«МАНАМ, СОҲИБҚИРОН – ҶАҲОНГИР ТЕМУР»

Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ бахшида ба 689-солагии Соҳибқирон, арбоби давлатӣ, саркардаи бузург Амир Темур чорабинии маънавӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ба донишҷӯю донишомӯзон дар бораи нақши Темур ва сулолаи Темуриён дар тамаддуни ҷаҳонӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Эътироф гардид, ниёи мо Соҳибқирон дар ҷаҳон ба салтанати бузурге асос гузоштааст, ки дар ҷаҳон назир надорад. Бо бисёр мамлакатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатии мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.

Таърихшиносон таъкид мекунанд, ки Амир Темур бар пояи тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ, ободӣ, ростӣ ва илму маърифат салтанати бузургро идора карда, дар ҷаҳон ҳамчун сарпарасти фарҳангу санъат, меъморӣ, ҳунармандӣ ва умуман, маърифату некӣ шуҳрат пайдо кардааст. Маҳз дар замони ҳукмдории Амир Темур ва Темуриён илму фан рушд кард. Дар ҷаҳон боиси бозёфт ва тадқиқотҳои зиёди илмӣ гардид.

– Саркардаи бузург ва арбоби давлатӣ ба мо мероси бебаҳо гузоштааст, ки осори адабӣ, «Тузукоти Темур» – дар бораи идораи давлатӣ, инчунин, дурдонаҳои нодири шаҳрсозӣ ва шоҳасарҳои меъмории бостонӣ, ки дар таърихи ҷаҳон сабт шудаанд, аз ин ҷумлаанд, – гуфт шоир, тарғибгари маънавият Гулчеҳра Шаҳобиддин қизи. – Омӯзиши ҳаматарафаи даврони Темур ва Темуриён барои ҷавонони Ӯзбекистони Нав бениҳоят муҳим аст. Онҳо бояд донанд, ки вориси чӣ гуна бузургон ҳастанд ва дар ин замина дониш, таҷриба ва ғайрати худро баҳри ободии Ватан равона созанд.

Дар чорабинии маърифатӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Соҳибқирон Амир Темур, нақш ва аҳамияти ӯ дар таърих, мавқеи салтанати Темуриён дар арсаи ҷаҳонӣ маълумот дода шуд.

Дар идомаи чорабинӣ, ки низомиёни Гвардияи миллӣ, хонанда ва донишҷӯён иштирок намуданд, оид ба ҳаёти Соҳибқирон викторинаи эҷодию маърифатӣ гузаронида шуд. Саҳнаҳо намоиш дода шуд.

Назокат УСМОНОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: