Дар таърихи инсоният беш аз 15 ҳазор ҷангҳои хурду калон рух додаанд. Лек ҳеч яки онҳо ба ҷанге ки аз ҷониби Олмони фашистӣ ба муқобили давлати абарқудрате бо номи СССР – Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ машҳур буд, оғоз гардида, солҳои 1941-1945 давом кард ва дар таърих бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт шуд, баробар шуда наметавонад.
Ин ҷанг, ки моҳи июни соли 1941 оғоз шуда буд, тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ – аз хурд то калон, марду занро ба ҷунбиш овард. Ҳама ба ҳимояи Ватан камар баста, дар мубориза бар муқобили душман сар боло карданд.
Душман ҷангро аз сарҳадҳои ғарбии Русия, Белорусия ва Украина оғоз намуда, ба маркази мамлакат ҳуҷум оварда, Маскавро ишғол кардан, тамоми мамлакатро ба тасарруфи худ даровардан мехост.
Лекин ҷавонмардони далер, фидоиёни Ватан аз ҳама гӯшаю канори СССР ба даст аслиҳа гирифта ба муқобили адӯ бархестанд.
Пиронсолон, занону духтарон ва ҳатто хурдсолони ақибгоҳ ҳам, ба ҷанговарон мадад мерасониданд. Онҳо дар ақибгоҳ истода меҳнат мекарданд ва барои ҷанговарон сарулибосу аслиҳа, ғизо омода мекарданд, ҳам мадади моддӣ ва ҳам маънавӣ мерасониданд.
Аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ сарулибос ва хӯрокворӣ ҷамъ оварда, барои ҷанговарон эшелонҳои мадад фиристода мешуданд. Ба ин эшелонҳо роҳбарони давлат, ташкилот ва корхонаҳо, раисони хоҷагиҳои ҷамоавӣ, олимон ва адибон ҳамроҳӣ мекарданд.
Вагонҳои пур аз либосу аслиҳа ва хӯрокворӣ ба Маскав мерасиданд ва аз он ҷо ба фронтҳо роҳӣ карда мешуданд. Ин вагонҳоро «Эшелони мададкор» меномиданд.
Бо яке аз чунин эшелонҳо Воҳид Абдуллоеви самарқандӣ, ки ҳамон солҳо рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба сафи олимон даромада буд, низ бо як гурӯҳ намояндагони давлат, роҳбарони корхонаҳо ва шоири маъруф Ғафур Ғулом ҳамроҳӣ мекунад.
Қиссаи аз Ӯзбекистон ба майдони ҷанг, ки то ба қарибии Маскав расида буд, рафтани ин эшелонро устод Воҳид Абдулло сонитар дар асари ҳуҷҷатӣ-хотиротии худ «Эшелони мададкор» хеле возеҳу равшан баён кардааст. Асар дар шакли рӯзномаи хронологӣ таълиф ёфта, дар он тасвири воқеа ва вохӯриҳо аз моҳи феврали соли 1942 то охири моҳи марти ҳамон сол ифода мегардад. Он солҳои пурошӯб ҷавонмардони донишманд ва соҳибмаърифат, ки бо илму эҷоди худ дар байни мардум шинохта шуда буданд, ҳамчун хазинаи бебаҳо эҳтиёт карда мешуданд. Дар ҳамин гуна вазъият Воҳид Абдулло, ки бо вуҷуди ҷавонияш ифтихори Ватан ҳисоб мешуд, бо амри виҷдон ва супориши Ватан ба ҳайати намояндагони бонуфуз ҳамроҳ шуд.
Гарчи воқеаҳои асар ибтидои солҳои 40-ум рух додаанд, муаллиф онро баъди бист соли рӯйдоди онҳо хеле ҷолиб баён карда тавонистааст, ки аз хотираи қавӣ ва маҳорати баланди адабию публисистии ӯ дарак медиҳад.
Асар дар жанри ёддошти сафарӣ навишта шуда, аксар қаҳрамонони он ҳамзамонони худи муаллиф мебошанд: инҳо арбоби давлатӣ, шоир, меҳнаткаши рӯзгордида, роҳбари хоҷагӣ, ду тан зани фаъоланд.
Бо вуҷуди он ки «Эшелони мададкор» дар равияи публисистӣ навишта шудааст, дорои бадеияти хубест. Дар ҷараёни баёни воқеаҳо бадеҳатан шеър гуфтани муаллиф гувоҳи маҳорати шоирии Воҳид Абдуллои донишманд аст.
Агар мо дар саҳифаҳои нахустини асар шеъри ватанпарваронаи Садриддин Айниро хонем, минбаъд гӯё дар пайравии он навишта шудани шеърҳои ватанпарваронаи худи Воҳид Абдулло, дар байни мардум қироат кардану ба назари роҳбарони вилоят афтодани шоирро мушоҳида менамоем.
Яъне Воҳид Абдулло дар қиссаи «Эшелони мададкор» на танҳо ба ҷанговарон фиристодани сару либос ва озуқа, балки расидани суханони аз қаъри дил баромадаи эҷодкоронро низ хотирнишон мекунад.
Маълум аст, ки шоирони ба ҷанг нарафтаи мо дар ақибгоҳ ҳам бо шеъру достон ва ҳикояю қиссаҳои худ, асарҳои саҳнавиашон майдони ҷанг ва воқеаҳои ақибгоҳро тавсир намуда, ҷанговаронро рӯҳан неру мебахшиданд. Яке аз чунин асарҳо «Номаи шоирони ӯзбек ба ҷанговарон» буд, ки дар зери он дар қатори Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Ойбек ва дигар шоирони маъруф имзои Воҳид Абдулло низ ба назар мерасад.
Аз саҳифаҳои ин хотираи замони ҷанг равшан мешавад, ки устод Воҳид Абдулло ҳамчун нависандаи ҳақиқатнигор низ соҳиби маҳорати хоси суханварӣ будааст. Мо инро аз тасвири манзараҳои табиат, акси қиёфаи чеҳраҳо, забони персонажҳои асар ва дигар воситаҳои маҳорати адабию бадеӣ ба хубӣ мушоҳида карда метавонем.
Ин асар, ҳарчанд қиссаи ҳуҷҷатист, муаллиф дар он устоди тавонои сухани бадеӣ будани худро нишон дода тавонистааст.
Ҳоло дар арафаи 80-солагии Ғалаба дар қатори ҳазорон нафар фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ номи устод Воҳид Абдулло ва туфайли қиссаи ҳуҷҷатии ӯ – «Эшелони мададкор» номи ҳамаи ононеро, ки аз ақибгоҳи фронт ба ҷанговарон кӯмак расонидаанд ва ин кӯмакро то майдони ҷанг бурда, ба ҷанговарон қувваву неру бахшидаанд, бо эъзозу эҳтироми хоса ба ёд меоварем. Оре, ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад!
Аслиддин Қамарзода,
Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.
Самарқанд.