Бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон бо ҳамкории Бунёди дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис ва Садорати адлияи пойтахт доир ба мавзӯи «Вазифаи аввалиндараҷаи мо – фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ» семинар баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи шаҳри тошкандии Бунёди дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис Ҳаётхон Қӯчқорова таъкид намуд, ки низоми нав бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар ҳаёти мамлакат ва ҷомеа, мутобиқи принсипи рақобати шаффоф ва солим, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва баланд бардоштани самаранокии барномаҳои фоиданоки иҷтимоӣ равона карда шудааст. Инчунин, баробари дастгирии ҳуқуқии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, шинос намудани намояндагони соҳа бо навигариҳо оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақсади асосии баргузории семинар буд.
Зикр гашт, ки мутобиқи принсипи рақобати шаффоф ва солими дастгирии давлатии институтҳои ҷо-меаи шаҳрвандӣ бо мақсади дастгирии ташаббусҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии барномаҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ муфиданд ва ҷиҳати минбаъд баланд бардоштани фаъолияти ин ташкилотҳо дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-маънавӣ ва гуманитарии онҳо нигаронида шудаанд, ҷорӣ карда шудааст.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».