ИҶРОИ КОРҲО МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУДААСТ

Дар шумораи 21-уми «Овози тоҷик» (12 марти соли 2025) дар бораи боргоҳи таълимии фаъолу пешқадами ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона – мактаби таълими умумии рақами 11, дастовардҳои омӯзгор ва донишомӯзони боргоҳи таълимӣ ва мушкилоти мактаб мақола таҳти унвони «Мактаби Чашма – ғолиби пурсишнома»! чоп шуд.

Муштариёни «Овози тоҷик» хабар доранд, ки чандест дар саҳифаи расмии рӯзнома дар телеграм бо мақсади беҳсозии сифати таълим, дастгирӣ ва ҳавасманд кардани омӯзгорон ва донишомӯзони фаъол, инчунин, кумак барои ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълими умумӣ таҳти рукни «Аз ҳаёти як мактаб» пурсишнома гузаронида мешавад. Баъдан, бино ба натиҷаҳо дар бораи ҳаёти мактаби фаъолу пешқадам, ки дар ин назарсанҷӣ овози бештар ҷамъ кардааст, мақолаҳои пурмуҳтаво чоп мегардад. Ҳамзамон, аз рӯйи мушкилоте, ки дар мактабҳо муайян шудааст, ба ташкилотҳои мутасаддии вилоятҳо номаи расмӣ фиристода мешавад.

Дар шумораи 21-уми «Овози тоҷик» (12 марти соли 2025) дар бораи боргоҳи таълимии фаъолу пешқадами ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона – мактаби таълими умумии рақами 11, дастовардҳои омӯзгор ва донишомӯзони боргоҳи таълимӣ ва мушкилоти мактаб мақола таҳти унвони «Мактаби Чашма – ғолиби пурсишнома»! чоп шуд. Инчунин, дар шумораи 23-юми «Овози тоҷик» (аз 19 марти соли 2025) мақолаи «Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?» рӯйи чоп омад, ки дар он низ сухан дар бораи ду мактаби дигар – мактабҳои 14 ва 7-уми ноҳияи Сӯх меравад.

Аз рӯйи мушкилоте, ки дар ин мактабҳо муайян гардиданд, ба чанд ташкилоти мутасаддии вилояти Фарғона, аз ҷумла ҳокимияти вилоят хати расмӣ фиристода шуд.

Чанде пеш ба ин хати мо аз номи ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона Б.Қӯлдошев ҷавоб омад, ки чунин мазмун дошт:

«Масъалаҳое, ки дар хати фиристодаи Шумо аз 20 марти соли 2025 таҳти рақами 19 ба ҳокимияти вилояти Фарғона ба миён гузошта шудааст, тибқи тартиботи муқаррарӣ омӯхта шуд. Аз рӯйи ин масъалаҳо маълумоти зеринро пешкаш мекунем.

Ҳоло дар ноҳияи Сӯх ҷамъ 33 мактаби таълими умумӣ мавҷуд ва дар онҳо 17929 нафар таҳсил мегиранд. Аз ин миқдор 16572 нафар донишомӯз бо забони тоҷикӣ мехонанд. Дар мактабҳо ҷамъ 16922 дона китобҳои дарсӣ (адабиёти таълимӣ) бо забони тоҷикӣ ҳаст ва дар мактабҳои ҳамагонӣ мушкилоти китобҳои дарсӣ вуҷуд надорад. 

Дар мактабҳои ноҳия теъдоди умумии адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ 4602 донаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар мактаби таълими умумии рақами 7-уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мулгон» ҷамъ 108 дона адабиёти бадеӣ (аз он 84-то бадеӣ ва 24-то таълимӣ-методӣ) мавҷуд. Ҳоло аз ҷониби Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ҷиҳати дар оянда ба китобхонаи мактаб расонидани 1633-то адабиёт бо забони тоҷикӣ (аз ин 1586-то бадеӣ, 36-то таълимӣ-методӣ, 5-то сиёсӣ, 6-то илмӣ) корҳои амалӣ идома доранд.

Бо ин мақсад, аз тарафи Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят барои донишомӯзони мактабҳои таълими умумии ноҳияи Сӯх, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, дар соли таҳсили 2024-2025 барои ҷамъ 161252 дона китобҳои нави дарсӣ ба Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ дархост фиристода шудааст. Дар асоси ин дархост марҳила ба марҳила (дар ҳар чоряк) китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои таълимӣ-методӣ дастрас мегардад.

Мактаби таълими умумии рақами 11, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чашма» соли 1994 бунёд гардида, барои таҳсили 780 нафар пешбинӣ шудааст ва ҳоло дар он 907 нафар донишомӯз бо коэффитсиенти 1,2 таълим мегиранд.

Бори охир соли 2019 дар асоси Барномаи сармоягузорӣ бинои нави таълимии дорои 210 ҷойи нишаст бунёд гардида, бинои дорои 570 ҷой, ки мавҷуд буд, пурра таъмир шудааст. Дар мактаб толори варзишӣ бо андозаи 12х24 мавҷуд. Бо оби ошомиданӣ таъмин аст ва атрофаш иҳота гардидааст. Бинои ошхона барои 50 нафар амал мекунад. Дар ҳақиқат, дар мактаб толори фаъолон вуҷуд надорад.

Ҳоло дар вилоят 955 мактаби таълими умумӣ мавҷуд, ки дар 38 мактаб хонандагон бо коэффитсиенти 2,0, дар 95-то бо коэффитсиенти 1,5-1,9, дар 482-то бо коэффитсиенти 1,0-1,4 ва дар 340 мактаби боқимонда бо коэффитсиенти 1,0 таълим мегиранд.

Дар 122-то мактаби таълими умумии вилоят толори варзишӣ, дар 436-то мактаб толори фаъолон ва дар 400 мактаб ошхона вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, 66 мактаби таълими ҳамагонӣ ба таъмири пурра ниёз доранд.

Аз тарафи Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят якҷоя бо масъулони дахлдор ташаккули рӯйхати мақсаднок аз рӯйи ворид кардани масъалаҳои марбут ба бунёди биноҳои нави маъмурӣ ба барномаҳои давлатӣ, ки барои солҳои 2026-2028 пешбинӣ шудаанд ва тақдими он ба Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ муқаррар гардидааст.

Ба ин рӯйхати мақсаднок нахуст мактабҳое, ки раванди таълим дар коэффитсиенти 2,0 ва аз он боло идома дорад ва боргоҳҳои таълимие, ки аз хишти хом сохта шуда, вайрон кардани биноҳои бесифат ва дар ҷойи онҳо бунёди биноҳои нав пешбинӣ шудааст, ворид карда мешаванд.

Ғайр аз ин, бо мақсади дар фурсати кӯтоҳ ҳал кардани мушкилоти бо толори фаъолон марбути мактаби таълими умумии рақами 11 ба шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия тавсия дода шуд, ки масъалаи бунёди бинои нави маъмуриву таъмири мукаммалро ба лоиҳаи «Буҷети ташаббуснок» ворид созанд».

Аз ин номаи ҳокимияти вилояти Фарғона таҳти рақами 07-19/721 (8 апрели соли 2025) аён мешавад, ки иҷрои аксар мушкилоти мактабҳо мавқуф гузошта шудааст ва танҳо дар ҳалли баъзе аз онҳо корҳои амалӣ дар раванди иҷро ҳастанд. Умед дорем, ки ҳеҷ набошад ҳамон мушкилоте, ки масъулон барои иҷро ваъда доданд, ҳалли худро меёбанд. Зеро, дар масъалаи беҳсозии сифати таълиму тарбия беэътиборӣ нашояд. Ба таъбири Сарвари давлат бигӯем, «Таълим ва тарбия кори муқаддаси тамоми ҷомеа аст. Масъалаи ҳаёту мамот мебошад, ки аз мо доим ҳамҷиҳатӣ, фаъолӣ ва фидокориро талаб мекунад».

Бахши мактаб ва маънавияти «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: