Президент Шавкат Мирзиёев 14 апрел бо пешниҳоди лоиҳаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва сохтмон шинос гардид.
Дар маҷлиси видеоселекторӣ, ки 9 апрел баргузор шуд, Сарвари давлат таъкид кард, ки ба шарофати таърихи ғанӣ, фарҳанг ва табиати нотакрори Ӯзбекистон, шумораи сайёҳонро 2–3 баробар зиёд кардан мумкин аст.
Яке аз маконҳои барои рушди сайёҳӣ умедбахш маҷмааи “Дарвозаи Чорвоқ” дар ноҳияи Бӯстонлиқ мебошад. Моҳи декабри соли гузашта Президент шахсан бо раванди сохтмони он шинос шуда буд ва чанде пеш марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа ба анҷом расид. Ба таркиби маҷмаа 16 бинои бисёрошёна, 3 меҳмонхона, иншооти тиҷоратӣ ва хидматрасонӣ, қаҳвахона ва ресторанҳо, идораи бонк ва таваққуфгоҳи мошинҳо дохил мешаванд. Бар боми биноҳо панелҳои офтобӣ насб карда хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни тақдимот марҳилаҳои минбаъдаи рушди маҷмаа ва тадбирҳо оид ба боло бурдани ҷолибияти сайёҳии он пешниҳод шуданд. Ҳамзамон ташаббуси сохтмони неругоҳи хурди обӣ дар рӯди Чирчиқ барои таъмини маҷмаа бо неруи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза садо дод.
Боз як лоиҳаи дигар — сохтмони океанариум дар ноҳияи Яшнободии пойтахт мебошад. Ин иншооти нави сайёҳӣ дар масоҳати 20 гектар дар соҳили рӯди Чирчиқ ҷойгир мешавад. Дар шафати он сохтмони маҷмааи тиҷоратӣ-меҳмонхона низ дар назар аст, ки боиси таъсиси 1600 ҷойи нави корӣ мегардад.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Яккасарой сохтмони маҷмааи истиқоматӣ-тиҷоратӣ бо хонаҳои баландошёна, боғчаҳо, мактабҳо, марказҳои варзишию солимгардонӣ, меҳмонхона ва идораҳо пешбинӣ шудааст.
Президенти кишвар зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва инфрасохтории лоиҳаҳоро таъкид намуда, супориш дод, ки нақшаи равшани чорабиниҳо таҳия карда шавад. Шахсони масъул вазифадор шуданд, ки муҳлат ва талаботи сифатро дақиқ муайян намуда, назорати қатъии раванди иҷрои лоиҳаҳоро таъмин кунанд.