Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳ бахшида ба хотираи Рассоми халқии Ӯзбекистон Икром Баҳромов (1944-2011) таҳти номи «Сурудамро хондам» ташкил шуд.
И. Баҳромов соли 1944 дар Тошканд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи рассомии ба номи П. Бенков ва Институти театр ва рассомии Тошканд таҳсил гирифтааст.
Дар намоишгоҳ асарҳои рассом, ки фаслҳои сол, шабу рӯз, атрофу муҳит, табиати мафтункори диёр ва неъмати бебаҳои заминро тараннум кардаанд, диққати тамошобинро ба худ ҷалб менамоянд.
Узви Иттиҳоди рассомон И. Баҳромов бо ордени «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шудааст.
Дар экспозитсия «Зимистон дар биёбон», «Баҳори саҳро», «Рӯзи абрнок», «Шаби моҳтобӣ», «Баҳор дар кӯҳсор», «Тирамоҳ», «Деҳаи кӯҳӣ», «Бозгашт аз саҳро», «Вохӯрии охирин», «Ними шаб» ва ғайра ҷой гирифтаанд.
Ҳ. Абдуназаров.