ҲАМКОРИҲОИ БОНКҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Раиси Бонки марказӣ Тимур Ишметов бо муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар шаҳри Тошканд мулоқот карданд, ки дар он тавсеаи ҳамкории байнибонкии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории низоми бонкии ду давлатро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии баимзорасида, аз ҷумла созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи назорати иштирокчиёни бозори хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ, назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, инчунин зарурати афзоиши шабакаи муносибатҳои муросилотӣ байни низомҳои бонкӣ, омӯзиши таҷрибаи тарафайн дар самти татбиқи стратегияи фарогирии молиявӣ ва тадқиқот муҳокима намуданд.

Такид шуд, ки Тоҷикистон бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва геополитикӣ, инчунин умумияти решаҳо ва робитаҳои таърихан ташаккулёфта байни халқҳои ҳарду давлати ба ҳам дӯст ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд бо Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки робитаҳои мустаҳками иқтисодӣ байни ду давлати ҳамсоя барои ҳамкории дарозмуддат байни низоми бонкӣ муҳим дониста мешавад.

Ҷонибҳо инчунин доир ба дигар самтҳои ояндадори ҳамкории низомҳои молиявии ҳар ду давлат, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ дар доираи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил бо асъори миллӣ, инчунин мубодилаи таҷриба бо истифода аз таҷрибаи гузаронидани машваратҳои дуҷониба, таҷрибаомӯзӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои таълимӣ табодули афкор намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: