Оре, омӯзгор саломатӣ, неруи худро барои тарбияи фарзанди мардум сарф мекунад. Бо машаққати зиёд шогирдонро ба воя расонда, соҳиби маълумот мегардонад. Ҳар гоҳ, ки шогирди бо хуни дил парваридаашро рӯйи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст.
Падари омӯзгорам дар сари дасторхон, суҳбатҳо ва гирдиҳамоиҳои ҳамдеҳагон муаллимони ба касби худ фидоии деҳа, аз ҷумла, сулолаи омӯзгорон – оилаи бобои Эргашро зуд-зуд ба забон мегиранд. Назар ба нақли падарам соли 1926 дар деҳаи Ӯхм бо усули нав барои синфҳои 1–4-ум мактаб кушода мешавад. Дертар – соли 1944 мактаб ба ҳафтсола табдил меёбад ва ба мутахассисони болаёқат зарурат пайдо мегардад. Аз деҳаи Эҷ Бадал Нуров, Ҳазрат Бакриев, Тӯра Раҳмонов, аз деҳаи Синтаб Араббой Элмуродов, Давлат Тӯхтаев, аз Моҷарм Қиронбой Ханҷаров, Мирзо Раҳимов, аз шаҳри Самарқанд Дилбар Ҷабборова, Сафар Сарибоев, Шуҳрат Ризоев, Зоя Андреева барин муаллимон дар мактаби деҳа фаъолият бурдаанд. Роҳбари ҳамонвақтаи мактаб Эргаш Сафаров муаллимони номбурдаро, ки гармию сардӣ нагуфта, пиёдаю савора роҳи деҳаи ҳамсояро пеш мегирифтанд ва онҳоро ба ном «мусофир» мегуфтанд, ба хонааш гоҳ-гоҳ таклиф мекардааст.
Рӯзе ҳамсари муаллим ҳазломез гуфтааст: «Мардак, ҳамаи фарзандонамонро ба муаллимӣ мехононем, то мактаби қишлоқ бо муаллимон таъмин шавад».
Фариштаҳо «омин» гуфтаанд магар, имрӯз оилаи Эргаш Сафаровро сулолаи омӯзгорон меноманд. Фарзанди калонӣ Ғанибой Сафаров соли 1966 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд ва дар донишгоҳ ҳамчун донишҷӯйи аълохону фаъол ангуштнамо гардид. Дар ҳамин маскани таълим то дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика, профессорӣ расид. Ғойиббой, Шароф, Шириной ва Шаҳригул дар соҳаи таълими халқ сидқидилона фаъолият бурдаанд. Набераҳояш Сӯҳроб, Хуршед, Фозил, Фирӯз низ касби бобою падарро интихоб намуданд. Соли 1997 хидматҳои педагогии Шароф Сафаровро ба инобат гирифта, ҳукумати ҷумҳурӣ ӯро бо ордени «Дӯстлик» мукофотонид.
– Ғойиббой Сафаров аз фанни математика ба мо дарс медоданд. Ҳисобу китоб, ҳалли мисолу масъаларо бе ягон фикрронӣ даҳонӣ иҷро мекарданд. Аксарияти хонандагон аз фанни математика баҳои аъло мегирифтанд. Ёди чунин омӯзгорони фидоӣ гиромӣ бод, – мегӯяд яке аз шогирдони устод, омӯзгори собиқадор Тӯймурод Мақсадов.
Оре, омӯзгор саломатӣ, неруи худро барои тарбияи фарзанди мардум сарф мекунад. Бо машаққати зиёд шогирдонро ба воя расонда, соҳиби маълумот мегардонад. Ҳар гоҳ, ки шогирди бо хуни дил парваридаашро рӯйи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад аз он, ки тавонистааст маҳсули заҳмати хешро ба бузургӣ расондааст. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии маҳфилҳо, бузург гардидани шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгори асил вобастагӣ дорад. Шоир барҳақ фармудааст:
Китоби ҳикмати маъно, муаллим,
Чароғе дар раҳи фардо, муаллим...
Хушнуд Мақсадов,
омӯзгори мактаби рақами 14-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.