Al Masirah: ИМА БА ИНШООТИ ШАБАКАИ ТЕЛЕФОНӢ ДАР ҶАНУБУ ҒАРБИ ЯМАН ЗАРБА ЗАД

Аҳолии маҳаллӣ ба хадамоти алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд ё на, ҳанӯз маълум нест.

Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА иншооти шабакаи телефонии вилояти Иббро, воқеъ дар ҷанубу ғарби Яман бомбаборон карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Masirah, ки таҳти назорати ҷунбиши “Ансор Аллоҳ”-и шӯришиёни Ҳутӣ дар Яман қарор дорад, хабар дод.

Мувофиқи маълумотҳо, самолётҳои Амрико ба объектҳои алоқаи телефонии ин минтақа камаш се маротиба зарба задаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки аҳолии маҳаллӣ ба хадамоти алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд ё на.

Шоми сешанбе ин шабакаи телевизионӣ хабар дод, ки ИМА ба як минтақаи истиқоматӣ дар маркази вилояти Ҳудайда ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Тибқи иттилои охирини вазорати тандурустии Ҳусиҳо, дар натиҷаи зарбаҳо дастикам 6 нафар кушта ва 16 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи одамонро аз зери харобаҳо идома медиҳанд, хабар медиҳад Al Masirah.

15 март Иёлоти Муттаҳида бо фармоиши президент Доналд Трамп ҳамла ба ҳадафҳои Ҳусиҳоро оғоз кард, ки сеяки қаламрави Яманро назорат мекунанд. Фармондеҳии марказии Неруҳои мусаллаҳи ИМА гуфтааст, ки ҳадафи ин амалиёт ҳифзи манфиатҳои Амрико ва таъмини озодии ҳаракати киштиҳо мебошад. Дар посух, ҷунбиши “Ансор Аллоҳ” бо истифода аз мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба киштии ҳавопаймобари амрикоии Harry Truman дар шимоли Баҳри Сурх як силсила ҳамлаҳо анҷом дод, хабар медиҳад tass.ru. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: