НИШОНДИҲАНДАҲОИ БАЛАНДТАРИН ДАР ТАЪРИХИ САДСОЛА

Ҳар сол дар охири семоҳаи аввали сол аъзои раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзгидроэнерго» барои кормандони ВАО дар бораи корҳои иҷрошуда дар саноати гирдоэнергетика ва вазифаҳои таҳти нақша маълумот ироа мекунанд. Ин бор низ таҳти раёсати муовини раиси ҷамъият Фаррух Нуруллоев нишасти матбуотӣ доир гардид.

Саноати гидроэнергетика яке аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, ки сол то сол самараи он рӯ ба афзоиш овардааст.

– Ба туфайли роҳандозии иқтидорҳои иловагӣ, ки дар натиҷаи корҳои азими сохтмонии «Ӯзгидроэнерго» амалӣ мешавад, тараққиёти соҳа таъмин ва иқтидори гидроэнергетикии мамлакат дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад. Дар баробари ин, имкон фароҳам меорад, ки иқтидорҳои мавҷуда сол аз сол зиёд шаванд, – гуфт Фаррух Нуруллоев.

Агар ба рақамҳо эътибор диҳем, бо ташкилу таъсиси «Ӯзгидроэнерго» ба сохтмон ва модернизатсияи лоиҳаҳо дастикам 1 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ихтисос дода шудааст. Ин ба он боис гардида, ки салоҳияти Ҷамъияти саҳҳомӣ беш аз пеш доман фарох менамояд.

– То имрӯз 55 неругоҳи барқи обии иқтидори умумиашон 430 МВт ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, 42 истгоҳи нави барқи обӣ сохта, 13 истгоҳи барқи обии мавҷуда бо назардошти талаботи замон комилан нав карда шуд. Қобили қайд аст, ки ин нишондиҳанда на танҳо дар мамлакати мо, балки дар байни мамлакатҳои ИДМ низ натиҷаи назаррас мебошад. Бо хушҳолӣ метавон гуфт, ки дар соли 2024 корхонаҳои тавлидотӣ 8,2 миллиард кВт/соат неруи барқ тавлид кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки назар ба соли 2023 беш аз 20 дарсад неруи барқи иловагӣ тавлид шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон ба шарофати лоиҳаҳои нав ва тадбирҳои модернизатсия нишондиҳандаи истеҳсоли неруи барқ дар соли 2024-ро аз ҳама баландтарин – рекордӣ унвон кардан мумкин аст, ки дар таърихи 100-солаи гидроэнергетика бори аввал ба даст омадааст, – гуфт Ф. Нуруллоев.

Дар нишаст таваҷҷуҳи хабарнигорон ба он ҷалб карда шуд, ки дар корхонаҳои ҶС низоми дурбинҳои интеллектуалӣ ҷорӣ карда шудааст ва он ба «Маркази вазъиятҳо» аз тариқи онлайн расидани маълумотҳоро таъмин менамояд. Дар қадами аввал обанборҳои Андиҷон, Оҳангарон ва Ҳисорак ҷиҳати автоматикунонии асбобҳои назорату ҳисоб бо дастгоҳҳои замонавӣ таъмин шудаанд. Аксари он пурра рақамӣ кунонида шудааст.

– Дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта ноил шудан ба 10 фоиз афзоиши истеҳсоли неруи барқ инчунин, дар асоси барномаи сармоягузорӣ татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии 3,3 млрд. доллари амрикоӣ, ба нақша гирифта шудааст – гуфт Фаррух Нуруллоев.

Вай таъкид намуд, ки дар робита бо таъмини аҳолии минтақаи Шоҳимардони ноҳияи Фарғона ва ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бо барқи доимӣ бо сохтани неругоҳҳои барқи обӣ норасоиҳо куллан аз байн бардошта хоҳад шуд. Дар натиҷа, аҳолии ин минтақаҳо, ки аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ саросар дар иҳотаи кишвари ҳамсояи Қирғизистон қарор доранд, дар ягон фасли сол камбудии неруи барқро эҳсос нахоҳанд кард.

Ҳулкар ҶӮРАЕВА,

сармутахассиси дафтари матбуоти ҶС «Ӯзбекгидроэнерго».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: