Ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон низ муҳиму назаррасанд.
Онҳо, агар аз як тараф, ба пешрафти Ӯзбекистон ва устувор гардидани нақши он дар арсаи байналмилалӣ равона шуда бошанд, аз тарафи дигар, зимнан таъминсозии ҳамкориҳои судманд ва суботу амниятро дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар доранд.
Яке аз ин ташаббусҳо Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, бори аввал бо ибтикори Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу иҷтимоиёт дар заминаи эътимоду ҳавасмандии мутақобила ва таҳкими амнияту субот дар минтақа равона шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев умумияти мероси фарҳангиву таърихиро ба инобат гирифта, ба рушди эҳсоси ҳамгироии аҳолӣ, ҳамҷиҳатӣ, дарки масъулияти умумӣ барои ояндаи минтақа махсус ишора кард ва ҳарчи зудтар ба роҳ мондани Медиаплатформаи байналмилалии «Таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ: дирӯзи ягона ва ояндаи умумӣ»-ро дар ин самт қадами муҳими амалӣ шуморид. Аз ҷумла, пешниҳод намуд, ки бо мақсади минбаъд мустаҳкам кардани ҳамдигарфаҳмии мутақобила ва ҳамфикрии халқҳои минтақа Форуми илмӣ бахшида ба ҷанбаҳои амалии ташаккули ҳувияти минтақавӣ гузаронда шавад. Инчунин барои пешбурди «Рӯзномаи ҷавонони Осиёи Марказӣ – 2030» ва ҷалби насли ҷавон ба барномаҳои ҳамкорӣ Озмуни минтақавии ғояҳо ва лоиҳаҳои инноватсионии ҷавонон мунтазам баргузор гардид.
Қабули Барномаи мубодилаи таълимӣ ва академии Осиёи Марказӣ, таҳияи Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи дипломҳои мактабҳои олии асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъсиси стипендияҳо барои таҳсили донишҷӯёни болаёқат аз давлатҳои минтақа дар асоси мутақобила низ аз пешниҳодҳои судманди Президенти Ӯзбекистон ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, бо мақсади вусъат додани табодули сайёҳӣ Президент омӯхтани масъалаҳои эътирофи мутақобилаи ID-кортҳои миллӣ ва таҳияи маводи оммавии сайёҳиро бинобар раванда «Як саёҳат – тамоми минтақа» пешниҳод кард.
Ин ва дигар пешниҳодҳои оқилонаю ояндабинонаи Президент Шавкат Мирзиёев, ки ба ташкилу таъмини амалии ҳамкориҳо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудаанд, аз ҳамаи кишварҳои минтақа иттиҳоду ҳамгироиро тақозо мекунанд. «Имрӯзу фардои Осиёи Марказӣ, некуаҳволии кишвар ва халқҳои мо аз бисёр ҷиҳат ба саъю кӯшишҳои умумии худи мо, ба тайёрии мо барои ҳамкорӣ, андешидани чораҳои қатъӣ ва якҷоя пеш бурдани манфиатҳои минтақа вобаста мебошад», – таъкид кард Президент.
Монеаи ҷиддӣ дар таъмини суботу амнияти минтақа масъалаи сарҳад дар байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон буд, ки хушбахтона, бо ҳамфикрию ҳамдигарфаҳмии роҳбарони ин кишварҳо ҳалли мусолиматомези худро пайдо кард.
Ҳақ бар ҷониби Мавлавист, ки мефармояд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».
Акнун замоне фаро расид, ки Осиёи Марказӣ на танҳо ба минтақаи ҷалби сармоя, балки ба Иттиҳоди сармоягузор табдил дода шавад.
Аминҷон Гулмуродзода.
шаҳри Ҷиззах