҷик, балки тамоми тоҷикони ҷумҳурӣ мебошад.

Рукниддини Авҳадӣ бар ҳақ фармудааст:

Агар он ганҷи гарон металабӣ, ранҷ бибар,

Гул мапиндор, ки бе заҳмати хоре бошад.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».               

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: