«ХУДОҲОИ ОЛИМП» ДАР ЁДИ ШОГИРДОН МОНД

Инсон барои ифодаи эҳсосоти ботинии худ рӯ ба эҷод меорад ва ғалаёни гаҳу ногаҳи вуҷудашро дар шакли манзума ё суруде ифода месозад. Ҳамин тавр, эҷодиёти даҳонии халқ шакл гирифта, давра-ба давра тараққӣ мекунад.

Мавзуоти чунин асарҳои шифоҳӣ вобаста ба зайли замон ва ҳаводиси айём тағйир меёбанд. Асарҳои шифоҳиро дар илм эҷодиёти даҳонии халқ меноманд. Вақте ки хат ихтироъ шуда, навиштан ба ҳукми анъана даромад, одамон маҳсули тахайюли рангини худро дар ҷое менавиштанд ва нигаҳ медоштанд. Аз ин рӯ, китоб хазинаи бузургест, ки дар ҳама давру замон манзалати худро аз даст нахоҳад дод. Инсон дар гузашти садсолаҳо тараққӣ карда, ба ҳар навъе ҳаёти худро пеш мебурд. Барои он ки зиндагиаш рангину пурмазмун бошад, доираи маънавият ва маърифати худро рӯз ба рӯз васеъ мекард. Бани башар бо ривоҷ додани илм ба омӯзиш ва парвариши адабиёт низ сару кор мегирифт. Аммо ин корҳо мисле дар замони мо зуд ва бо суръат идома намекарданд. Балки оҳиста ва бо кундӣ ҷараён ёфта, ногузир садсолаҳо тӯл мекашиданд. Одамон то рӯзгори худро ба тамаддун бипайванданд ва ба адабиёту санъат омезанд, бо эҷод низ шуғл меварзиданд. Онҳо барои худ образҳои хаёлӣ бофтаву ривоятҳои гуногун эҷод мекарданд. Ин ривоятҳо дар асоси боварҳои динии инсоният зуҳур кардаанд ва бештар ҷанбаи динӣ доранд. Илм исбот кардааст, ки ҷомеаи инсонӣ қаблан аз бисёрхудоӣ иборат буд ва одамон ба худоҳои мухталиф бовар ва итоат мекарданд. Образи ин худоҳо дар ривояту афсонаҳои эҷодкардаи онҳо низ тасвир шуда, садсолаҳо аз даҳон ба даҳон гузашта, одамонро ғизои маънавӣ медоданд.

Аз ҷумла, Мисри қадим чун гаҳвораи тамаддуни умумибашарӣ эътироф ва шинохта шудааст. Аксар афсонаву ривоёт ба одамони ҳамон давр ва мавзеъ мутааллиқанд. Дар ин маскан нахустин нишонаҳои тамаддуни инсонӣ зуҳур ва инкишоф ёфтаанд. Одамон ба гуна-гуна худоҳо эътиқод доштанд ва дар бораи онҳо афсонаву ривоятҳо низ бофтаанд. Ин афсонаву ривоятҳо то замони мо омадаву кунун шукӯҳи он замонаҳои пурталотумро бозгӯ мекунанд.

Дар риштаи суханшиносии донишгоҳҳо (ба забонҳои гуногун) ба донишҷӯён фанни адабиёти атиқа омӯзонда мешавад, ғараз аз он шинос намудани онҳо бо намунаи эҷоди инсонҳои давраи қадим мебошад. Асоси адабиёти атиқаро афсонаву ривоятҳо ташкил медиҳанд, ки аз боварҳои мардумӣ об мехӯранд ва ҷаҳонбинии динии онҳоро васеъ ифода мекунанд. Омӯзиши ин давраи адабиёт ва тамаддуни башар ба донишомӯз сареҳ нишон медиҳад, ки ҷомеаи инсонӣ дар ҳар давру замон ба адабиёт ниёз доштааст ва халқ низ ҳаргиз аз адабиёт ва эҷод дур назистааст. Омӯзиши ин давраи адабиёт (адабиёти атиқа) аз устодони варзидаи донишгоҳҳо матонати хосе талаб мекунад. Фикр мекунам, танҳо бо маърӯзаҳо дониши назарии донишҷӯро баланд бурдан аз имкон берун аст. Устодони макотиби олиро мебояд, ки барои босамар гузаштани дарсҳои адабиёти атиқа аз усулҳои мухталиф кор гиранд. Қаблан ба таври умумӣ зимни хондани маърӯзаҳо ба донишҷӯ дар бораи асосҳои адабиёти атиқа ва намояндагони он, осори бозмонда аз он давраи хеле қадим маълумот дода мешуданд. Аз онҳо талаб мешуд, ки китобҳои илмиву бадеии дастрасро, ки дар ин мавзӯъҳо иншо шудаанд, бихонанд ва дониши назарии худро васеъ созанд. Аммо бо тараққӣ ёфтани замона ва ҷамъият усули дарс гузаштан ҳам нав шуда, ба як ҳисоб аз устодон масъулияти баланде талаб месозад.

Ман чандин сол аст, ки усулҳои ғайрианъанавии тадрисро ба кор мебарам ва хеле шодам, ки донишҷӯён манфиате мебинанд ва ба дониши назарии худ меафзоянд. Ба қарибӣ дар курси якуми бахши забони русии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз аз фанни адабиёти атиқа чорабинии хотирмоне доир шуд, ки маҳз усули ғайрианъанавии дарс истифода гардид. Донишомӯзон қаҳрамонҳои асотир ва ривоятҳои Мисри Қадимро рӯйи саҳна гузоштанд ва ҳарчӣ дар ҷараёни дарсҳо ба таври назарӣ андӯхта буданд, дар шакли мақбуле ба намоиш гузоштанд. Ин усули кор ба ҳама писанд афтод. Шогирдон дар нақшҳои гуногун рӯи саҳна омаданд ва лаҳзае ба он замонаи дур ғӯтавар гашта, худро дар он муҳити мураккаб тасаввур сохтанд. Чунин намуди дарс бешак то дер дар хотири донишомӯзон боқӣ хоҳад монд ва тасаввуроти онҳоро дар бораи он замони дур васеъ хоҳад сохт. Номи дарсро «Худоҳои Олимп» гузоштем ва ба шогирдон имкон додем, ки худро дар он муҳити аз зиддиятҳо ғанӣ ва пур аз муборизаҳои мардуми Мисри Қадим дидаву рӯҳи он замонро эҳсос кунанд.

Шаҳло Хӯҷақулова,

устоди фанни забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тирмиз. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: