МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ҲАМКОРИИ МУШТАРАКИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕАРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Президенти кишвари мо Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки танҳо бо талошҳои муштарак метавон ба натиҷаҳои назаррас дар мубориза бо коррупсия ноил гардид. Дар ин раванд ҷомеа чӣ нақш мебозад?

Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фозилҷон Отахонов андешаи худро чунин баён намуд:

— Коррупсия як офати ҷиддист, ки рушди ҷомеаро зери хатар мегузорад, зеро эътимоди шаҳрвандонро ба давлат коста намуда, принсипи волоияти қонунро халалдор месозад. Аз ҳамин сабаб, мубориза бо коррупсия ба яке аз вазифаҳои афзалиятноки кишвари мо табдил ёфтааст.

На танҳо чораҳои ҷазодиҳӣ, балки механизмҳои пешгирии ин падида низ муҳиманд. Лозим аст, ки тавассути ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ, механизмҳои самарабахши назорати ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шаванд. Ҳамзамон, таҳкими принсипи адолат ва шаффофият дар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ низ аҳамияти калон дорад.

Технологияҳои муосир дар мубориза бо коррупсия нақши калидӣ мебозанд. Рушди низоми ҳукумати электронӣ, рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ, кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ ва аз байн бурдани монеаҳои бюрократӣ ба коҳиши зуҳуроти коррупсионӣ мусоидат хоҳад кард.

Шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти давлатӣ байни давлат ва ҷомеа нақши пулро иҷро мекунанд. Тавре ки Президент таъкид намуд, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъолона дар фаъолияти зиддикоррупсионӣ иштирок намоянд. Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва хадамоти комплаенс бояд якҷоя хавфҳои коррупсияро дар сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ муайян намуда, барои бартарафсозии онҳо равиши низомиро ҷорӣ кунанд.

Барои ин, бояд вазифаҳои зеринро иҷро кард:

якум, пурзӯр гардондани назорати ҷамъиятӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкили назорат аз болои сохторҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин баланд бардоштани ҷалби фаъоли шаҳрвандон ба мубориза бо коррупсия ва бюрократия;

дуюм, таҳияи пешниҳод ва ташаббусҳо, омӯзиши афкори ҷомеа оид ба чораҳои мубориза бо коррупсия, ворид кардани тағйирот ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

сеюм, пешбурди корҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, назорат аз болои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ ва пурсишҳо, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда;

чорум, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ислоҳот ва хидматрасониҳои давлатӣ;

панҷум, таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкил кардани суҳбатҳои «мизҳои мудаввар», форумҳо ва конференсияҳо барои ташаккули афкори ҷомеа;

шашум, корбарии самарабахш бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, қабули арзу шикоятҳо, омӯзиш ва баррасии онҳо, иҷрои нақши миёнарав байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ, инчунин ирсоли шикоятҳо ба идораҳои дахлдор;

ҳафтум, амалӣ намудани мониторинг ва арзёбии ислоҳот, таҳлил кардани самаранокии онҳо, назорати иҷрои қарорҳои қабулшуда ва таҳияи механизмҳои баланд бардоштани қаноатмандии шаҳрвандон аз сиёсати давлатӣ.

Илова бар ин, ҳамкории шӯроҳои ҷамъиятӣ бо хадамоти комплаенс ба коҳиши хавфҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани шаффофияти идоракунии давлатӣ ва корпоративӣ мусоидат мекунад. Рушди комплаенс ва назорати ҷамъиятӣ имкониятҳои мубориза бо коррупсияро ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам хусусӣ васеъ хоҳад кард.

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Тавре ки Президент таъкид кард, барои расидан ба ин ҳадаф ислоҳоти ҷиддӣ ва чораҳои қатъӣ заруранд.

Танҳо бо амалиёти муштараки давлат ва ҷомеа метавон ба ин офат муқобилат кард. Мо бояд дар ин раванд фаъол бошем ва барои рушди кишвар саҳми худро гузорем.

Норгул АБДУРАИМОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: