ДАР ЯРМАРКА ЗИЁДА АЗ 2,5 ҲАЗОР НАМУДИ МАҲСУЛОТ БА НАМОИШ ГУЗОШТА ШУД

Дар шаҳри Нурафшон «Ярмаркаи саноатии байнисоҳавии минтақавӣ» баргузор гардид.

Мақсад аз ин ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ дар таъмини маҳсулоти воридотивазкунанда ба корхонаҳои бузурги шабакавии кишварамон аз ҷониби намояндагони соҳибкории хурду хусусии маҳаллӣ мебошад.

Бо назардошти ин, дар ярмаркаи дурӯза зиёда аз 10 соҳаю вазоратҳо, инчунин корхонаҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти худ иштирок карданд. Аз ҷумла, беш аз 300 корхонаи саноатии вилояти Тошканд бо зиёда аз 2,5 ҳазор намуди маҳсулот ва наздики 50 соҳибкор аз дигар вилоятҳо ширкат варзиданд.

Чунин ярмаркаҳо истеҳсолкунандагонро бо харидорон пайваст намуда, онҳоро бо бозори кафолатнок таъмин мекунанд. Аз ҷумла, дар ярмаркаи саноатие, ки соли гузашта дар вилоят барпо гардид, ба маблағи қариб 600 миллиард сӯм шартнома имзо шуд, ки далели равшани ин аст.

Суратгир: А. Алиҷонов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: