Дар Ӯзбекистон ба оилаҳои камбизоат як қисми пардохтҳои барқ ва газ ҷуброн карда мешавад

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагии дастгирии давлатии аҳолии ниёзманд ҳангоми ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика» (ҚП-134 аз 02.04.2025) қабул шуд.

Тибқи қарори мазкур, аз 1 майи соли 2025 то 1 апрели соли 2027 ба оилаҳое, ки кумакпулии кӯдакон ва ёрии моддиро тавассути низоми иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» мегиранд ва ба Феҳристи оилаҳои камбизоат (Феҳристҳо) шомиланд, инчунин ба оилаҳое, ки ба Феҳристҳо дохил нестанд, аммо мутобиқи вазъи моддии худ ба меъёрҳои оилаҳои камбизоат мутобиқ мебошанд ва даромади миёнаи ҳар сари аҳолӣ дар онҳо аз 1,5 баробари хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолӣ зиёд нест, ҷубронпулӣ дода мешавад:

барои истеъмоли барқ – аз меъёри асосӣ то 150 кВт/соат дар як моҳ;

барои истеъмоли гази табиӣ – барои қисмати истифодашудаи зиёда аз меъёри асосӣ дар мавсими гармидиҳӣ то 250 метри мукааб дар як моҳ ва дар дигар давраҳо то 150 метри мукааб дар як моҳ. Дар ин ҳолат, фарқияти байни нархҳо дар доираи меъёри асосӣ ва нархҳои аз меъёри асосӣ зиёд ҷуброн карда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: