Китобхонаи бачагонаи вилояти Самарқанд ба номи Абурайҳон Берунӣ дар тасарруфи Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят мебошад.
Баъди ба минтақаи мо омадани русҳо корҳои ибратбахшу лоиқи таҳсин низ оғоз ёфт. Масалан, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, алалхусус ташкил кардани шифохона, китобхона, осорхона, ҷустуҷӯйи минтақаҳои таърихӣ ва ғайра далели раднопазир аст. Дар оғози асри нуздаҳ масъалаи сохтани китобхона ба миён омад, ки ғояи маърифатпарвар ва асосгузори осорхонаи Самарқанд Василий Вяткин (1869-1932) буд. Ин марди донишманду равшанфикр, ки бо ҷадидони замон риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дошт, соли 1914 расадхонаи Мирзо Улуғбекро ёфт ва барқарор карда, ба зиёратгоҳ табдил дод. Ӯ ҳамчун гирдоваранда, ношир ва шореҳи дастхатҳои асри миёнаи Шарқ низ маъруф аст.
Вяткин бо ҷадидони самарқандӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдуқаюм Қурбӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Саидризо Ализода ва дигарон машварат ороста, ба маъмурияти шаҳри Самарқанд талаб гузошт, ки китобхона ва осорхона бунёд шавад.
Ниҳоят бо фармони губернатор иҷозат дода шуд, ки бинои маънавӣ-маърифатӣ созанд. Меъмор Н. Гейселман лоиҳаи «Қасри халқ»-ро таҳия намуд ва муҳандиси ҳарбӣ Б. Касталский маслиҳатчӣ таъин гардид.
Соли 1911 маросими ифтитоҳи ду шуъба – китобхонаи оммавӣ ва осорхона баргузор гардид. Азбаски бо гузашти айём хазинаи китоб ва экспонатҳои осорхона бисёр шуд, музей ба дигар бино кӯч баст.
Соли 1937 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон ба муносибати 100-солагии асосгузори адабиёти навини рус Александр Сергеевич Пушкин ба китобхона номи ӯро доданд. Соли 1970 китобхона ба бинои нави замонавӣ, ки дар хиёбони донишгоҳ қад афрохта буд, кӯчид.
Ҳоло дар бинои қадима китобхонаи бачагонаи вилоят ҷойгир аст, ки ба номи Абурайҳон Берунӣ буда, дар тасарруфи садорати таълими халқи вилоят мебошад. Бо сабаби таъмиру таҷдид китобхона муваққатан ба ҷойи дигар кӯчонида шуда бошад ҳам, фаъолияти худро идома медиҳад.
– Дар китобхонаи мо беш аз 130 ҳазор адад асарҳои бадеии адибони ӯзбек, рус, тоҷик ва дигар миллатҳои ҷаҳон маҳфузанд, – гуфт дар суҳбат бо мо директори китобхона, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Юсуф Муҳаммадиев, – шумораи аъзоёни мо қариб 37 ҳазор нафар, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳастанд. Барои бештар ҷалб намудани китобхонҳои ҷавон озмунҳои гуногуни шавқангез, шабнишиниҳои адабӣ, тақдимоти асарҳои нав, вохӯрӣ бо муаллифон гузаронида мешаванд.
Албатта, дар ин кори неку хайр хизмати шоистаи ходимони соҳибтаҷриба соҳиби унвони «Аълочии китобхона» Гулбаҳор Шарифова, мудири шуъбаи услубӣ Шарофат Хӯҷаева, Нилуфар Турсунова, Барно Норимова ва дигарон калон аст. Маҳз бо ташаббуси онҳо тадбирҳои «Ту қаҳрамонҳои афсонаҳои халқиро медонӣ?», «Дар таътил – бо китоб», «Саёҳат ба олами афсонаҳо», «Эҷодкорони ҷавон» ва ғайра мегузаронем, ки самараи нек медиҳад.
– Юсуф Муҳаммадиевич, хабардор ҳастем, ки ба таъмири бинои таърихӣ қариб як сол шуд, лекин, ба фикрам, баргашта омадани китобхона маълум нест?
– Дар асоси шартнома корҳои таъмиру тармим ба зиммаи хазинаи «Мероси фарҳангӣ» буда, аз чӣ бошад ин кори моро кашол медиҳанд. Шоҳиди он шудем, ки устоҳои бепарво гоҳе ба кор меоянд, гаҳе не.
Боз муаммои таъминот бо гази табиӣ ба миён омад. Умедворӣ дорем, ки баъди дахолати рӯзномаи «Овози тоҷик» ин масъалаҳо ранги дигар мегирад.
– Таъминот бо китобҳои нав чӣ гуна аст?
– Як замоне мо китобҳои хонданибоб, шавқангез ва муаллифони номдори худ ва ҷаҳонро худамон интихоб мекардем. Ҳоло масъала ранги дигар гирифтааст. Баъзе нашриётҳо ҳамчун сарборӣ асарҳоро медиҳанд, ки дар ҷевони китоб чангу ғубор пахш карда мехобанд.
Дар урфият мегӯянд, ки парранда он чиро дар лонааш мебинад, ҳамон амалро хоҳад кард. Хеле мехостам, аввало падару модарон худ намунаи ибрат гардида китоб мутолиа намоянд.
Хушбахтона, дар мамлакатамон дар тоифаи синну соли гуногун гузаронидани озмуни «Китобхони ҷавон» ва ба ғолибони он ба сифати тӯҳфаи Президент додани мошини сабукрав дар байни аҳолӣ шавқи пурзӯр ва рағбат бедор мекунад. Умед дорем, ки чунин иқдоми нек дар диёрамон барои баланд бардоштани маданияти мутолиа хидмат хоҳад кард.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд