ҶУЗ КИТОБ ҲАМНАФАС НАБУД МАРО...

Андешаҳои мутафаккирон дар бораи китоб

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде...

Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,

Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дур.

***                                                                       

Бикун з-ин корхона дар кутуб рӯй,

Хаёли хешро деҳ бо кутуб хӯй.

Зи доноён бувад ин нукта машҳур,

Ки: «Дониш дар кутуб, доност дар гӯр».

Абдураҳмони Ҷомӣ

*** 

Воқеан, нест ҷуз китоб анис,

Гуфтаанд: – «Ал-китобу хайру ҷалис».                                               

***

Сари савдои кас набуд маро,

Ҷуз китоб ҳамнафас набуд маро.

Камолиддини Биноӣ

***

Китобро дӯст доред, вай ҳаёти шуморо осуда мегардонад, дар вақти сарпечӣ ва нокомиҳои ниҳоят сарбаста, фикр, ҳиссиёт, воқеаҳо дӯстона ёрӣ медиҳад. Вай ба хираду қалб ҳисси муҳаббатро нисбат ба ҷаҳон, ба инсоният мекушояд.

М. Горкий

***

Китоб – сарчашмаи илму адаб ва калиди хазинаи панду ҳикматҳост.

  *  *  *

Китоб офтобест, ки нури он дилро шоду манзилро обод месозад.

*  *  *

Китоб қутбнамоест, ки хонандаашро аз роҳҳои баду каҷ огоҳ сохта, ба сӯи покию парҳезкорӣ, ростиву росткорӣ, итоаткорӣ, хислатҳои неки инсонӣ ҳидоят мекунад.

*  *  *

Китоб хазинаи сеҳрнокест, ки ҳар қадар сарф намоӣ, ҳамон қадар пурра мегардад.

*  *  *                            

Надоштани китоб ва нахондани он барои инсон нодонию  гумроҳӣ ва дар зулмат будан аст.

*  *  *                                  

Ҳар як китоби хондаат, мисли як зинаи биноест, ки туро ба ошёнаи болотар мебарад.

Алӣ Муҳаммадхони Пӯлодӣ,

Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: