Дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Тайлоқ бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки Президенти мамлакат ҳангоми мулоқот бо намояндагони тиҷорати хурду миёна дар санаи 19 марти соли равон ба миён гузоштанд, бо вакилони ин соҳа вохӯриҳо доир гардид.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки Президенти мамлакат ҳангоми мулоқот бо намояндагони тиҷорати хурду миёна дар санаи 19 марти соли равон ба миён гузоштанд, бо иштироки сарвар ва кормандони масъули Садорати андози вилоят ва соҳибкорон дар асоси ҷадвали тасдиқшуда вохӯриҳо гузаронида мешавад.
Вохӯриҳои нахустин дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Тайлоқ доир гардида, дар онҳо роҷеъ ба тағйироте, ки дар сиёсати андоз роҳандозӣ шудааст, сухан рафт.
Муовини якуми сардори Садорати андози вилоят Б.Тошқулов дар бораи ислоҳоти амалӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ суханронӣ намуда, оид ба қоидаву имтиёзҳо ва сабукиҳои нави низоми андоз ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна маълумот дод. Зимни мулоқоти кушод, ки зиёда аз 100 нафар намояндагони соҳибкории хурду миёна иштирок карданд, мушкилот ва пешниҳодҳои онҳо оид ба тамғагузорӣ, квитансияи харид, сканерҳои 2D, истифодаи имтиёзҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии андоз шунида шуда, ҷиҳати ҳалли мусбати онҳо чораҳо андешида шуданд.
Инчунин, соҳибкорони намунавӣ, пешқадам ва фаъол, ки рейтинги устувор доранд, аз рӯи як қатор номинатсияҳо мукофотонида шуданд.
Хидмати матбуоти Садорати андози вилояти Самарқанд.