ПРЕЗИДЕНТ БА АНДИҶОН ОМАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел бо мақсади ошноӣ бо рушди минтақаҳо ва ҳаёти мардум ба вилояти Андиҷон омад.

Тағйироти минтақа аллакай дар “дарвозаи ҳавоӣ” эҳсос мегардад. Дар доираи корҳо бобати рушди инфрасохтори нақлиётии мамлакат, фурудгоҳи байналмилалии Андиҷон низ бозсозӣ карда мешавад.

Ҳангоми ташриф ба Сарвари давлат дар ин бора маълумот дода шуд.

Аэропорти соли 1978 сохташуда, дигар ба талаботи замони имрӯза ҷавоб намедод. Ба далели маҳдуд будани зарфияти борбардории пайроҳаҳои парвоз, мавҷуд набудани низоми рӯшноидиҳии замонавӣ имкони қабули парвозҳо маҳдуд буд.

Ҳоло марҳилаи нахустини корҳои таъмирӣ анҷом ёфт. Роҳрави нави парвоз бо дарозии 3 300 метр ва паҳнои 60 метр, пайроҳаи ҳаракат ва таваққуфгоҳи самолётҳо сохта шуданд. Низоми заҳбурҳо нав гардида, обҳои зеризаминӣ барҳам дода шуданд. Инчунин, дар ин ҷо сохтмони пайроҳаи дувуми ҳаракат, насби радар, таҷҳизоти замонавии радарӣ, метеорологӣ ва рӯшноии навъи CAT-II мутобиқи меъёрҳои IKAО идома дорад.

Дар натиҷа фурудгоҳ метавонад ҳавопаймоҳои бузурги " Boeing" ва "Airbus", инчунин, парвозҳоро шабона ва дар шароити номусоиди обу ҳаво қабул кунад. Ин ба 10 баробар афзудани парвозҳои ҳаррӯза имкон медиҳад.

Акнун, дар марҳилаи дувум аз нав сохтани терминали мусофирон дар назар аст. Тавассути ин, иқтидори хидматрасонӣ ба мусофирон соате аз 300 то 1000 мусофир ва шумораи парвозҳо соле аз 584 ба 3700 меафзояд. Ин барои афзудани теъдоди парвозҳо ба шаҳри Андиҷон ва водии Фарғона мусоидат мекунад.

Дар аэропорт, ки фаъолияти худро аз нав оғоз кард, ҳоло парвозҳо дар хатсайри Тошканд – Андиҷон – Тошканд амалӣ мегарданд.

Сарвари давлат бинобар роҳандозии идоракунии самарабахш, арзон кардани хизматрасониҳо ва зиёд кардани шумораи парвозҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ супоришҳо дод.

Умуман, дар мамлакат ҷиҳати таҷдиди аэропортҳо корҳои бузург амалӣ мегарданд. Солҳои гузашта фурудгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз, Урганҷ, Шаҳрисабз, Мӯйноқ, Қӯқон ва Зомин нав гардиданд. Боз дар як қатор вилоятҳо раванди бозсозӣ идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: