Рӯзи ҳазлу мутоиба дар Бухоро баргузор гардидани фестивали «Насриддин Афандӣ» ва «Таомҳои Шарқ» ранги анъанаро гирифтааст.
Ин тадбири дилкаши рӯзҳои наврӯзӣ имсол низ дар самти шаҳри кӯҳна бо шукӯҳ ва ҷозибаи ба худ хос ба амал омад.
Аз субҳи содиқ то шом дар маҷмӯи «Лаби ҳавз» – аз мадрасаи Нодир Девонбегӣ то мадрасаи Гавкушон дар доираи барномаи ҷашнвора чорабиниҳои гуногуни дилрабо: баромади хушгӯён, барномаи консертии дастаҳои ҳунарии фолклорӣ, озмуни «Таомҳои Шарқ», дасторхони идона, ярмаркаи хӯрокҳои гуногун, аз ҷумла «Оши софӣ», намоиши асарҳои санъати амалию бадеӣ, озмуни тасвирҳои ҳаҷвӣ ва ғайра сурат гирифта, ба дили меҳмонону мизбонони шаҳри бостонӣ кайфияти идона бахшид.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.