Ағбаи «Тахтақорача» дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё воқеъ буда, яке аз мавзеъҳои диданӣ ва хушобу ҳавои минтақа ба шумор меравад. Хусусан фаслҳои баҳор ва тобистон манзараи дилфиреби ин ҷо ҳар бинандаро мафтун месозад.
Ағбаро гузашта, мусофирон ба вилояти Самарқанд мерасанд ва аз он ҷо ба самти шаҳру навоҳии дигари кишварамон роҳ пеш мегиранд. Ин масир ҳарчанд аз кӯҳи баланде убур кардаву баъд ба ҳамвориҳо мепайвандад, аз кӯтоҳтарин шоҳроҳи самти Тирмиз – Тошканд ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мусофирон низ вақти сафар аксар ин масирро интихоб мекунанд. Аммо ба далели амниятӣ фасли сармо ин роҳ як муддат баста мегардад. Барфи зиёд ва яхбандиҳои зимистон убури мурури нақлиётро халалдор месозанд ва он чандин моҳ расман аз ҷониби идораҳои дахлдор масдуд мешавад. Табиати зебои ағбаи Тахтақорача диққати сайёҳони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб месозад. Хоса, фасли гармои сол ба тафреҳгоҳҳои ин мавзеъ меоянд ва вақти худро хуш месозанд. Солҳои охир бо ривоҷ ёфтани сайёҳиву ҷаҳонгардӣ ағбаи Тахтақорач маъруфияти бештаре пайдо кард ва кунун соҳибкорони зиёде майл доранд, ки дар ин ҷо масканҳои дилхушкунанда, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, тарабхонаву ошхонаҳои миллӣ бунёд созанд. Ҳукумат низ тарҳҳои наве рӯи даст гирифт, то ба сайёҳони хориҷиву ватанӣ шароити марғуб муҳайё созад. Дар ин авохир дар Тахтақорача як идда иншооти вобаста ба туризм ва экотуризм бунёд гардиданд ва шукӯҳи ин мавзеъро боло бурданд.
Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Омад сервис қурилиш» тибқи як лоиҳа, ки 3 миллион доллар қимат дорад, як қатор корҳоро ба сомон расонид. Дар бахши аввали лоиҳа сохта шудани меҳмонхонаи 100 ҷойи будубош ва тарабхонаи оилавии 300 ҷойи нишаст дар назар дошта шуда буд. Ин иншоот дорои шароити хуби замонавӣ буда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ҳастанд. Ҳоло коргоҳи сохтмонии мазкур бунёди бахши аввали лоиҳаро ба анҷом расонид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маросими рӯнамоии он бо ширкати ҷонишини мушовири Президент Улуғбек Муҳаммадиев, ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов, роҳбарони идороти мухталиф, мӯйсафедон баргузор гардид. Таъкид шуд, ки ба кор шурӯъ кардани ин иншоот салоҳияти сайёҳии ноҳияи Китобро боло бурда, ба ҷалби ҷаҳонгардон аз тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад сохт.
Назар ба маълумоти идораи сохтмон, бахши дуюми лоиҳа дар зудтарин фурсат оғоз меёбад. Ин навбат харидан ва насб сохтани 20 ҳуҷраи капсулавӣ пешбинӣ шудааст, ки барои будубоши сайёҳон дар шароити кӯҳистон беҳтарин васила арзёбӣ мегардад. Ин капсулаҳои муҷаҳҳаз дар ҷойҳои гуногун насб мешаванд, ки аз он намои кӯҳистон ва ҳашамати ағбаи Тахтақорача сайёҳонро ба ваҷд хоҳад овард.
Бо баробари пурра ба кор оғоз кардани иншооти мазкур барои мардуми маҳаллӣ ҷойҳои нави кор пайдо мешаванд ва рӯзгори чандин нафар обод ва рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.