Тақрибан 2 ҳазор нафар дар натиҷаи тӯфони чанголуд дар Ироқ аз нафастангӣ осеб диданд

  • Тақрибан 2 ҳазор нафар дар натиҷаи тӯфони чанголуд дар Ироқ аз нафастангӣ осеб диданд

Бар асари тӯфони рег дар Ироқ беш аз 1800 нафар, аз ҷумла кӯдакон, аз нафастангӣ ранҷ мекашанд. Дар ин бора рӯзномаи «Asharq Al-Awsat» хабар додааст.

Бино ба маълумоти  вазорати тандурустии мамлакат, беш аз 700 нафар бо аломатҳои тангии нафас ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Бар асари офати табиӣ фурудгоҳҳои Наҷаф ва Басра (дуюмин фурудгоҳи бузурги кишвар) фаъолияташонро муваққатан боздоштанд, хабар медиҳад kommersant.ru.

Бар асари тӯфон масофаи боздид тақрибан як километр коҳиш ёфт.

Сарсадорати обуҳавошиносӣ ва мушоҳидаҳои сейсмикии Вазорати нақлиёти Ироқ хабар дод, ки шаҳрҳои ҷануб ва марказии Ироқ бештар осеб дидаанд. Бино ба гузоришҳо, тӯфони рег аз шарқи Арабистони Саудӣ ва ҷанубу ғарби Ироқ ҳаракат мекунад.

Тибқи андешаи коршиносон, теъдоди тӯфонҳои регӣ дар Ироқ метавонад афзоиш ёбад, хабар медиҳад " Asharq Al-Awsat ". Нашрия ёдовар мекунад, ки СММ Ироқро чун яке аз панҷ кишвари ҷаҳон арзёбӣ кардааст, ки аз тағйироти иқлим аз ҳама бештар осеб дидааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: