Дар пайи заминларзаи рӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст. Дар ин бора “Азия-плюс” бо истинод ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми апрел хабар додааст.
Бино ба ин маълумот, дар деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кӯл, Аскалон ва Хулаки ноҳияи Рашт 40 хона пурра ва 5 хона қисман вайрон шудаанд. Инчунин, дар ҳудуди ин деҳаҳо 3 чойхона ва мактаби рақами 56 зарар дидаанд. Ғайр аз ин, ин ниҳод аз ҷон бохтани як кӯдак аз ноҳияи Рашт дар натиҷаи заминҷунбии дирӯза низ хабар дода буд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод дар деҳаи Ғанишоби ҷамоати Калъаи Лаби Об ба 12 хона пурра, 15 хона қисман, 38 хона сатҳан, 30 иншооти ёрирасон ва 1 маркази тиббӣ зарар расидааст.
Ҳамчунин, дар дар деҳаи Анвари Каландарови ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳии Тоҷикобод 6 хона пурра, 12 хона қисман, 2 хона сатҳан, 20 иншооти ёрирасон пурра ва 1 чойхона қисман осеб дидаанд.
Дар деҳаҳои Сари Чашма, Бӯстон ва Кӯликалони ин ноҳия бошад, 30 хона пурра, 10 хона қисман, 20 хона сатҳан, 1 мактаб ва 136 иншооти ёрирасон пурра ва 1 чойхона қисман осеб дидаанд.
Дар маҷмӯъ, гуфтаи КҲФ, дар ноҳияи Тоҷикобод 54 хона пурра, 45 хона қисман, 61 хона сатҳӣ, 2 мактаб, 196 иншооти ёрирасон, 3 чойхона ва 1 муассисаи тиббӣ зарар дидаанд.
Дар ин ноҳия талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.