Ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов ва дигар масъулони расмӣ аз маҷмааи илмӣ-истеҳсолии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Biotech Research and Innovation», ки зери тамғаи савдоии «BRAIN» дар ноҳияи Навбаҳор фаъолият дорад, дидан карданд.
Ҷамъият натанҳо дар вилоят, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамтои худро надорад.
Дар ҷамъият ба парвариши морҳо ва оилаи каждумгунаҳо, омӯзиш ва тадқиқи тарзи ҳаёти онҳо шуғл доранд. Ҳамчунин муассиса ба омӯзиш ва истеҳсоли воситаҳои фарматсевтикӣ ва косметологӣ дар заминаи заҳри ҷонварон, ҷавобгӯ ба рақобат ва додани сертификат ба маҳсулот фаъолият пеш мебарад.
Ширкати «BRAIN» бо мақсади омӯзиш ва зиёд намудани насли ҷонвароне, ки ба Китоби Сурхи Осиёи Марказӣ ворид карда шудаанд, таъсис ёфтааст. Муҳимтарин вазифаи ширкат истеҳсоли моддаҳои фаъоли биологӣ буда, ба рушди илму фан ва тиббиёт саҳм гузоштан мебошад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.