Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти мақсадҳои асосии вилояти Андиҷон, ки барои соли 2025 пешбинӣ шудааст, шинос гардид.
Дар чоряки аввали соли равон дар натиҷаи татбиқсозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бо иштироки бонкҳои тиҷоратӣ 77 ҳазор нафар шаҳрванд бо кор таъмин гардиданд.
Дар маҷмуъ соли 2025 ҷамъ 166 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллиарду 700 миллион доллар татбиқ хоҳад шуд. Дар натиҷа 31 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода мешаванд. Хариди 31 номгӯи маҳсулоти нав роҳандозӣ шуда, барои содирот ба маблағи 1,5 миллиард доллар имкон фароҳам меояд. Барои бо энергияи устувор таъмин намудани корхонаҳо 65 мегаватт иқтидори нав сохта мешавад.
Бо идома додани ин корҳо, чун ҳадаф то охири сол бо кори даромаднок таъмин кардани ҷамъ 305 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.
Дар тақдимот ба масъалаҳои диверсификатсияи иқтисодиёт, рушди саноат, роҳандозии технологияҳои нав, афзунсозии иқтидори истеҳсолӣ диққати махсус дода шуд. Соли 2025 ба 5,5 дарсад расонидани суръати рушди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.
Президент ба масъулин дастур дод, ки лоиҳаҳоро сари вақт амалӣ намуда, мардумро бо шуғли даромаднок таъмин созанд ва бекоронро ба касбу кор равона кунанд.