СЕХИ НАВИ ДӮЗАНДАГӢ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

Дар ҶММ «Chust O`ktamjon Servis»-и ноҳияи Чуст сехи нави дӯзандагии «Chust Asadbek Kumush Kelajak» ба истифода супурда шуд.

Дар маросими тақдимот намояндагон аз ҳокимият, соҳибкорон ва собиқадорони меҳнат иштирок карданд. Дар давоми соли 2024 аз тарафи корхона беш аз 1 миллион долларина маҳсулот экспорт карда шудааст. Ба сехи нав 4,2 миллиард сӯм маблағ сарф гардида, 100-то ҷойи нави кории иловагӣ созмон ёфт. Имрӯз ҷамъ 300 нафар соҳиби ҷойи кории доимӣ мебошанд. Роҳбари корхона Санобар Тоҷибоева бино ба фармони Президент бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шудааст.

Хидмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: