КОРХОНАИ НАВИ КЛАСТЕРИ БОФАНДАГӢ БА КОР ОҒОЗ КАРД

Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи нави кластери “WBM Romitex”, ки дар шаҳри Андиҷон бунёд гардид, шинос шуд.

Ин корхона, ки “WBM Fabrics” ном дорад, марҳилаи навбатии силсилаи коркард мебошад. Дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 50 миллион доллар иншооти замонавии саноатӣ бунёд гардида, дар он таҷҳизоти баландтехнологии Италия ва Олмон насб карда шуданд. Рангкунии матоъ ва гуландозӣ ба он роҳандозӣ гардид. Корхона соле иқтидори истеҳсоли 24 ҳазор тонна чунин маҳсулоти харидоргирро дорад. Дар доираи лоиҳа 600 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.

Боз як ҷиҳати дорои аҳамият, дар маҷмаа бунёд гардидани иншооти замонавии обтозакунист, ки аз Италия оварда шудаанд. Дар он оби техникие, ки аз коргоҳи рангубор мебарояд, тоза гардида, аз нав истифода мешавад. Ин дар сарфакорӣ ва таъмини устувории экологӣ нақши муҳим дорад.

Сарвари давлат аз раванди кор дар корхона боздид овард ва бо коршиносон мулоқот намуд. Дар бораи масъалаҳои истифодаи босамари майдонҳои истеҳсолӣ, кам кардани арзиши аслӣ аз ҳисоби сарфаи барқ, такмил додани таҷрибаи касбии кормандон ҳарф зад.

Бояд гуфт, ки фаъолияти корхона ба бозори хориҷӣ ихтисосонида шудааст ва ҳаҷми содироти солона 55 миллион долларо ташкил менамояд.

Дар вилояти Андиҷон саноати бофандагӣ босуръат рушд мекунад. Дар низоми кластери замонавӣ коркарди амиқи пахтае, ки дар минтақа парвариш шудааст, вусъат меёбад. Ҳиссаи вилоят дар саноати бофандагии ҷумҳурӣ 16,5 дарсад аст. Соли 2024 дар Андиҷон ба маблағи 20 триллион сӯм маҳсулоти бофандагӣ истеҳсол гардида, ба маблағи 488 миллион доллар содир шудааст. Ин 42 дарсади содироти умумии вилоятро ташкил медиҳад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: