Бо ташаббуси Кумитаи сайёҳӣ дар шаҳрҳои Лоҳур, Карачӣ ва Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшида ба тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишварамон чорабиниҳои "Road show" баргузор гардиданд.
Дар чорабиние, ки дар пойтахти Покистон — шаҳри Исломобод доир гардид, раиси Кумитаи сайёҳӣ Умед Шодиев, директори Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон Афтаб ур Раҳмон Рано ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Покистон Алишер ТҒхтаев иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши тақдимоти “Ӯзбекистон — гавҳари Роҳи Абрешим” ва вохӯриҳои “B2B”, “G2B” ва “G2G” миёни операторони сайёҳии ду кишвар баргузор гардиданд. Ҳамзамон, тақдимоти ширкати миллии ҳавонавардии “Uzbekistan Airways” низ муаррифӣ карда шуд. Дар ин тақдимотҳо доир ба имкониятҳои зиёратии Ӯзбекистон, рушди босуръати сайёҳии зимистона ва кӯҳӣ дар солҳои охир, инчунин имкониятҳои гастрономии хоси кишвар маълумот пешниҳод гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки намояндагони соҳаи санъати Ӯзбекистон ва намоиши имкониятҳои гастрономии кишварамон баргузор шуд.
Муҳайё ТОШҚОРАЕВА,
мухбири ӮзА.