ТАРҒИБИ САНЪАТИ МАҚОМХОНӢ ДОМАН ФАРОХ МЕКУНАД

Дар кохи “Туркистон”-и пойтахт барномаи хоси консертии “Навоҳои Модар-Ватан” баргузор гардид.

Бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар кишвар барои рушду ривоҷи санъати мақом тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Баргузории барномаи хоси консертии “Навоҳои Модар-Ватан” дар кохи “Туркистон”-и пойтахт мисоли равшани он мебошад. Дар он баробари намоиши барномаи овозхони маъруфи санъати мақомхонӣ Озодбек Тиллоназаров, аз тарафи як қатор овозхонҳо намунаҳо аз сурудҳои санъати волои мақом садо доданд ва мавриди истиболи гарми тамошобинон қарор гирифтанд. 

- Ин консерт як тӯҳфаи мусиқии зиндаи эҷодкоронест, ки суннатҳои бузурги мақомро ҳифз намуда, бо тафсири муосир ба қалби мардуми мо ҷой медиҳанд. Ман аз Президент Шавкат Мирзиёев хеле миннатдорам. Чунки барои рушду ривоҷи санъати мақомхонӣ бо суруди қарорҳои вижа дари имконитҳоро ба мо боз намуданд. Дар барномае, ки манзури тамошобинон гардонидем, беҳтарин асарҳо, оҳангу таронаҳои миллӣ аз тариқи иҷрои зинда пешкаши тамошобинон гардиданд, - гуфт Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Абдуҳошим Исмоилов.

 Вай афзуд, сол аз сол доираи санъати мақомхонӣ васеътар мегардад ва таваҷҷӯҳи ҷавонони зиёд ба ин самт ӯро хеле хушҳолу мутаассир месозад.

Аъзои дастаи афсонавии «Мақом»-и Юнус Раҷабӣ, ки нозукиҳои санъати миллии мақомро бо маҳорати баланди бадеӣ ифода менамоянд, инчунин овозхонҳои беҳтарин, рақосаҳои хушхиром ба консерт шукӯҳи бештар бахшиданд. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Тоир Қозиев (дар танбӯр),  сарояндаи ансамбли «Мақом»-и Юнус Раҷабӣ, дорандаи медали «Шӯҳрат» Нафиса Фармонова  аз зумраи чунин санъаткорон буданд.

 Ногуфта намонад, ки устодони санъати аския Ҳотамҷон Ҳакимҷонов, Муҳиддин Султонов, Мамасиддиқ Алихонов, Дилшодбек Мӯсобеков барои тамошобинон намунаҳо аз санъати аскияи вилояти Фарғонаро манзур  гардониданд.  Ансамбли рақсии “Муноҷот” бо роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Ферӯза Азатова саҳнаҳои рақсиро пешкаш карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: