МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ ШАБАКАИ МАГИСТРАЛИИ ОБИ ОШОМИДАНӢ ОҒОЗ ЁФТ

Дар доираи ташаббусоте, ки Президенти мамлакат зимни сафари худ ба вилояти Сурхондарё дар рӯзҳои 1-2 июни соли 2021 пешниҳод намуда буд, ҳоло корҳои сохтмонии шабакаи магистралии оби ошомиданӣ дар масофаи 382 километр, ки аз обанбори "Тӯпаланг" то шаҳри Термиз тӯл мекашад, идома дорад.

Тавассути ин лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ тахминан 2 миллион нафар аҳолӣ, ки дар ноҳияҳои Сариосиё, Деҳнав, Олтинсой, Шӯрчӣ, Қумқӯрғон, Ҷарқӯрғон, Тирмиз, Бандихон, Қизириқ, Ангор, Музработ ва Шеробод, инчунин шаҳри Термиз зиндагӣ мекунанд, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Чанде пеш муовини Сарвазир Очилбой Раматов бо сафари корӣ ба вилояти Сурхондарё омад ва бо ҷараёни корҳое, ки дар доираи лоиҳа амалӣ мегарданд, шинос шуд. Дар доираи ташриф дар ноҳияҳои Термиз ва Бандихон бо иштироки пиронсолон, фаъолон ва намояндагони ҷамъиятӣ вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов, раиси шӯрои ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" Абдуғаффор Сангинов, масъулони вазорату идораҳои дахлдор, иҷрокунандагони лоиҳа, муҳандисону сохтмончиён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.

Пас аз вохӯрӣ, дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа сохтмони 28,6 километр қубурҳои дохилии металлӣ дар ноҳияи Термиз, 2,3 километр дар ноҳияи Бандихон ва шабакаи магистралии оби ошомиданӣ ба масофаи 9,4 километр оғоз ёфт.

Сурайё НОРМАНӢ,

муҳаррири Ширкати симо ва садои вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: