ФЕСТИВАЛИ «ҶАВОНОН ВА ДОНИШҶӮЁН» ДАР ТИРМИЗ

Дар шаҳри Тирмиз дар мисоли таҷрибаи Сурхондарё фестивали «Ҷавонон ва донишҷӯён» баргузор гардид.

Фестивал дар Маркази ахбор-китобхонаи вилоят ба номи Адиб Собири Тирмизӣ бо озмуни «Донишҷӯи китобхон» оғоз ёфт. Дар он донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ аз рӯйи як қатор шартҳо рақобат карданд. Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии Тирмиз Хуршеда Тоҷимуродова ҷойи якум, донишҷӯи филиали Академияи тиббии Тошканд дар Тирмиз Акбар Ҳайитов ҷойи дувум ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тирмиз Дилдора Поёнова ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Фестивали ҷавонон бо лоиҳаҳо чун «Ҳашар ба ҷавонон зебанда аст», «Осорхонаҳо — аз нигоҳи ҷавонон» идома ёфт. Ҳамзамон, дар байни донишҷӯён мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол ва баскетбол, озмуни «Хушҳолон ва заковатмандон», бозии зеҳнии «Заковат» ва мусобиқаи пухтани таомҳои миллии «Ош» баргузор гардиданд.

Ёдовар мекунем, ки ҳоло дар шаш муассисаи таҳсилоти олии вилоят зиёда аз 50 ҳазор ҷавонписару духтарон таҳсил гирифта, чун кадрҳои арзандаи Ӯзбекистони Нав ба камол мерасанд. Барои дониш омӯхтан, сайқали истеъдод, таҳкими неруи маънавӣ ва ҷисмонии онҳо шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Чорабинии ҷамъбастии фестивал дар назди бинои ҳокимияти вилоят баргузор гардид. Дар оғоз ба ҷавононе, ки дар мусобиқаву озмун ғолиб шуданд ва дар аксияву лоиҳаҳо фаъол иштирок карданд, диплом ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуд.

Фестивал бо барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф ва овозхонҳои вилоят анҷом ёфт.

Сурайё НОРМАНӢ,

муҳаррири Ширкати симо ва садои вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: