ҒОЯИ «ИНСОНИ СОЛИМ – МИЛЛАТИ СОЛИМ» БА ҲАРАКАТИ УМУМИМИЛЛӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти сабз», ки бо Фармони Президент тасдиқ гардид, беҳтар кардани саломатии аҳолӣ ва оммавӣ намудани варзиш ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян шудааст.

Саломатӣ бузургтарин сарвати инсон маҳсуб мешавад. Зеро, танҳо шахси солим метавонад якҷоя бо оилааш барои рушди Ватане, ки дар он ба воя расидааст, ҳаракат намояд, ғояҳои навро амалӣ созад ва ба пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.

Имрӯзҳо авҷ гирифтани мушкилоти экологӣ, маҳдудияти захираҳои табиӣ ва истифодаи нодурусти онҳо ба сарвати бебаҳои мо таъсири манфӣ мерасонад. Дар чунин шароит, риояи тарзи ҳаёти солим ва ғизои дуруст самарабахштарин роҳи пешгирии бемориҳост.

Тарзи ҳаёти солим – риоя ба тартиби рӯз, бо ҳаракати фаъол обутоб додани организм, машғул шудан бо варзиш, ғизои солим, риояи қоидаҳои гигиенӣ ва парҳез аз одатҳои зараровар мебошад.

Дар ҷомеа барои ташаккули чунин тарзи зиндагонӣ, ҳифзи қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнии одамон, ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба варзиш, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.

Дар Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти сабз», ки бо Фармони Президент тасдиқ гардид, беҳтар кардани саломатии аҳолӣ ва оммавӣ намудани варзиш ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян шудааст.

Аз ҷумла, дар доираи ҳаракати умумимиллии «Як миллион хонаводаи сабз», масъалаи аз нав фаъол кардани платформаи «Тарзи ҳаёти солим» ва ба кор андохтани платформаи «Шаҳрванди экофаъол» мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст. Ин иқдом ба фароҳам овардани муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъоли экологӣ дар миёни аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи ин ҳаракат татбиқи як қатор чорабиниҳои муҳими амалӣ дар самтҳои гуногун дар назар аст. Яке аз самтҳои асосии он тарғиби роҳгардӣ ва давидани ҳаррӯза дар байни аҳолӣ мебошад.

Тибқи нақша, соли 2025 барои беҳтар намудани саломатии мардум, ташаккули тарзи ҳаёти экологӣ ва амалӣ гардонидани иқтидори инсон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом ҷорӣ кардани тамоюлҳои экологӣ ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон мебошад.

Бо истифода аз ҳаракати «Як миллион хонаводаи сабз», роҳгардӣ ва давидан бояд ба як ҷузъи тарзи зиндагии мардум табдил дода шавад. Дар доираи ин ташаббус чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, марафонҳои оммавӣ ва мусобиқаҳои давидан дар доираи оилаҳо баргузор мегарданд. Ҳамзамон, корҳои васеи тарғиботӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ин на танҳо ба беҳтар шудани саломатӣ мусоидат мекунад, балки истифодаи воситаҳои нақлиётии шахсиро кам намуда, сатҳи ифлосшавии ҳаворо коҳиш медиҳад.

Барномаи мазкур инчунин пешбурди тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани фарҳанги тиббӣ дар байни аҳолӣ, ташвиқи ғизои солим, роҳгардӣ ва давидан, инчунин истифодаи «нақлиёти сабз», аз ҷумла велосипедрониро дар бар мегирад.

Ҳамаи ин тадбирҳо на танҳо ба беҳтар шудани саломатии инсон, балки ба фаъолияти системаи дилу раг низ таъсири мусбат мерасонад. Он меъёри набзи дил ва фишори хунро танзим намуда, хатари бемориҳои вазнини дилро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

13 феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат оид ба рушди ҳаракати олимпӣ ва паралимпӣ, баланд бардоштани сатҳи варзиши оммавӣ ва ихтисосӣ, инчунин зиёд кардани фаъолияти ҷисмонии аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ ба рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим диққати махсус дода шуд. Зикр гардид, ки соли гузашта теъдоди ҷавононе, ки дар мусобиқаҳо иштирок карданд, ба 10 миллион нафар расид. Аммо иштироки одамони синнашон калон дар варзиш ҳанӯз кам аст. Барои бартараф кардани ин мушкилот дар маҳаллаҳо чорабиниҳои ҷисмонии оммавӣ ташкил карда мешаванд. Аз рӯйи ин рейтинг таҳия гардида, дар анҷоми сол ба оилаҳои фаъол таҷҳизоти варзишӣ тақдим мегардад, дар беҳтарин маҳаллаҳо майдончаҳои варзишӣ сохта мешаванд.

На танҳо варзиш, балки ғизои дуруст низ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад. Тибқи таҳлилҳо, 44 фоизи аҳолӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол нестанд, 36 фоизашон ба қоидаҳои ғизои солим риоя намекунанд, ки ин ба пайдоиши бемориҳои гуногун меоварад. Аз ин рӯ, ба ҳаракати умумимиллӣ табдил додани ғояи «Шахси солим – миллати солим» саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

Навгониҳое, ки дар Барномаи давлатӣ ифодаи худро ёфтаанд, бо ҳадаф ва вазифаҳои Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон ҳамоҳанг мебошад. Созмони инфрасохтори ҳаракати велосипедронӣ байни шаҳрҳо, инчунин дар роҳҳои автомобилгард барои ҳаракати скутер ва велосипед ташкил кардани пайроҳаҳои махсус аз вазифаҳои муҳими ҳизби мо мебошанд.

Аз ин рӯ, дар мулоқотҳо бо интихобкунандагон дар минтақаҳо дар ҳафтаи охири ҳар моҳ таъкид карда мешавад, ки ҳар шахс бояд тарзи ҳаёти фаъол дошта бошад. Ҳар рӯз ҳадди аққал ним соат дар ҳавои тоза сайругашт кардан, пиёдагардӣ, машқҳои мунтазам ва риояи реҷаи дурусти хоб ва истироҳат зарур аст.

Дар маҷмӯъ, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим на танҳо варзиш, балки ғизои дуруст низ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд тарзи ҳаёти солимро на фардо, балки аз имрӯз оғоз кунем. Мо бояд ба ҳар як хонадон тағйироти мусбат ворид карда, тарғиби ғизои солим ва фаъолияти ҷисмониро густариш диҳем. Танҳо дар ин ҳолат метавонем ба сӯи ҳаёти солим ва хушбахтона қадами нахустинро гузорем.

Ноиба ИНОЯТОВА,

депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: