РОЗИЯ – НАБЕРАИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Розия Ҷалолова – ин хонуми хушқадду қомат ва камсухан дар шуъбаи мо ҷойгоҳи махсус дошт. Вазифаи ӯ дикторӣ буд. Асосан барномаҳои адабии «Чашма» ва «Номаҳои дил»-ро мебурд. Ба кор муносибати хеле ҷиддӣ, саводи хуб дошт, факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошкандро соли 1986 бо дипломи имтиёзнок хатм карда буд.

 

 

8-уми феврали соли равон аз дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, муаллифи чандин рисола оид ба рӯзгори академик Ғафуров Шавкат Шарипов, ки ӯро аз соли 1979 мешиносам, паёми хуш расид. Номбурда гуфт, ки ба Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров китоби хотираҳои духтари олим ва арбоби бузурги давлатӣ – Нинел Ғафурова зери унвони «Розия» расидааст ва дар он мақолаи шумо низ ҳаст. Акои Шавкат илова кард, ки «Китоб фақат як нусха аст, нусхабардорӣ карда мефиристам». Аммо ман маҷоли гуфтушунид надоштам. Зеро пас аз 21 соли он ҳодисаи фоҷиабор номи ӯро боз мешунидам ва хотираҳоям оид ба Розияи соҳиби ҳусну латофати нотакрору дониши амиқу маҳорати баланди гӯяндагӣ дубора зинда шуданд. Аз тақдир шукргузор будам, ки дар бораи ӯ китобе чоп шудааст. Чанд фурсат гузашту нусхаи ксерокси китоб, ки дар нашриёти «Наталис»-и Маскав ба табъ расидааст, ба дастам расид.  Оре, муаллиф духтари фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров – Нинелхонум шарқшиноси номӣ, мутахассиси варзида оид ба таърихи ташаккули афкори фалсафии Ҳинд ба ҳисоб меравад.

Аслан мо бояд ба қадри ёру дӯстон (хоҳ ҷавонанд, хоҳ пиранд) дар зиндагиашон бирасем. Бояд дарк кунем, ки ҳама пасу пеш меравем. Аммо марги нобаҳангом касро сахт ба риққат меоварад. Даргузашти фоҷиавии Розия моро айнан ба чунин ҳолат оварда буд.

Соли 1996 дар шуъбаи барномаҳои форсии радиои байналмилалии Тошканд ба кор оғоз намудам. Дар шуъба донандагони забони форсӣ-тоҷикӣ зиёд буданд. Яке аз онҳо Шавкатхонум Гударзӣ буд, ки аз соли 1947, яъне аз замони таъсиси гуфторҳо барои Эрон кор мекард, ӯ гӯяндаи пуртаҷриба буд. Дигаре мутахассиси эрониасл Куруши Лутфободӣ буд. Аз Валерий Иброҳимови курднажод асрори мутарҷимиро омӯхтан мумкин буд. Аммо Розия Ҷалолова – ин хонуми хушқадду қомат ва камсухан дар шуъбаи мо ҷойгоҳи махсус дошт. Вазифаи ӯ дикторӣ буд. Асосан барномаҳои адабии «Чашма» ва «Номаҳои дил»-ро мебурд. Ба кор муносибати хеле ҷиддӣ, саводи хуб дошт, факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошкандро соли 1986 бо дипломи имтиёзнок хатм карда буд.

Дар тарҷумаи барномаву матлабҳо хатоҳои ҷиддиро ислоҳ менамуд ва онҳоро бо шеваи хеле гуворо мехонд. Дар қироати шеъри форсӣ-тоҷикӣ низ лаёқат дошт. Барномаҳое, ки бо садои Розия ба мавҷи ҳаво пахш мешуданд, аз дили шунавандагон ҷой мегирифтанд, инро аз номаҳое, ки ба унвони радио мерасиданд, дарк кардан мумкин буд.

Розия чун донист, ки ман зодаи Истаравшан ҳастаму дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардаам, малеҳона ва бо табассуми маҳин гуфт: Мову шумо ҳамватанем. Агар муаррих бошед, бешак, бобои маро хуб мешиносед, яъне академик Бобоҷон Ғафуровро!

Ростӣ, дар ҳайрат мондам, бо набераи ин шахсияти бузург дар як ҷо кор мекардам!

– Акнун донистам, ки чаро номи шуморо Розия гузоштаанд. Зеро номи модаркалонатон – модари академик ва арбоби барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ Розия Озод буд.

– Оре, – гуфт хоксорона Розия, – модарам Нинел Бобоҷоновна дар Душанбе ба дунё омада, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Тошканд аст. Падарам Тошмирзо Холмирзоевро ҳам шояд шиносед. Он кас мутахассиси забони урду мебошанд.

– Бале, то ҷое медонам, шарқшиноси шинохта Т. Холмирзоев муаллифи аввалин «Луғати урдую ӯзбекӣ» буд.  Солҳои зиёд дар сафорати Ӯзбекистон дар Покистон кор кардааст. Барои хидматҳояш бобати тарғиби забони урду дар Ӯзбекистон бо ордени «Ситораи имтиёз»-и Покистон мукофотонида шудааст. Аммо иттифоқи ин оила дер давом накардааст. Умри Тошмирзо дароз бод!

Нинел Ғафурова пас аз хатми аспирантураи шуъбаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР дар Ленинград рисолаи номзадиро ҳимоя карда, то соли 1987 дар ҳамон ҷо вазифаи сарходими илмиро адо намуд. Пас аз он ба Маскав омада, дар пажӯҳишгоҳ фаъолияти илмиро идома додааст. Муаллифи даҳҳо рисола ва мақолаҳои илмӣ оид ба афкори динию фалсафии сарзамини Ҳинд мебошад.

Розия таассуроти некашро дар бораи бобояш, меҳрубониҳои вай, зодгоҳи ӯ шаҳри Хуҷанд, деҳаи Исфисор, инчунин Душанбе нақл намуд. Ман айни замон ба ӯ дар бораи таҷлили 70-солагии Б. Ғафуров моҳи декабри соли 1979 дар Душанбе, вохӯрии донишҷӯёни факултет бо ҳамсари ӯ –  муаррих Капиталина Александровна Ғафурова ва директори Институти шарқшиносӣ Е. М. Примаков ва шогирдони академик аз тамоми Иттифоқ ҳикоя намудам. Ҳамин тавр мо бо ҳамдигар унс гирифтем.  Аммо фикр мекардам, ки ҳоло фурсат бисёр асту минбаъд дар бораи бобояш Б. Ғафуров ва модаркалонаш – арбоби ҳизбӣ ва журналист Карима Ҳамидовна Одилова бисёр ва тӯлонӣ суҳбатҳо хоҳем кард. (Дарвоқеъ, К. Одилова зотан аз қабардинҳои Қафқоз буда, модараш Нурҷаҳон Бесакаева аз ҷумлаи инқилобиён будааст. Номи аслии Карима, тавре ки Нинел Бобоҷонова навиштааст, Каъба аст. Ба коммунисти ӯзбек Раҳимҷон Одилов ба шавҳар баромада, ба Ӯзбекистон меояд. Р. Одилов дар мақомоти ҳизбии вилояти Қашқадарё кор мекунад. Соли 1931 Карима ба Маскав барои таҳсил меравад. Баъдтар дар институти журналистика таҳсилро давом дода, он ҷо бо Б.Ғафуров шинос мешавад ва минбаъд аҳду паймон намуда, хонадор мешаванд. Аммо пас аз хатми донишкада Б. Ғафуров ба Тоҷикистон, ҳамсараш ба Ӯзбекистон бармегардад. Ӯ соли 1939 ба Душанбе меояд ва он ҷо Нинел – духтари Б. Ғафуров ба дунё меояд).

Суҳбати тӯлонӣ бо Розия насиб накард. Барои ин, ростӣ, чандин кӯшиш ҳам накардам, ки то ҳоло пушаймонам.

Охири солҳои 90-ум дар Тошканд чандин ширкати эрониву покистонӣ, арабӣ, туркӣ пайдо шуданд.  Талабот ба мутарҷимон хеле зиёд буд.  Албатта маош дар ширкатҳо нисбат ба Ширкати радио ва телевизион бештар буд. Аз шуъбаҳои мухталифи Радиои байналмилалии Тошканд кадрҳои соҳибистеъдод ба кори фирмаҳо гузаштанд Аз ҷумла, Розия ба фирмаи дорусозии «Доктор Обидӣ»-и Эрону Ӯзбекистон ва Англия шомили кор шуд. Ӯ намояндагии ин фирмаи бонуфузро дар тамоми Ӯзбекистон ба зимма дошт. Аз ин рӯ, соли 2000-ум шуъбаи форсиро тарк кард ва дигар мо бо ӯ мулоқот карда наметавонистем. Кош, бо мо мемонд!

7-уми феврали соли 2004 аз хусуси дар хонааш кушта шудани Розия ва духтараш Нозия, ки дар синфи 8-ум таҳсил дошт, хабар расид. Ӯ 42-сола буд. Чанд рӯз ба худ наомадем.  Вазъи онрӯзаи хонаашро тасвир карда наметавонам. Тафтишот қатли ӯро аз тарафи   ду нафар марди ҷоҳил бо фаъолияти тадбиркории вай вобаста донист. Дар маросими ҷанозаи Розия ва Нозия иштирок карда натавонистем. Зеро санааш маълум набуд. Бино ба гуфти дугонаи наздики ӯ Фирӯза Исомуҳаммедова, марҳумон дар қабристони «Минор» дафн шудаанд. 

Пас аз ду ё се моҳи ин воқеа корманди шуъбаи форсӣ Валерий Иброҳимов хабар дод, ки модари Розия аз Маскав омадааст ва   ният дорад бо ман суҳбат кунад. Ман нашри форсии китоби Аҳрор Мухторов ва Шавкат Шариповро зери унвони «Академисион Бобоҷон Ғафуров» барои гирифтани соядасти ӯ бо худ гирифтам. Нинел Бобоҷоновна хеле хастаҳол ба назар мерасид. Дар хонаи Розияи раҳматӣ ҳарф задан хеле мушкил буд. Модари бечора гоҳе боҳушу гоҳе беҳуш гирякунон гап мезад. Аз мо хоҳиш намуд, ки аз рӯзгору фаъолияти Розия хотираҳои худро нависем. Ва чанд нафар (ман ҳам) ин корро анҷом додем, ки аз китоби «Розия» ҷой гирифт. Китоб ғайр аз чакидаҳои хотираҳои ошуфтаи мо маълумоти гаронбаҳоро дар бораи академик Б. Ғафуров, аҷдоди ӯ, аҳли хонавода ва нуфузи байналмилалии ин фарзанди обрӯманди халқи тоҷик беҳтарин суратҳо ва дастнависҳо аз давраҳои гуногуни зиндагии академик дар бар гирифтааст. Аз фурсат истифода бурда, ба муаллифи он арзи сипос менамоем.

Шоқаҳҳор Салимов,

узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: