Он рӯз деҳаи зебоманзари Бурҷимулло аз ҳарвақта боз ҳам зеботар буд. Аҳли ҷамоа баъди моҳи мубораки Рамазон – рӯзи дуюми иди саиди Фитр ба ҷашн гирифтани Наврӯзи оламафрӯз омодагӣ медиданд.
Биҳишти даҳр агар хоҳӣ ҳамебин Бурҷимуллоро,
Ҷамоли як гулистони қашангу оламороро.
Он рӯз деҳаи зебоманзари Бурҷимулло аз ҳарвақта боз ҳам зеботар буд. Аҳли ҷамоа баъди моҳи мубораки Рамазон – рӯзи дуюми иди саиди Фитр ба ҷашн гирифтани Наврӯзи оламафрӯз омодагӣ медиданд. Хушхабари мулоқоти сарварони се давлат – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба масъалаҳои субот ва рушди устувор, баланд бардоштани нуфузи байналмилалии минтақа, алалхусус имзои Шартнома оид ба кушодани сарҳади давлатӣ ва ба ин муносибат ифтитоҳи расмии стеллаи «Дӯстӣ» дар паҳное, ки ин се кишвари ҳамсояро ба ҳам мепайвандад, паҳн гашт.
Иди Наврӯз ба иди дӯстиву рафоқат табдил ёфт. Гузари деҳаро плакатҳо бо навиштаҳои «Неруи мо дар ягонагӣ ва ҳамҷиҳатӣ», «Дӯстии халқҳо поянда бод!», «Ояндаи кишварро бо ҳам месозем» оро медод. Садои карнаю сурнай аҳли деҳаро ба чорабинӣ даъват намуд. Меҳмонон, бошандагони маҳаллаҳо бо либоси хоси миллӣ ва идона гирди дасторхони наврӯзӣ ҷамъ омаданд. Намояндагони ҳокимияти вилоят ва ноҳия, маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ оиди дӯстии халқҳо, муштаракоти урфу одатҳои мардуми сермиллати ноҳияи Бӯстонлиқ, ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президент Ш. Мирзиёев барои манфиати халқ амалӣ мешавад, сухан карданд. Баромадҳои намояндагони маркази маънавият ва маърифат ба барномаҳои идона шукӯҳи тоза зам намуд. Ҳунарпешагон, дастаҳои фолклорӣ аз намунаҳои эҷодиёти миллатҳои гуногун иҷро карда, ба дили иштирокчиён фараҳ бахшиданд.
– Аз 4179 нафар аҳолии деҳа 60 нафарашон ӯзбек, 21-қирғиз, 4-тотор, 3 нафарӣ русу қазоқ ва боқимондаро тоҷикон ташкил медиҳанд, – гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси маҳалла Бахтинисо Тошматова. – Урфу одат, маросимҳо бо ҳамҷиҳатӣ мегузаранд. Дар тантанаи идона ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 40 ба роҳбарии Рисқӣ Раҳимова, бошандагони кӯчаҳои Бурҷимулло, Обираҳмат, Академикҳо ва Меҳрнури бо таомҳои миллӣ фаъол иштирок карданд.
Боз як ҷиҳати ҷолиби диққат он буд, ки дар қатори катҳое, ки барои меҳмонон гузоштаанд, як-ду юртаи бародарони қазоқу қирғиз гузошта шуд. Дар атрофи он намояндагони миллатҳо бо танинандозии сурудҳои миллӣ рақсу хурсандӣ карданд.
Ёд дорам, даври хурдсолӣ ба хонадони мо дар Бурҷимулло амаки Ӯринбой (миллаташон қирғиз) меомаданд. Манзили он кас воқеъ дар мавзеи Палтов (6-7 км. дуртар аз қишлоқи мо) буд. Баъзан духтари хурдиашон – Кенҷагулро ҳамроҳ меоварданд. Азбаски ҳамсоли ман буд, бо ҳам бозӣ мекардем. Гап намезадем. Чунки забони якдигарро намедонистем. Сонитар дугона шудем, чанд бор ба хонаи онҳо рафтам, бо ҳам бо забони ӯзбекиву русӣ мушоират мекардем. Имрӯзҳо фарзандону наберагони Ӯринбойамак дар деҳаи Бурҷимулло зиндагӣ доранд. Таъкид карданиам, ки мо бо ин халқ на фақат ҳамсарҳад, балки қарин ҳам мебошем.
Моро ба кате, ки барои омӯзгорони собиқадори мактаби деҳа ҷудо кардаанд, таклиф намуданд. Аз дидори ҳамдигар шод гаштем. Бо муаллими собиқи забон ва адабиёти тоҷик Махсуда Шамсиеваи 87-сола паҳлу ба паҳлу нишастем. Побанди андеша буданд ва ҳар дам аз дидагонашон ашк беихтиёр мерехт. Хабарам ҳаст, ки воқеаи имрӯзаи таърихии кушода шудани сарҳадҳо ба Махсудаапа рабти бештар дошт. Он кас бо яке аз оилаҳои маскуни вилояти Қирғизистон қаробати қудоандагӣ доранд.
– Имрӯз ид болои ид, ин ашки шодӣ аст? – пурсидам.
– Оре ашки шодӣ, ҳам....
Баъди андаке таскин гирифтан ба сухан оғоз намуданд.
– Баста шудани сарҳадҳо ба оилаи мо ҳам таъсири худро гузошта буд. Хабаратон ҳаст, духтари калониам дар Қирғизистон зиндагӣ дошт. Барои видои охирин бо падар омада натавонист. Чанд муддат ба дидори ҳамдигар муштоқ будем. Ӯ низ ба дарди бедаво печиду ин дунёро падруд гуфт. Ин дафъа мани сарсахт аз дидори охирини Насибаи ҷавонмаргам бенасиб гаштам...
Ба ёд овардани чунин лаҳзаҳои нохуш касро ба риққат меовард. Махсудаапа зорию таваллоҳояшро дар посгоҳе, ки аз манзили духтараш ҳамагӣ даҳ-понздаҳ дақиқаина роҳ буд, бо алам ба ёд овард. Ба Насиба ҳангоми таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе ҳамсабақаш – Осими тоҷики қирғизистонӣ дил баст ва онҳо оила барпо карданд. Чор фарзанди онҳо – Фарангис, Насим, Заррина ва Фарида меваи муҳаббаташон.
– Дирӯз набераам Фарангис занг зада, пагоҳ ба дидани ман омаданашро хабар дод, – гуфтанд каме хушҳол гашта. – Насиб бошад, пагоҳ мебинем.
– Ана, дидед, аллакай набераҳо ба роҳ баромадаанд. Минбаъд Шуморо мебаранд. Боз хешу таборӣ мустаҳкам мегардад, – гуфта таскин додем.
Махсудаапа хушҳол гардида, гуфтанд, ки имрӯз беҳад хурсанд ҳастам, барои ҳамин ҳам беихтиёр ашк мерезам. Акнун набераю чабераҳо ба дидори ҳам мерасанд. Шукри Худо, ки ба ҳамин рӯз расидам, гӯён бо мамнуният даст ба дуо кушоданд.
– Аз ин имкониятҳое, ки ба хешу ақрабои чандин нафар ман баринҳо фароҳам оварда шудаанд, миннатдорам. Илоҳо, осмонамон ҳамеша соф, умри Президенти оқиламон дароз бод! – гуфтанд ва мо даст ба дуо бардоштем.
Аз ин пас, ба мушкилоти сарҳадҳо барҳам дода шуд. Мардуми ин кишварҳои ба ҳам дӯст зиндагии осоиштаи худро чун пештара идома дода, ба гул-гулшукуфии кишвар ҳисса мегузоранд.
Дар чорабинии идона вакилони ҳокимияти ноҳия ба оилаҳои камбизоат ва фаъолони маҳалла туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Гулҷаҳон Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Тошканд.