Пӯшида нест, ки баҳри пос доштани забони модарӣ, ҳифзи мероси илмиву адабӣ, маданӣ ва дигар арзишҳои миллӣ баробари шароити мусоиде, ки давлат фароҳам меорад, ҳаммиллатонро лозим аст, ки саводи комил ҳам дошта бошанд. Ин саводро дар зинаи аввал ба мо мактаб медиҳад. Пас дар макотиби тоҷикии ҷумҳуриамон аҳвол чӣ гуна аст? Сифати таълиму тадрис дар чӣ поя қарор дорад? Барои беҳсозии вазъи мактабҳои тоҷикӣ оянда чӣ корҳои самарбахшро роҳандозӣ бояд кард?
Баҳри пайдо намудани ҷавоб ба ин суолҳо «Овози тоҷик» аз оғози соли нав тасмим гирифт, ки тавассути канали расмии «Овози тоҷик» миёни мактабҳо ба навбат пурсишномаҳо гузаронад, то ки дар натиҷаи баҳогузории халқ вазъи кунунии мактабҳоямон муайян шавад ва сифати таълиму тадрис беҳ гардад, камбудиву мушкилот ошкор шуда, таҳаввулоте дар ин самт арзи вуҷуд кунад.
Бо ҳамин мақсад мо ба ноҳияи Сариосиё (дар айни замон дар ноҳия 33 мактаби тоҷикӣ, тоҷикӣ-ӯзбекӣ фаъолият дорад) роҳ гирифтем, то ки ба мактабҳои ғолиби пурсишнома дипломҳоро супорида, аз аҳволашон хабар гирем. Ба мо раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони ноҳияи Сариосиё Аҳтам Сафаров ва мушовирони ӯ, инсонҳои фарҳангдӯст Равзатулло Раҳмонов ва Тоштемур Шукуров ҳамроҳӣ намуданд. Мо қад-қади канали тезоб, ки аз дарёи шӯхи Тӯпаланг ҷудо шуда, самти поён ҷорӣ мешавад, суҳбаткунон равон гардидем. Аҳтам Сафаров, ки ровии хушсухан ҳам ҳаст, бо ифтихор чунин суханонро ба забон овард.
– Замоне, ки ман мудири маорифи ноҳия будам (ӯ 12 сол дар ин вазифа кор кардааст, рейтинги ноҳияро маҳз мактабҳои тоҷикӣ мебардоштанд. Хушбахтона, ҳозир ҳам чунин аст. Алалхусус, мактабҳои минтақаи Охунбобоев, ки Дараи Ниҳон ҳам ба он шомил аст, ҳамеша пешсафанд. Дар озмунҳои фаннӣ, дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногун, ҷиҳозонидани мактаб бо асбобҳои аёнӣ, дастовардҳои варзишу санъат, хуллас, дар ҳама соҳаҳо намунаи ибратанд. Зеро ҳам омӯзгорон пуриқтидоранду ҳам шогирдонашон болаёқат. Беҳуда устод Садриддин Айнӣ қаҳрамонони романи «Дохунда»-и худро аз Дараи Ниҳон интихоб накардааст.
Чун вориди ҳавлии мактаб шудем, ҳама ҷоро саранҷом дарёфтем. Баробари қадам гузоштанамон директори мактаб, ҷавони дидадаро ва ташаббускор Диловар Иззатуллоев ва муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик Маҳина Мусалламова моро гарм истиқбол намуданд.
– Аз омадани мо магар огоҳӣ доштед, ки ҳама ҷоро саранҷому саришта карда мондаед, – шӯхӣ намудам.
– Не, огоҳӣ надоштем, меҳмони хуб огоҳ накарда меояд, – низ шӯхӣ намуд Диловар Иззатуллоев. – Мактаби мо, ки дар қади роҳ ҷойгир аст, шукр, омаду рафти меҳмонон низ канда нест. Муҳит тақозо мекунад, ки ҳама вақт дар қабули меҳмонон омода бошем.
Баъди суҳбатҳои хосса дар хонаи директор моро ба хонаи муаллимон, ки мунтазири меҳмонон буданд, даъват намуданд. Бо чеҳраҳои шиносу гарм самимона ҳолпурсӣ кардем, бо Иди баҳору Наврӯз ҳамдигарро шодбошӣ гуфтем. Шахсан камина, ки тӯли 32 соли собиқаи кориам дар соҳаи матбуот ҳамеша бо ин мактабу мактабиён ҳамкорӣ дорам, аз дидору суҳбаташон шод гардидам. Аз комёбиву дастовардҳояшон, камбудиву муаммоҳояшон пурсон шудем, бо ҳамдигар табодули афкор намудем.
– Ин мактаб аз оғози ташкилёбиаш ҳамчун як маскани илму маърифати намунавӣ ном баровардааст, – изҳор дошт Аҳтам Сафаров. – Зеро ин дабистон аз мактаби овозадори рақами 38 (собиқ мактаби рақами 67) ҷудо шуда баромадааст. Омӯзгоронаш ҳам илмноку мардуми ин маҳал низ аслан хуфариёни маърифатпарваранд.
Аҳтам Сафаров дар хотима ҷамоаи устодон ва шогирдони дабистонро бо дастовардҳояшон табрик гуфта, дипломи таҳририяти «Овози тоҷик»-ро, ки дар пурсишнома ғолибиятро ба даст оварда буданд, зери кафкӯбии ҳозирин тантанавор супорид.
ВАЗЪИ КИТОБХОНАИ МАКТАБ
Баъд директор моро ба китобхонаи мактаб роҳбаладӣ намуд. Чун ба китобхона ворид шудем, шоҳид гардидем, ки аз сабаби мавҷуд набудани хонаи васеву шинам дар китобхона он қадар шароити мусоид фароҳам нест. Аз сабаби танг будани китобхона барои китобхонҳои бисёр ҷойи нишаст намерасад. Дар ин бобат мутасаддиён чораандешӣ кунанд хуб мешуд.
Мо дар китобхона бастаи рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Ховар», маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва номгӯи бисёр китобҳое, ки дар ҷевонҳои китобхона ҷой дошт, дида хеле хурсанд шудем. Мувофиқи маълумоти китобдор 2300 нусха китоб дар ин ҷо мавҷуд. Аз он 100 нусхааш электронӣ, 1200 нусхааш ба хати лотинӣ, 700 нусхааш ба хати кирилӣ ва 300 нусхааш ба забонҳои дигар аст. Мутаассифона, дар гӯшаи адабиёти тоҷик миқдори хеле ками асарҳоро мушоҳида намудем ва директор иброз дошт, ки ба дастрасии китобҳои тоҷикӣ супориш додаанду ин камбудӣ рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад. Боиси таассуф аст, ки ин камбудӣ қариб дар ҳамаи макотиби тоҷикии ҷумҳурӣ мавҷуд.
САЛОҲИЯТИ ИМРӮЗАИ МАКТАБ
Дар мактаб дар айни ҳол ба 406 нафар донишомӯзон 41 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Аз онҳо 38 нафар маълумоти олӣ дошта, 5 нафарашон соҳиби тоифаи олӣ, 10 нафар тоифаи якум ва 11 нафар тоифаи дуюм мебошанд. Муаллимони забони хориҷӣ ва русӣ соҳиби сертификатҳои байналмиллӣ мебошанд: Абубакр Ғафуров, Мория Кибриева ва Бибиҳанифа Кибриева (С1), Соҳиба Тошбоева ва Лобар Бобошарифова (Б2).
Инчунин, Зуҳриддин Ҳамрозода низ аз фанни информатика соҳиби сертификати байналмиллӣ мебошад. Ҳоло шогирдон шавқу завқи беандоза нисбат ба ин фан доранд. Ҳар сол шогирдонаш дар ноҳияву вилоят ҷойҳои намоёнро ишғол карда меоянд. Шогирдаш – хонандаи синфи 9 «Б» Аҳлиддин Шомаҳмадов дар ноҳия ҷойи якумро ишғол кард, хонандаи синфи 10 «А» Комрон Саидқулов дар соҳаи ахбор ва технология соҳиби чанд сертификат буда, бо шавқу завқ таълим мегирад ва пайваста болои худ кор бурда, дастур месозад. Хонандаи синфи 7 «А» Мубориз Эшонқулов низ хонандаи пешқадам буда, бо донишу хулқи намунавиаш аз ҳамдарсонаш фарқ карда меистад. Қобилияти баланди компутерфаҳмӣ дорад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳаётамонро бидуни компутер ва дастурҳои замонавӣ тасаввур кардан мушкил. Маҳз ана ҳамин ҷавонон ояндаи Ӯзбекистони Наванд.
Инчунин, омӯзгорони соҳибтаҷриба Маҳина Мусалламова, Мӯсо Мирзоев, Абдувосеъ Мирзоалиев, Раъно Ҳоҷиева, Бунафша Бобоева, Гулбаҳор Акрамова, Робия Бобокалонова, Муҳсина Ҳаққулова, Парвина Норова, Парвиз Иззатуллоев, Фирдавс Иззатуллоев, Муҳиддин Қурбонов, Наргис Холова, Сабоҳат Муҳиддинова, Дилором Меликова, Акмал Бобиевҳо бо усулҳои дарсдиҳии худ дар қалби шогирдон мустаҳкам ҷой гирифтаанд.
Мо ба хонаи маънавият ворид шудем. Шогирдони мактаб дар ҳамагуна чорабиниҳои маънавӣ-маърифатии миқёси мактабу ноҳия фаъол ширкат меварзанд. Алалхусус, дар соҳаи 5 ташаббус ва фаъолияти маҳфили «Дастони моҳир» натиҷаҳо назаррасанд. Хонандагони мактаб дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол намудаанд. Дар соҳаи 5 ташаббус 9-то маҳфил дар дабистон амал мекунад.
Инчунин, маҳфили «Адабиётдӯстони ҷавон», ки дар он 20 нафар донишомӯз шомил аст, амал мекунад. Аъзоёни ин маҳфил дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб ҳамеша бо барномаҳои пурмуҳтавои таҳиякардаи хеш ширкат варзида, ҷашнвораҳоро ҳусну тароват мебахшанд.
Намунаҳои эҷоди онҳо дар матбуоти миқёси вилоят мунтазам чоп мешаванд.
Дар мактаб, инчунин театри «Турон», дастаи фолклории «Заковат», радиои мактаб бо номи «Садои Навобод» ва маҳфили «Дар пайи ҷадидон» амал мекунад. Дар «Садои Навобод» ҳар сари вақт дастовардҳои мактабиён ва хабару эълонҳои рӯзмарра гуфта мешавад. Вақте ки ҷавонон аз дарс фориғ мешаванд, барои вақти худро беҳуда сарф накардан дар маҳфилҳо машғулот мегузаронанд.
ДАСТОВАРДҲО ДАР СОҲАИ ВАРЗИШ
Вақте мо хостем, ки толори варзишӣ, ҷиҳозҳо ва ҷараёни машғулоти мактаббачагонро аз назар гузаронем, моро ба як синфхонаи нисбатан калонтар дароварданд, ки дар фасли сармо варзишгарони ҷавон дар он ҷо машғулот мегузаронидаанд. Директори мактаб ва мураббии тарбияи ҷисмонӣ хиҷолатомез сӯи мо нигаристанд. Директор Диловар Иззатуллоев аз нигоҳи мо рамуз гирифта гуфт, ки ҳоло дар мактаб толори варзишии замонавӣ мавҷуд нест. Дар гармӣ бошад, мактаббачагон як навъ дар берун – майдони мактаб машғулот мегузаронанд. Мувофиқи гуфтаи директор аз рӯи ваъдаи мутасаддиён дар вақтҳои наздик бояд толори варзишии замонавӣ бунёд карда шавад.
Оре, дар ин бобат дар мактаб шароити мусоид фароҳам нест, вале бо вуҷуди ин мураббиёну мактаббачагони шавқманди соҳаи варзиш часпу талош намуда ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил шудаанд, ки лоиқи таҳсин аст. Дар баъзе макотиб ҳарчанд шароити хуб барои машғулоти варзишӣ муҳайё шудааст, вале натиҷа дилхиракунандааст. Вақте вориди «толор» шудем варзишгарони ҷавон банди машғулот буданд. Нишону дипломҳое, ки рӯи чандин мизро пур мекард, далели пурсамар кор кардани мураббиёни мактаб: Нурмуҳаммад Мандонов ва Ҳасан Ҳайитқулов ва ба соҳаи варзиш шавқу рағбати беандоза доштани шогирдонашон дарак медод.
Дар мактаб аз рӯйи 5 намуди варзиш маҳфил амал мекунад: волейбол, футбол, шашка, шоҳмот ва куштии миллӣ. Фаъолони ин маҳфил дар миқёси ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Аз ҷумла, дар миқёси ноҳия оид ба намуди волейбол дастаи волейболбозон бо роҳбарии Муҳриддин Ҳазратқулов ҷойи намоёнро ишғол намуданд, аз рӯи намуди шашка Муҳаммадалӣ Фазлиддинов ва Ойиша Нуралиева ҷойҳои дуюмро ишғол намуданд. Дар мусобиқаи «Кубоки ҳокими вилоят» (2024) аз рӯи намуди варзиши куштии миллӣ Аброр Саидаҳмадов (76 кг) сазовори ҷойи дуюм ва дар мусобиқаи Сариосиё (2025) Анис Шодимуродов (52 кг) ва Абдулло Неъматуллоев (55 кг) ҷойи якум, Хушбахт Иззатуллоев (+70 кг) ҷойи дуюм, Рамзиддин Ҷумъабоев (83 кг) ҷойи сеюмро фатҳ карданд. Аз рӯи намуди самбо дар миқёси вилоят Илҳом Ҷумъабоев (46 кг) ҷойи сеюм ва Озодбек Каримов (71 кг) бошад, ҷойи дуюмро ишғол карданд.
МАҲФИЛИ «ДАСТОНИ МОҲИР»-И ҶАВОНОНИ МОҲИР
Чун ба хонае, ки маҳфили ҳунармандии «Дастони моҳир» амал мекунад, ворид шудем, ҳайратамон боз дучандон афзуд. Амин шудем, ки ин ихтироъчиёну ҳунармандони моҳир дар ҳақиқат ҳам бунёдгари Ӯзбекистони Нав ҳастанд. Ҳунармандони ҷавон аз одитарин ашё чизҳое сохтаанд, ки аз тамошояш чашмон медурахшад. Ашёҳои рӯзгор, воситаҳои техникӣ, либосу дигар воситаҳои ороиширо дар он ҷо мебинед. Намуди онҳо он қадар зиёданд, ки хонаро комилан пур кардаанд. Маълум буд, ки омӯзгорони таълими меҳнат ва ҳунаромӯзандагони маҳфили «Дастони моҳир» – Маъдӣ Ҳамидов ва Ирода Абдуҳакимова заҳмати зиёд кашидаанд ва ҷавонон низ вақти худро зоеъ нагузаронда ҳунар омӯхтаанд.
– Аз дасти аъзоёни маҳфили мо ҳама кор меояд, – гуфт зимни суҳбат раҳбари маҳфил М. Ҳамидов. – Ҷавонони мо ҳамнафаси замон буда, пайи ихтироъҳои нав ба нав кӯшиш мекунанд, ки аз ҳар чизи одӣ як ашёи ҷолиб офаранд. Офаридаҳои мактаббачагони мо дар ҷашнвораҳо низ ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби доварон муносиб баҳо дода мешаванд.
Оре, кашфиётҳои бузург аз ҳамин гуна ихтироъҳои кӯчак оғоз меёбад.
АЁНИЯТ ДАР СИНФХОНАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК
Ба хотири донистани сатҳи дониши шогирдони дабистон ба синфхонаи забон ва адабиёти тоҷик ворид шудем. Донишомӯзоне, ки ҳама саросар либоси миллии мактабӣ дар бар доштанд, баробар аз ҷо хеста, баъди салому алейк бо як овоз шеъри пурмазмуне дар ҳаққи забони модарӣ қироат намуданд, ки ҳамагон ба ваҷд омадем. Вақте пурсон шудем, ки дар васфи Ватан, Модар, Падар, Устод, Забон кӣ шеър мехонад, шогирдон ба навбат бо лафзи бурро шеърхонӣ намуданд. Ростӣ, аз шеърхониашон хеле табъамон болида шуд. Онҳо бе ҳеҷ дудилагиву ҳаяҷон ифоданок қироат мекарданд. Ба онҳо мувофиқи синнашон суолҳо ҳам додем ва ҷавобҳои қаноатбахш гирифтем. Синфхона хеле хуб ҷиҳозонида шудааст. Се тарафи девори синфхона аз маълумотҳои соҳаи забону адабиёт пуропур буд. Он чиз писанди мо гардид, ки ному насаб, соли таваллуду вафоти намояндагони бузурги адабиёти ҳар як аср алоҳида-алоҳида навишта дар девор насб шуда буд. Мо аз устоди шогирдон, мудири кабинет, омӯзгори тоифаи олӣ Маҳина Мусалламова пурсидем, ки ин ғоя ва ё худ андозаро аз куҷо гирифтааст, ӯ бо ифтихор гуфт:
– Ман ин ғоя ва андозаро аз устоди шодравонам, шоир Абдуллоҳи Раҳмон гирифтаам. Устод дид ва қобилияти хеле баланд дар боби ҷиҳозонидан ва ороиши дарсхона доштанд. Ин усул ба шогирдон хеле кӯмак намуда, донишашонро афзун мегардонад.
Ин муаллима хеле пешқадам ва ташабускор буда, аксари чорабиниҳои фарҳангӣ бо ғоя ва барномаҳои таҳиякардаи ӯ мегузарад. Ҳаракат мекунад, ки ҳар соати дарсиро бо усулҳои нави ноанъанавӣ гузарад ва меҳри донишомӯзонро нисбати фан бедор созад. Шогирдонаш низ натиҷаҳои назаррас доранд. Хонандаи синфи 9 Шарора Эшонқулова ва хонандаи синфи 11 Нозия Эшонқулова аз озмуни фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳия ҷойи сеюм ва донишомӯзи синфи 10 Рӯшона Нуралиева дар миқёси ноҳия ҷойи якум ва дар вилоят ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ин аз он далолат медиҳад, ки дар мактаб ҷараёни сабақомӯзии шогирдон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик хуб ба роҳ монда шудааст.
НАЗАРЕ ОИД БА ТАЪРИХИ МАКТАБ
Мактаб соли 1968 ҳамчун филиали мактаби рақами 7-уми ба номи С. Айнӣ оғоз ба фаъолият намудааст. Он вақт дар мактаби рақами 7 директор Ҳикматулло Ғафуров буд. Соли 1972 мактаб аз таркиби мактаби рақами 7 баромада ба мактаби рақами 38-уми ҳозира ҳамчун филиал шомил мешавад. Маъдӣ Мелибоев, Абдумаҷид Ниёзов, Ҳайбулло Алуллоев, Саидакбар Раҷабов дар давоми солҳо дар мактаб сарварӣ кардаанд. Баъди мустақил шудан Карим Ҳайдаров, Ибодулло Файзуллоев, Хуррамқул Қурбонов дар вазифаи директорӣ фаъолият намудаанд. Директори кунунӣ Диловар Иззатуллоев аз соли 2016 инҷониб дар мактаб сарварӣ менамояд. Ӯ дар ҷамоа як муҳити аҳлу тифоқеро ташкил карда тавонистааст. Натиҷаи ин ҳамгароӣ дар ин давр бо роҳбарии ӯ бисёр дастовардҳои ба чашм намоён амалӣ гардид ва ҳоло пайи ободонии мактаб, бунёди толори варзишӣ, бинои нав, ки талаботи рӯзафзуни мактабиёнро қонеъ кунад, часпу талош дорад.
Ростӣ, аз дастовардҳои мактаб, ки гоҳ директор ҳарф мезаду гоҳ Маҳина Мусалламова ва Маъдӣ Ҳамидов ва гоҳ мураббии тарбияи ҷисмонӣ Нурмуҳаммад Мандонов қалбамон аз шодиву фараҳ лабрез шуд. Фақат таълим дар ду баст ҷараён дошта бошад ҳам, норасоии синфхонаҳо, китобхонаи васеву шинам, толори варзишӣ барои мактабиён муаммо ва мушкилот эҷод кардааст. Лозим мешавад, ки мутасаддиён сари ин масоил ҷиддӣ биандешанд.
Мо аз ин мактаб шод, қаноатманд баромада, бо онҳо хайру хуш намудем ва ҷониби мактабҳои рақами 82 ва 38-уми ноҳия, ки дар ҳамин қади роҳ ҷойгир асту онҳо низ дар пурсишнома ҷойҳои муносибро ишғол карда буданд, раҳсипор шудем.
Дар ин ду мактаб ҳам суҳбатҳои тӯлонӣ бо ҷамоаи омӯзгорон сурат гирифт. Дипломҳои «Овози тоҷик»-ро барояшон тантанавор супоридем. Тазаккур бояд дод, ки ин ду мактаб ҳам ба комёбиҳои бузург ноил шудаанд ва оиди фаъолияти мактабу мактабиён матолиби ҷолиб ҳам дар рӯзномаамон дарҷ гардидааст.
МАКТАБҲОИ ҒОЛИБИ ЯК МАҲАЛЛАИ НОҲИЯ
Қобили қайд аст, ки ҳар се мактаби ғолиби пурсишнома дар маҳаллаи «Себзор»-и ноҳия ҷойгир шудаанд. «Себзор» дар ноҳияи Сариосиё аз ҳама калонтарин маҳалла маҳсуб меёбад. Маҳз Сариҷӯ ном мавзеъ, ки дар романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ ном гирифта шудааст, ба таъбири устод оғози Дараи Ниҳон мебошад. Дар маҳалла 7694 бошанда умр ба сар мебаранд. Ду боғчаи хусусӣ фаъолият мекунад, ки дар маҷмӯъ 150 нафар кӯдакон дар онҳо тарбият мегиранд. Инчунин, як китобхонаи хусусӣ, ки мудири он шоира Розияи Бадал мебошад, фаъолияти хуб дошта, мухлисонро бо китобҳои наву тозанашр таъмин месозад. Дар ду бари қад-қади роҳи калон мардуми ҳимматбаланд бо роҳи ҳашар роҳрав барои пиёдагардҳо сохтаанд. Қариб дар саросари маҳалла (ба ҷуз кӯҳистон) дар манзилу хонаҳо қубурҳои об гузаронида шуда, аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардидаанд. Маҳалла соҳиби гузари обод мебошад. Ягона масҷиди ҷомеъи маҳалла бо усули шарқона бунёд ёфтааст. Дар маҳалла субъектҳои тадбиркорӣ: нуқтаҳои савдо, хидмати маишӣ, кӯлҳои моҳипарварӣ, боғдорӣ, мурғпарварӣ хеле рушд кардааст. Алалхусус, гармхонаҳои бешумор дар чор фасли сол барои мардум маҳсулот расонида медиҳанд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки «ҷамоа аҳл – кор саҳл». Бошандагони маҳалла ба ҳар кори хайр дастҷамъона, муташаккилона иқдом мекунанд. Аз ин ҷост, ки корҳои ободонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар соли 2024 аз рӯи ду лоиҳа, ки ҳар яке 1 млрд. 360 миллион сӯмӣ буд, бошандагон дар опен-бужет ғолибиятро ба даст оварда, қариб 7 км. роҳро таъмиру тармим намуданд. Ба маблағи 200 миллион сӯм аз ҳисоби давлат идораи маҳалла бунёд ёфт. Ба ҳамаи ин корҳо марди серғайрату ташаббускор, раиси маҳалла Авазмурод Авазов сарубар мегардад. Ӯ ҳамеша аз ҳоли бошандагон, алалхусус, қишри камбизоати аҳолӣ, маъюбу ногиро хабар мегирад ва то аз дасташ меояд, кӯмак мерасонад.
– Шукр, ки дар маҳаллаи мо соҳибкорони саховатманд бисёранд. Яке аз онҳо Абдумуъмин Дӯстов мебошад, ки бо аҳли оила ва наздиконаш танӯркабоби болаззат мепазанд, ки овозаи он сартосари Ӯзбекистону берун аз он расидааст. Ӯ ҳар сол дар иду ҷашнҳо аз ҳоли бемору маъюбон хабар гирифта, ба маблағи зиёд кӯмаки моддӣ мерасонад ва дуои халқро мегирад.
Ана ҳамин аҳлу тифоқӣ буд, ки якбора се мактаби маҳалла дар пурсишномаи таҳририят ғолибиятро низ ба даст оварданд.
Матолиби саҳифаро барои чоп хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё Олим ПАНҶИЗОДА омода намудааст.