ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГИИ ҲАМДИГАРРО ЭЪТИРОФ КАРДАНД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаеро имзо кардаанд, ки тибқи он шаҳодатномаи ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд.

Дар ин бора Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо истинод ба пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба маълумоти манбаъ, тибқи ин созишнома, шаҳрвандони давлатҳои Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳангоми будубош дар кишварҳои ҳамдигар ҳақ доранд бе супоридани имтиҳон шаҳодатномаи ронандагии худро иваз кунанд.

Вале як шарт ҳаст, ки шаҳрвандони ду кишвар бояд ҳуҷҷати ронандагии худро бо тарҷумаи забони давлатӣ ё русӣ пешниҳод кунанд.

“Дар сурати пайдо шудани шубҳаи марбут ба дурустӣ ё аслӣ будани шаҳодатномаи ронандагӣ, ки барои иваз кардан пешниҳод шудааст, мақомоти салоҳиятдори анҷомдиҳандаи ивазкунӣ метавонад ба мақомоти салоҳиятдори тарафи дигар барои тафтиши аслӣ будан ё дуруст будани шаҳодатномаи ронандагӣ муроҷиат намояд”, - гуфта шудааст дар ин санад.

Ин созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 11-уми март имзо карда, онро бояд ҳукумати Тоҷикистон ва девони вазирони Қирғизистон ба имзо расонад.

Ҷониби Қирғизистон дар ин бора ҳоло расман иттилоъ надодааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: