ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ ГУРӮҲҲОИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИКИ ДОНИШГОҲҲО ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар пурсишнома, ки аз 5 апрел (соати 12:00) то 11 апрел (соати 13:00) идома ёфт, 6684 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани ГУРӮҲҲОИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИКИ ФАЪОЛУ ПЕШҚАДАМ дар байни гурӯҳи филологии Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Тирмиз, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ пурсишнома гузаронида шуд.

Дар пурсишнома, ки аз 5 апрел (соати 12:00) то 11 апрел (соати 13:00) идома ёфт, 6684 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ гурӯҳи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ бо ҷамъ овардани 2096 овоз ҷойи якумро ба даст оварданд.

Ҷойи дувум ба гурӯҳи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Фарғона, ки 1707 овоз ҷамъ карданд, насиб кард.

Дар пурсишнома гурӯҳҳои филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз (1137), Донишгоҳи давлатии Самарқанд (939) ва Донишгоҳи давлатии Бухоро (805) мутаносибан зинаҳои сеюм, чорум ва панҷумро соҳиб шуданд.

Ба ҳамаи устодон, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ фаъол иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.

Ёдовар мекунем, ки дар бораи гурӯҳи филологияи тоҷики фаъолу пешқадами Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ, ки дар пурсишнома овози бештар ҷамъ карданд, роҷеъ ба дастоварду комёбиҳои омӯзгорон ва шогирдони он матолиби пурмуҳтаво, навору барномаҳо омода гардида, мақола дар "ОВОЗИ ТОҶИК" чоп ва наворҳо дар шабакаҳои рӯзнома гузошта мешаванд.

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: