ӮЗБЕКИСТОН БА ФОРУМИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ СММ МИЗБОНӢ МЕКУНАД

Имсол Форуми хадамоти давлатии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад. Ба ин ҳамоиши бонуфуз ва бори аввал Ӯзбекистон мизбонӣ мекунад.

Чорабинии байналмилалӣ, ки баргузории он рӯзҳои 23–25 июни соли 2025 дар назар аст, дар маҷмааи "Silk Road Samarkand" баргузор хоҳад шуд.

Ин ҳамоиши глобалӣ вазирон, меҳмонони баландпоя, роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва навоваронро барои мубодилаи афкор доир ба ояндаи хадамоти давлатӣ гирди ҳам меорад.

Чорабинӣ таҳти унвони "Панҷ сол то соли 2030: Тезонидани хидматрасонии давлатӣ барои ояндаи устувор" баргузор гардида, аз ҷониби Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UN DESA) дар ҳам корӣ бо Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон, Агентии ислоҳоти стратегӣ ва Агентии рушди хадамоти давлатӣ ташкил карда мешавад.

Н.АБДУРАИМОВА,

мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: