НЕРУИ МО – ДАР ВАҲДАТ ВА ҲАМБАСТАГӢ!

Имрӯзҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадии мамлакатамон таҳти шиорҳои «Мамлакате, ки дӯстиву ҳамҷиҳатиро арҷ мегузорад!», «Неруи мо дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ аст!» чорабиниҳои пуршукӯҳ идома доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангон низ чунин чорабиниҳои идона ҷараён доранд. Иди сулҳ ва ваҳдати байни миллатҳо дар маҳаллаҳои «Обод» ва «Ҷар»-и ноҳияи Косонсой, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, ба таври васеъ таҷлил гардид.

Сулҳ неъмати бебаҳо, хушбахтии хонадон ва ободии Ватанамон мебошад, ки ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон, ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд.

Ташаббусҳои олиҷанобе, ки ба сӯйи ҳадафҳои умумӣ пешбарӣ мешаванд, миқёси корҳоро дар ин самт ба зинаи сифатан нав мебардорад ва он имкон медиҳад, ки намояндагони миллату элатҳои гуногуни кишварамон бо ҳамдигар дӯсту тифоқ зиндагӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон яке аз кишварҳое мебошад, ки таърихи бузург дошта, пояҳои мустаҳками он дар дӯстӣ ва ҳамкорӣ инъикос ёфтааст. Дар раванди кунунӣ аҳамияти арзишу анъанаҳои мо, ки дар тӯли асрҳо мукаммал гардидаанд, дар таҳкими минбаъдаи робитаҳои бародарона бо халқҳои кишварҳои ҳамсоя беандоза аст. Аз ин рӯ, бародароне, ки ҳазорон сол боз аз як ҷӯй об менӯшанд ва орзуву ҳадафҳои ояндаашон якхелаанд, ҳоло бо ҳам паҳлӯ ба паҳлӯ истода, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нишон медиҳанд.

Имрӯзҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадии мамлакатамон таҳти шиорҳои «Мамлакате, ки дӯстиву ҳамҷиҳатиро арҷ мегузорад!», «Неруи мо дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ аст!» чорабиниҳои пуршукӯҳ идома доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангон низ чунин чорабиниҳои идона ҷараён доранд. Иди сулҳ ва ваҳдати байни миллатҳо дар маҳаллаҳои «Обод» ва «Ҷар»-и ноҳияи Косонсой, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, ба таври васеъ таҷлил гардид.

Ярмаркаҳои мардумӣ таҳти шиорҳои тарғиби дӯстӣ, ҳамбастагӣ, ҳамсоягии нек ва рӯҳияи ид, ки дар он намояндагони миллатҳои гуногун фаъолона ширкат варзиданд, дар дили ҳар як оила ҷой гирифт.

Аксарияти аҳолии Косонсой тоҷикон буда, бо миллатҳои ӯзбек, қирғиз ва қазоқ аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Сиёсати давлатие, ки Сарвари давлатамон солҳои охир дар робита ба дӯстии халқҳо, ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирӣ амалӣ карда истодааст, барои мардуми Косонсой низ аҳамияти калон пайдо кард.

Мавриди тазаккур аст, ки Сарвари давлатамон дар навбати аввал барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва халқҳои бародар мушкилоти марзиро ҳаллу фасл кард ва ин бахусус барои мардуми Косонсой хабари муҳим буд.

Ноҳия бо Қирғизистон ҳамсоя буда, то имрӯз мардуми он бо халқи қирғиз алоқаи қадимӣ дошта, робитаҳои хешутабории байни халқҳо барқарор ва боз ҳам мустаҳкамтар мешаванд.

– Дар ноҳия намояндагони миллату халқиятҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, – мегӯяд мудири шуъбаи маданияти ноҳия Г. Изатуллоева.  –  Чи тавре ки мебинед, халқҳо ба ҳамдигар хеле наздиканд. Муҳимтар аз ҳама, дар маҳаллаҳо чорабинии хеле густурдаи ҷашни дӯстиву ваҳдат ҷараён дорад.

 – Ман хеле хушҳолам, ки дар чорабиниҳои идонае, ки имрӯз дар Ӯзбекистон ба муносибати дӯстиву ваҳдат баргузор мешавад, иштирок кардам, – мегӯяд сокини ноҳияи Алобуқаи Қирғизистон М. Қосимова.  – Тоҷику қирғизу ӯзбекҳо аз қадим дӯсту хешу табор буданд. Инро аз урфу одати мо низ дидан мумкин аст. Ман пас аз иштирок дар ҷашнвораи дӯстӣ худро хушбахту хушҳол ҳис кардам, ашки шодӣ ба чашмонам омад. Ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои фароҳам овардани чунин шароиту имкониятҳо миннатдории худро баён менамоям. Зеро, ҳарчанд ин ду мардум забонҳои гуногун доранд, урфу одат, фарҳанг, обу осмон ва бозорашон як аст.                                     

Дар чорабинии идона намоиши таомҳои миллии муқими хонаводаҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғизҳои ҳамсоя омода карда шуда, асарҳои ҳунармандон ва рассомони ҷавон ба намоиш гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки муҳити муътадили байналмиллӣ дар кишвар барои ҳамоҳангсозии афкори намояндагони тамоми миллатҳои муқими ин кишвар замина фароҳам меоварад.

Дӯстии халқҳои мо дар саросари Ӯзбекистон, сарфи назар аз миллат, ба муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст. Албатта, ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи давлат дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, илму техника рушди ҳамбастагӣ дар ҷомеа ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни мардум мебошад.

Чунин амалҳои хайрхоҳонае, ки дар гӯшаву канори мамлакат анҷом дода мешаванд, намояндагони беш аз сад миллату элати муқими ин кишварро даъват менамояд, ки дар атрофи ғояи ташаккули ҷомеаи қавию адолатноки шаҳрвандӣ ва давлати демократии ҳуқуқ-бунёд муттаҳид шаванд.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: