Чорабинии маърифативу фарҳангие, ки таҳти унвони «Диёре, ки дӯстию ҳамҷиҳатӣ мароми ӯст» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шавгон»-и ноҳияи Пешкӯ баргузор гардид, ба иди ҳақиқии дӯстии халқҳо табдил ёфт.
Дӯстӣ сарвати бебаҳои маънавиест, ки одамонро ба мақсад мерасонад. Дар ҳар ҷое, ки қадри дӯстӣ волост, он ҷо комёбӣ, меҳру вафо, шодию сурур ҳукмфармост. Хушбахтона, солҳои охир дар мамлакати мо эътибор ба дӯстии халқҳо хеле афзудааст ва он боиси қавитар шудани ҳаммаслакию ягонагӣ, инчунин рӯҳбаландии ҳамдиёронамон мегардад.
Ба қарибӣ чорабинии маърифативу фарҳангие, ки таҳти унвони «Диёре, ки дӯстию ҳамҷиҳатӣ мароми ӯст» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шавгон»-и ноҳияи Пешкӯ баргузор гардид, ба иди ҳақиқии дӯстии халқҳо табдил ёфт.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар вилоят ҳоло беш аз 30 қавму миллат чун фарзандони як оила аҳлу тифоқона умр ба сар мебаранд. Аз қадимулайём дар ин сарзамин чун дигар минтақаҳои мамлакат тоҷику ӯзбек, қазоқу қирғиз, қароқалпоқу тотор, туркман ва дигар қавмҳо бо урфу одатҳои муштарак буду бош доранд.
Деҳаи Шавгон ва гирду атрофи он намуди идона дошт. Ба ин ҷо бо роҳбарии ҳокими вилоят Ботир Зарифов роҳбарони идораҳо, намояндагони ҷамоатҳо, депутатҳо, мутасаддиёни марказҳои миллӣ-маданӣ, собиқадорони меҳнат ва ғайра ташриф оварданд.
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шавгон 548 хонадон, 942 оила, 3,5 ҳазор аҳолӣ умр ба сар бурда, корхонаҳои соҳибкорӣ фаъолият дорад.
Рӯзи тантанаҳои идона бинои иловагии поликлиника ба истифода супорида шуд. Ин даргоҳ барои 12 ҳазор нафар аҳолии гирду атроф хидмати тиббӣ мерасонад.
Иштироккунандагони чорабинӣ аз намоиши маҳсулоти санъати амалии халқӣ, ҳунармандон, сӯзанию гилемҳо, ширинию хӯрокҳои миллӣ, баромади дастаҳои ҳунарӣ, бозиҳои гуногуни миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра баҳрабардорӣ карданд.
Ҳокими вилоят иштироккунандагони тадбирро бо иди дӯстии халқҳо муборакбод намуда, дар бораи воқеаи таърихӣ – вохӯрии роҳбарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон дар Хуҷанд ва аҳамияти он таваққуф кард.
Таомҳои миллию нав-рӯзӣ, туҳфаҳои идона ба оилаҳои эҳтиёҷманд инъом гардид.
Дар «Боғи дӯстӣ»-и шафати мактаб меҳмонону мизбонон ниҳолҳо шинонданд.
Чорабинии бошукӯҳ чун Иди дӯстии халқҳо дар хотири хурду калон боқӣ хоҳад монд.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.