ОРМОНҲОИ БОБУР АМАЛӢ ГАРДИДАНД – АНДИҶОНИ НАВ НОМИ ӮРО ГИРИФТ

Президент Шавкат Мирзиёев дар сайри мардумӣ, ки дар боғи “Ӯзбекистони Нав”-и Андиҷон баргузор гардид, иштирок кард.

– Яке аз бузургтарин ҳадафҳои давлати мо – сиёсати ҷавоно. Корҳое, ки дар сохторҳои таълиму тарбия, маҳалла, таъмини шуғл, варзиш иҷро мекунем, барои манфиати фарзандонамон аст. Ҷавонони мо қобилиятнок ва боистеъдоданд. Ин истеъдод кай намоён мешавад? Меҳнат бошад. Одаме, ки дониш андӯхта, ҳаракат мекунад, ҳеҷ гоҳ камбизоат намешавад, кори худро меёбад. Шумо ҳам хонда, пажуҳиш карда, касбу ҳунари замонавиро омӯзед. Барои хушбахт шудан бояд пойдевори мустаҳкам гузоред, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент бо намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Андиҷон низ мулоқот кард. Таъкид гардид, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат, ҳамҷиҳатии байни миллатҳо арзишмандтарин неъмат аст.

Дар амфитеатри боғ барномаи консертӣ доир гардид. Роҳбари давлат дар чорабинӣ суханронӣ намуда, ба аҳли вилоят эҳтироми баланди хушро иброз намуд.

– Арҷ гузоштан ба қадри инсон, таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои мардум, дар асоси он баланд бардоштани қаноатмандии одамон аз ҳаёт - мақсади асосии ислоҳоте мебошад, ки дар Ӯзбекистони Нав татбиқ мегарданд.

Ҳоло мо натиҷаҳои амалии чунин корҳои васеъмиқёс ва хайрро дар тамоми вилоятҳо, деҳот ва овулҳои ватани худ мушоҳида карда, албатта, аз ин бениҳоят хурсанд мешавем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тасдиқи амалии инро дар сарзамини зебо ва нотакрори Андиҷон низ равшан дидан мумкин аст. Дар вилоят бобати саноат, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав, обод кардани кӯчаву маҳаллаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнат ва зисти аҳолӣ корҳои зиёд амалӣ мегарданд.

– Дар замини Андиҷон ғояи Ӯзбекистони Нав, нафаси Ӯзбекистони Нав дар ҳар маҳалла, ҳар як оила эҳсос мегардад ва халқи моро ба комёбиҳои беш аз пеш рӯҳбаланд месозад. Ин натиҷаи аз ҳама бузург, аз ҳама муҳими ислоҳотест, ки мо ва тамоми халқамон интизор буданд, – гуфт Президент.

Андиҷон яке аз шаҳрҳои таърихии кишварамон, дурдонаи водӣ мебошад. Имрӯзҳо дар вилоят тамоми соҳа ва шабакаҳо босуръат рушд мекунанд. Ҳоло дар ин ҷо иқтидори бениҳоят бузург мавҷуд аст. Бо мақсади ба кор даровардани чунин имкониятҳо, боз ҳам ривоҷ додани минтақа шаҳри Андиҷони Нав сохта мешавад. Дар фурсати кӯтоҳ дар ин ҷо боғи хушҳавои “Ӯзбекистони Нав” низ сохта шуд.

Сарвари давлатамон ба тамоми инсонҳое, ки дар ин кор саҳм гузоштанд, ташаккур гуфт.

Андиҷон, бо он ки зодгоҳи Заҳириддин Муҳаммад Бобур аст, машҳур мебошад. Бинобар ин, Шавкат Мирзиёев ташаббуси Бобур номгузорӣ кардани шаҳраки Андиҷони Навро пешбарӣ кард. Ин иқдомро андиҷониён бо шодмонӣ дастгирӣ карданд.

Бобур Мирзо давомдиҳандаи муносиби тамаддуни темуриён, шахси бузурги сарпарасти илму фан, фарҳанг, санъат ва адабиёт мебошад.  Ӯ бо мероси нодири илмӣ ва эҷодии худ миллати мо, халқи моро дар тамоми олам тараннум кардааст. Ба шарафи ӯ шаҳри алоҳида сохта шавад, арзанда аст.

Таъкид гардид, ки ин дар роҳи амалӣ намудани ормонҳои амалинашудаи дили Милзо Бобур боз як воқеаи таърихӣ мешавад.

Дар шаҳр кластери бузурги таълимӣ иборат аз мактаб ва кӯдакистони махсус, донишгоҳ, осорхона, китобхона ва хиёбони технологияҳои иттилоотӣ бунёд мегардад.  Дар ҳудуди мактаби олӣ маҷмӯи варзишии ба талаботи олитарин ҷавобгӯ сохта хоҳад шуд.

Шаҳри Бобур ба маркази маънавият табдил дода мешавад, ки ҳувияти миллии моро таҷассум мекунад, барои ҷавонон майдони илҳом, ибрат ва парвоз мегардад, боз ба як маркази сайёҳӣ ва фарҳанг, “шаҳри ҳушманд”-и мамлакат, ки технологияҳои муосир истифода шудаанд, табдил меёбад.

Ин шаҳр, чун шаҳри азиме, ки номи шоир ва мутафаккири бузург Навоиро дорад, пули маънавии байни таърихи бошараф ва имрӯз мегардад ва дар таърихи нави мо мақоми сазовор пайдо мекунад. Дар нуқтаи баландтарини боғ муҷассамаи нав ва бузурги Заҳириддин Муҳаммад Бобур гузошта мешавад.

Барои татбиқ намудани ин ҳадафҳо барнома қабул гардида, 250 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

– Ҳамаи мо медонем, ки Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар кадом нуқтаи ҷаҳон, дар кадом сарзамине набошад, тамоми умр бо ёди ватан зистааст. Имрӯз орзуи ниёи бузурги мо иҷобат гардид, вай боз руҳан ба Ватани худ баргашт гӯям, фикр мекунам, шумо ба ин ҳамроҳ мешавед. Чунин рӯзи бузургу таърихӣ барои ҳамаи мо муборак бошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Роҳбари давлат ба муносибати 15 апрел – Рӯзи кормандони фарҳанг ва санъат намояндагони соҳаро низ самимона табрик кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: