Осорхонаи ёдгории намояндаи бузурги адабиёт ва илми замони мо, устод Садриддин Айнӣ мавзеи писандидаву ифтихории тамоми тоҷикон аст.
Аз ин рӯ, мо мекӯшем, ки ба ин рисолати дар зиммаи мо гузошташуда мувофиқат кунем.
Равшан аст, ки осорхонаҳо ба мақсадҳои таблиғи ин ё он сиёсат, ҳадаф ва арзишҳои мушаххаси илмиву фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.
Хона-музейи устодро бинобар ҷавобҳое, ки нависанда, олим ва арбоби давлатӣ ба пурсишҳои иҷтимоӣ дошту ҳоло ҳам дорад, ташкил кардаанд. Мероси эҷодӣ ва илмии ӯ мероси умумиинсонӣ, умумибашарӣ мебошад, ки дидгоҳҳои решавӣ ва устуворро ба ҷараёни рӯйдодҳои таърихӣ, нақш ва ҷойгоҳи адабиёт, забон ва мардуми тоҷик дар рушди тамаддуни умумиинсонӣ мушаххас сохтааст.
«Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод дар ин бобат беназир аст. Аз баландии имрӯз тасаввур кардан душвор аст, ки он на танҳо барои эҷодиёти худи Айнӣ, балки барои тамоми миллат чӣ маъно дошт. Сарфи назар аз он, ки ҳаёти нависанда дар хатар қарор дошт, ӯ ҳақ будани худро пойдорона муҳофизат кард, баъзан бо онҳое, ки иддао доштанд, миллати тоҷик, забон, таърих ва ба хусус адабиёту фарҳанги бузурги худро надоранд, дасту гиреҳбон мешуд.
Фаъолияти асосии хона-музей, пеш аз ҳама, ба таблиғи рӯзгор ва осори Садриддин Айнӣ ба ҳайси як нависандаи бузургест, ки дар қатори нависандагон Шекспир, Балзак, Робендранат Тагор, Максим Горкий, Салтиков-Шедрин қарор гирифтааст.
Мо Хона-музейи ёдгории Садриддин Айниро, ки барои ӯ хеле азиз буд, эҳтиромона «Хонаи мо» меномем.
«Пас аз инқилоби феврал, ман аз Бухорои амирӣ ба Самарқанд гурехтам ва дар ин ҷо барои истиқомати доимӣ ҷойгир шудам. Пас аз Инқилоби Сотсиалистии Октябр, ман худам дар Самарқанд хона сохтам ва фаъолияти эҷодии ман асосан аз ҳамин хона оғоз ёфт. Аз «Ҷаллодони Бухоро» сар карда, то «Хотираҳо», ки ҳоло дар болои қисми VI он корамро идома медиҳам, тамоми асарҳои бадеӣ ва илмӣ дар ин хона навишта шуда буданд...
Ин хона, гӯё дар фаъолияти эҷодии ман ҳамсафари ман гашт; ҳама ҳуҷраҳо, ҷевонҳо ва ҷойгоҳҳои деворӣ дар он аз лоиҳаҳо ва дастхатҳои асарҳои ман пур буданд ва ба назарам, ҳар хишти ин хона бо кори ман зич алоқаманд аст...» гуфтааст Айнӣ.
Дар ин хона тақрибан тамоми шоирону нависандагони тоҷику ӯзбек дуою ризояти Устодро гирифтаанд. Хона ба мактаби Айнӣ табдил ёфт, ки тартиб ва анъанаҳои хоси худро дошт. Таҳсил дар ин мактаб барои аксари адибон шараф буд. Дар ин хона чунин як фазои бузурги илҳом, ҷустуҷӯйи камолот ташаккул ёфт, ки то имрӯз идома дорад. Худи ҷойгиршавии хона рамзист. Охир, хона дар рӯ ба рӯйи ансамбли бошукӯҳи Регистон ҷойгир аст, ки замоне дар он донишгоҳи олими бузург, арбоби давлатӣ Мирзо Улуғбек фаъолият мекард. Хона дар маҳаллаи Растаи Нав ҷойгир буд, ки дар он нависандагон, навозандагон, устодони санъати амалии халқӣ зиндагӣ мекарданд. Ба ин ҷо беҳтарин намояндагони илм, санъат, фарҳанг ва адабиёт чамъ меомадаанд, истеъдодҳои нав тавлид мешуданд, ситораҳои нав фурӯзон мегардиданд...
Дар ин хона Айнӣ дар ташаккулёбии Тоҷикистон, аввал ҳамчун ҷумҳурии автономӣ ва сипас ба сифати ҷумҳурии алоҳида ва мустақил, ширкат варзид. Аз ин хона Айнӣ, ҳамчун нахустин президенти Академияи илмҳо, раванди илмиро дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Дар ин хона рӯзномаҳои «Ҳуррият», «Овози тоҷик», маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ташаккул ёфтанд. Дар ин хона нависанда тақрибан тамоми асарҳои бадеӣ ва илмии худро эҷод кард.
Шукр, ки хона пас аз фаромӯшии чандинсола соли 1964, ба шарофати шогирди содиқи устод, нависандаи маъруфи ӯзбек, арбоби давлатӣ Шароф Рашидов мақоми осорхонаи давлатиро гирифт. Ва баъдан бинобар таваҷҷуҳи шахсии роҳбари кишварамон Шавкат Мирзиёев хона гӯё дубора «таваллуд» шуд.
Дар он корҳои таъмирӣ ва сохтмони асосӣ гузаронида шуданд, экспозитсияҳои наве фароҳам гардиданд, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ дар солҳои истиқомати ӯ дар Самарқанд нақл мекунанд.
Имрӯзҳо дар осорхона замимаи «NAZZAR» амал мекунад, меҳмонон имкон доранд, тавассути «Осорхонаи интеллектуалӣ» дар бораи хона-музей, ҳаёт ва фаъолияти самарқандии Айнӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот бигирад. Барои шиносоӣ бо осорхона дар режими интерактив мундариҷаи иловагӣ ҳувайдост.
Ҳамаи ин хеле муҳим аст, аммо муҳимтар аз ҳама, зиёд шудани сафи бинандагонест, ки аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ташриф меоваранд, ин хона барои онҳо низ ибодатгоҳи фарзанди бузурги халқи тоҷик мебошад.
Амриддин ПӮЛОДӢ,
мудири Хона-музейи ёдгории Садриддин Айнӣ.