ДАР ДУ МОҲ 5,2 ҲАЗОР ШАҲРВАНДИ ӮЗБЕКИСТОН БА КОРЕЯ САФАР КАРДАНД

Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар давоми моҳи январ-феврали соли 2025-ум 5,2 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Корея сафар кардаанд.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, шумораи онҳо 1,4 ҳазор нафар ё 34,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Шумораи шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2025 бо ҳадафҳои гуногун ба Ҷумҳурии Корея сафар кардаанд:

Сайёҳӣ – 3 588 нафар;

Аёдати хешовандон – 944 нафар;

Таълим – 661 нафар;

Сафарҳои хидматӣ – 47 нафар;

Табобат – 6 нафар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: