Пурсишномаи навбатии «Овози тоҷик», ки чандест бо мақсади муайян кардани дабистонҳои фаъолу пешқадами минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, дар байни 11 мактаби таълимашон ба забони тоҷикии ноҳияи Самарқанд доир гардид. Боиси хушнудист, ки мактаби таълими умумии рақами 43-юм воқеъ дар гузари Боғи тиллои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қозиқӯрғон бо ҷамъ овардани 1047 овоз ҷойи аввалро ба даст овард. Бо супориши рӯзнома мо гузориши зеринро аз мактаби пешқадам таҳия кардем.
Вале аз сабаби фориғболии роҳбарону масъулони мактабҳои ҳамагонии рақами 28, 30, 34, 37, 39, 40, 41, 47 ва 54 пурсишнома натиҷаи самарабахш надод. Дар ҳоле, ки бо ҳамаи роҳбарони мактабҳо тамос гирифта, огоҳ кардем ва ҳамарӯза пурсишномаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон намудем. Умед доштем, ки аз мактабҳои ноҳия, ки қариб 10 ҳазор донишомӯз доранд, беш аз 20 ҳазор нафар дар назарсанҷӣ ширкат меварзанд, аммо ҳамагӣ 2 ҳазору 879 нафар овоз додаанду халос. Гарчанде он бо мақсади беҳсозии сифати таълим, дастгирӣ ва ҳавасманд кардани омӯзгорон ва донишомӯзони фаъол, кумак барои ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълими умумӣ ҷараён гирифтааст.
Боиси хушнудист, ки мактаби таълими умумии рақами 43-юм воқеъ дар гузари Боғи тиллои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қозиқӯрғон бо ҷамъ овардани 1047 овоз ҷойи аввалро ба даст овард. Бо супориши рӯзнома мо гузориши зеринро аз мактаби пешқадам таҳия кардем, ки пешкаши муштариён мекунем.
Дар гузари зархез
Минтақаи Боғи тилло бо заминҳои ҳосилхез ва мардуми саховатпешаву меҳнатдӯст аз қадим маъруфу машҳур аст. Ривоят мекунанд, ки аз ин ҷо замоне Роҳи бузурги абрешим мегузашт, Соҳибқирон маҳз дар ҳамин макони соҳиби табиати зебову нотакрор, заминаш серҳосилу зархез боғ бунёд кардаву ба он Боғи тилло ном додааст.
Имрӯз Боғи тилло аз баракати истиқлолият ва дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат боз ҳам ободу зебо гаштааст. Солҳои охир кӯчаҳояш мумфарш гардида, таъминот бо неруи барқу оби ошомиданӣ беҳтар шуд. Мутобиқи Барномаи рушди деҳот чанд иншооти иҷтимоӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳоло мардуми гузар барои суръат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ талош мекунанд ва дар ин корҳои хайру нек ҷамоаи мактаби миёнаи рақами 43 пешоҳанг ҳаст.
Мактабе, ки дар ободияш Президент саҳм гузоштааст
Асосгузори ин мактаб, Аълочии таълими халқ Мурод Маъдӣ мегӯяд, ки адиби тавонои рус Антон Чехов навиштааст, ки «нерӯи ҳар як халқ аз маърифатпарварони ӯст». Дар ҳақиқат, зиёиён машъалафрӯзи илму дониш, поягузорони тараққиёти ҷамъият ҳастанд.
– Замоне дар ин маҳал барқ набуд ва мо бо шамъчароғ китоб хонда, дарс тайёр мекардем. Баъд аз хатми факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, фаъолияти педагогиро аввал дар омӯзишгоҳи касбию ҳунарии рақами 31 ва баъд дар мактаби 33-юми ноҳия идома додам. Он солҳо дар зодгоҳам мактаб набуд ва фарзандони мо ба деҳаҳои ҳамсоя рафта, сабақ мегирифтанд. Рӯзе ба назди собиқ раиси хоҷагии ҷамоатии «Наврӯз», шодравон Сироҷиддин Усмонов рафта, масъалаи бунёди мактабро ба миён гузоштам, – гуфт Мурод Маъдӣ. – «Талаби дуруст ва ман ҳам ба сохтани мактаб тайёр. Вале барои таҳияи ҳуҷҷатҳо, даву ғеҷи сохтмон, аз «боло” розигӣ гирифтан даркор, ки барои ин на вақт дораму на асаби қавӣ. Шумо ягон нафарро ҳамроҳ гирифта, аз пайи кор шавед, мо ба дастгирӣ тайёр» – гуфт Сироҷиддин.
Бо дастгирии раис ва кӯмаки муаллими фидокор Раҷаббой Шарифов (рӯҳаш шод бод!) ба бунёди бинои мактаб дар Боғи тилло камари ҳиммат бастем.
Дертар собиқ ҳокими вилоят, ҳоло сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба мактаб омада, барои бунёди синфҳои иловагӣ кӯмаки беғаразона доданд. Аммо боз норасоии синфхона ба чашм мерасид. Аз рӯйи ин масъала ба ташкилотҳои ҷумҳурӣ муроҷиат кардам. Ин дафъа депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Абдулло Аслонов барои бунёди таълимгоҳи замонавӣ, хушҳаво ва хушсохт ёрӣ дод. Соли 2022 дар таърихи гузар бори савум тадбири бӯрёкӯбӣ доир шуд.
Мурод Маъдӣ зикр кард, ки ҳоло дар мактаб 641 нафар фарзандони маҳаллаҳои Қозиқӯрғон ва Талибарзуи Поён таълиму тарбия мегиранд ва доим аз он меболад, ки ҳамкасбону ҳамгузарҳо заҳматҳои ӯро дар ин ҷода эътироф ва қадр мекунанд.
Панду ҳикмат диҳад кумак ба таълиму тарбият
Вақте вориди бинои мактаб мешавед, диққатро панду ҳикмат ва суханони хирадмандонаи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Бедил, Ҳилолӣ, Биноӣ, Лоҳутӣ ва дигар шоирони классику муосир, ки дар деворҳои толору долон бо ҳуруфи кириллӣ ва арабӣ сабт ёфтаанд, ба худ мекашад. Деворнигораи «Роҳи бузурги абрешим» низ ҷолиби диққат аст.
– Чанде пеш аз фанни забон ва адабиёти тоҷик зинаи ҷумҳурии олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид, – гуфт омӯзгори тоифаи олӣ Саноат Аҳадова. – Дар он шогирдонам – донишомӯзи синфи ёздаҳ Иззатулло Неъматов ҷойи сеюм ва хонандаи синфи нуҳӯм Рисқия Аҳтамова ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.
– Боз як навиди фараҳбахш, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ҷонишини директор оид ба корҳои таълим Манзура Ҷӯрабоева, – таълимгоҳи мо аз рӯйи рейтинги дохил шудани хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ дар ноҳия пешқадам мебошад. Соли гузашта 72,8 фоизи хатмкунандагон донишҷӯи донишгоҳу донишкадаҳои на танҳо Самарқанд, балки Тошканд, Душанбе, Русия ва дигар кишварҳои олам шуданд.
– Асрори чунин комёбиҳо дар чист? – ба муовини директор бо суол рӯ овардем.
– Омӯзгор муҳандиси рӯҳияти инсон аст. Дар масъалаи таълиму тарбият чизи асосӣ муаллим, тафаккури ӯст. Тарбиягирандагон пеш аз ҳама аз тарбиятгар меомӯзанд. Сад афсӯс, ки ҳоло на ҳамаи омӯзгорон ба ин номи муътабар муносиб ҳастанд. Муаллим бояд чун машъалафрӯз бояд аз рӯи ихтисоси худ дониши мукаммал дошта бошад, асрори фанҳои замонавӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро донад ва ҳамеша барои фатҳи қуллаҳои баландтар талош намояд. Дар ҳамин ҳол метавонад комёб бошад, ба муроди дил бирасад ва шогирдони заковатмандро тарбия кунад.
Бино ба маълумоти масъулон мактаб ғайр аз ду бинои муҳташам, ки дорои 27 ҳуҷраи таълимӣ аст, толори маҷлис, варзиш, ошхона дорад. Дар ин маскани илму маърифат 412 нафар ба ӯзбекӣ ва 229 нафар ба тоҷикӣ машғули тадрис буда, ба онҳо 45 нафар омӯзгори ҳирфаӣ таълиму тарбия медиҳанд. Аз онҳо 9 нафар тоифаи олӣ, 10 нафар тоифаи якум ва 8 нафар тоифаи дуюмро соҳибанд. Сарвари таълимгоҳ, соҳиби медали «Шуҳрат» Муҳаррам Муродова, омӯзгорон Дилноза Саломова, Лола Маматқулова, Шаҳодат Қобилова, Баҳора Валиева, Заррина Ҳалимова, Нигора Самиева, Зебунисо Зокирова, Камила Толиббоева, Покиза Кароматуллоева, Чоршанбе Абдиев ва дигарон фидокорони соҳаи худ ҳастанд ва ба эҳтироми хонандагону волидайни онҳо сазовор шудаанд.
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ
Манзили навбатии мо китобхона буд. Воқеан, китоб сарчашмаи илму маърифат, дар рушди тафаккури инсон нақши босазо дорад. Боиси хушнудист, ки бо дастгирӣ ва ғамхории сарвари давлат эътибор ба тарғиби мутолиаи китоб афзудааст. Гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон» ва бо сабукрав сарфароз гардидани китобхонҳои ғолиб аз ҷумлаи чунин иқдомҳои накӯ аст.
Дар бойгонии китобхонаи мактаб қариб 5 ҳазор нусха адабиёти гуногун ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ маҳфузанд. Инчунин, бастаи 12 номгӯй рӯзномаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ мавҷуд, ки омӯзгорон ва донишомӯзон аз онҳо фаровон истифода мебаранд.
– Мо мунтазам бо шоиру нависандагон вохӯриҳо ташкил мекунем, рӯнамоии асарҳои тозанашрро мегузаронем, бахшида ба солгарди шоиру нависандагони адабиёти классик ва муосири тоҷику ӯзбек чорабиниҳоро барпо мекунем, – гуфт мудири китобхона Зайнура Норқулова. – Масалан, чанде пеш таҷлили зодрӯзи Мир Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобурро дар сатҳи хуб гузарондем. Илова бар ин, борҳо бо иштироки адибу шоирон, аз ҷумла Нормурод Каримзода, Бахтиёри Ҷумъа, Маҳбуба Неъматзода, Асадулло Исмоилзода, Дилрабо Насимӣ, Баҳодури Раҳмон, Парисо ва дигарон вохӯриву маҳфилҳо гузарондем.
Хонандагон Далер Носеев, Висола Рустамова, Самеъҷон Файзуллоев, Моҳина Эргашева, Рухшона Аҳмадҷонова, Меҳрубон Пӯлодҷонова, Ҷасур Собиров, Шукрона Шӯҳратова, Роҳила Валиева, Фарзона Аҳмадова ва дигарон на танҳо иштирокдори фаъоли чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, балки китобхонҳои доимии мо ҳастанд.
Бояд гуфт, ки солҳои пеш аз Тоҷикистон ба мактабҳо адабиёти гуногун меомад. Ҳоло муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар таҳким ёфта, ба марҳилаи нави рушд баромад. Аммо, дар ин масъала, яъне дастрас кардани китобҳои бадеӣ ба мактабҳои ҳамагонӣ, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, то ҳол ягон кори сутудание иҷро нашудааст ва агар шуда, нафаҳмидаем. Ҳоло норасоии чунин китобҳои бадеии тоҷикӣ яке аз мушкилоти мактаб ба шумор меравад.
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест...
Вақте аз синфхонаҳо дидан карда, азми бозгашт мекардем, боғбон Темур Эшонқулов ва мудири шуъбаи хоҷагии мактаб Илҳом Раҷабовро саргарми кор дидем – дарахтҳои себ, нок, зардолу, гелос ва дигари боғи мактабро, ки 2,5 гектар майдон дорад, шакл медоданд. Бо онҳо дар бораи дарахтон, маҳсулоти кишоварзие, ки аз замин ба даст меояд, суҳбат кардем. Гуфтанд, ки аз замин дар як сол ду-се намуди маҳсулоти кишоварзиро ба даст меоранд.
– Шумо дар тобистон биёед, мебинед, ки помидор, бодиринг, карам, лаблабу, боимҷон, қаламфури булғорӣ чӣ хел ҳосил додаанд, – гуфт Илҳом Раҷабов. – Мо онҳоро ҷамъ оварда, ба кӯдакистон, ки дар шафати мактаб қарор дорад ва ошхонаи мактаб медиҳем.
Вақте боғи мактабро аз назар мегузарондем, пай бурдам, ки аксарияти хонандагон ба кори кишоварзон бепарво буданд.
– Ба ин бачаҳо ҳам асрори боғбонӣ, баъд деҳқониро ёд диҳед, хеле савобро мегиред, – рӯ ба Темур Эшонқулов овардам. – Охир мардро эътибор дар ҳунару меҳнат аст.
– Солҳои мактабхонии мо бригадаи истеҳсолӣ вуҷуд дошт, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Илҳом Раҷабов. – Мо он солҳо на танҳо дар замини мактаб, дар хоҷагии ҷамоатии «Наврӯз» ҳам ба деҳқонону боғбонон кумак мерасондем. Муаллимон ғайр аз таълиму тарбият, меҳнатдӯстӣ, асрори боғбонӣ, деҳқонӣ, чорводорӣ ва ҳатто кирмакпарвариро меомӯхтанд. Мо бо завқ меҳнат мекардем. Ҳозир талабагонро ба меҳнат ҷалб кардан мумкин набудааст. Ин аст, ки ҳозир аз 10 нафар хатмкунанда ҳатто як нафар ҷӯяк кашиданро намедонад. Хуб мешуд, ки дубора бригадаҳои истеҳсолӣ ташкил гардида, фарзандону наберагон ба меҳнат дил банданд, на ба телефон!
Воқеан, дар тинати фарзанд ташаккул додани эҳсоси меҳнатдӯстӣ амали накӯст, ки ба ин маънӣ Абулқосим Фирдавсӣ барҳақ фармудааст:
Таносонию коҳилӣ дур кун,
Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.
Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест!
Таълими интерактив – асоси пешравӣ
– Маълум аст, ки таълими интерактив – намуди махсуси дарс аст, ки ҳамаи хонандагони синф ба раванди дарк намудани мавод ҷалб мегарданд, – иброз дошт ҷонишини директори мактаб оид ба таълиму тарбият Манзура Ҷӯрабоева, – зеро он имкониятҳои зарурӣ ва хуби инкишоф додани маданияти умумии талабагонро дода, дар роҳи расидан ба низоми таълими босифату босалоҳият айни муддао аст.
Калимаи «интерактив» англисӣ буда, маънояш «интер» – дутарафа, «акт» бошад, амал кардан. Бинобар ҳамин интерактив маънои ҳамкорӣ карда тавонистан ва дар реҷаи муколама буданро дорад.
Фаъолияти якҷояи хонандагон дар раванди дарк кардани маводи таълимӣ онро мефаҳмонад, ки ҳар як талаба саҳми шахсии худро дар он мегузорад, ки дар ин сурат, ивазшавии таълим, ақида ва воситаҳои фаъолияти якдигар ба амал меояд.
Умуман, дар муқоиса бо таълими анъанавӣ дар таълими интерактив ҳамкории омӯзгорон ва хонандагон иваз мешавад. Вазифаи муаллим иборат аз муҳайё намудани шароит барои ташаббусу дастгирии шогирдон аст.
Фаромӯш набояд кард, ки истифодаи техникаи компутерӣ ва технологияи иттилоотӣ самаранокии раванди таълимро баланд мебардорад.
Вазъи пойгоҳи моддиву техникии мактаб чӣ хел?
Вақте аз масъулони мактаб дар бораи вазъи пойгоҳи моддиву техникии мактаб, таъминот бо технологияи муосир пурсидем, аён шуд, ки дар ин ҷода низ мушкилиҳо мавҷуданд.
Дар ҳақиқат, тӯли чанд соли охир бо мақсади беҳсозии пойгоҳи моддиву техникии мактабҳо чорабиниҳои шоёни таҳсин амалӣ гардида, аксар муассисаҳои таълими умумӣ бо компутерҳои замонавӣ, тахтаҳои электронӣ, воситаи овоздиҳӣ (динамик), видеопроектор, тунери телевизионӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.
Омӯзгорони фаннӣ дар раванди дарсҳо аз тахтаҳои электронӣ, компутер ва дигар аёниятҳои замонавӣ босамар истифода намуда, ба хубӣ эҳсос кардаанд, ки ин васоит барои расидан ба мақсадҳои асосии таълим мусоидат мекунад ва имконияти васеъ фароҳам менамояд. Тахтаҳои электронӣ афзалиятҳои бисёр доранд. Омӯзгор тавассути он метавонад маводи навро амиқтар фаҳмонад, машғулиятҳоро шавқангез гузаронад, ҳавасмандии хонандагонро ба таълим афзунтар созад ва ғайра.
Сад афсӯс, ки дар ин мактаб вазъи таъминот бо чунин дастгоҳҳои замонавӣ дар сатҳи зарурӣ нест. Дар ягон синфхона, ҳатто дар утоқҳои забонҳои хориҷии мактаб бино ба фармоиши Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ аз 5-уми сентябри соли 2017 «Дар бораи тасдиқи меъёрҳои таҷҳизоти зарурӣ барои муассисаҳои таълими умумӣ» (дар ин утоқҳо бояд тахтаи электронӣ вуҷуд дошта бошад) тахтаи электронӣ нест. Ғайр аз ин, масъулони шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия дар аввал ваъда додаанд, ки ба мактаб 17 дона компутери наву замонавӣ медиҳанд. Аммо ду дона компутер додаанд, ки кас намедонад инро чӣ тавр шарҳ диҳад.
Ҳамеша дар хидмати мардум
Ҳоло дар ҳар гӯшаву канори Қозиқӯрғон таҳти роҳбарии раиси маҳалла Шуҳрат Усмонов ва масъулони дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Ба мақсади боз ҳам ободу зеботар намудани деҳот, беҳсозии таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум чорабиниҳои судманд амалӣ мегарданд.
– Дар маҳалла 865 оила ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 3 ҳазору 200 нафарро дар бар мегирад, – гуфт Шуҳрат Усмонов. – Панҷ сол боз чун раис фаъолият намуда бештару хубтар фаҳмидам, ки ин кори саҳлу осон нест. Дар ғаму шодии халқ шарик будан, дар ҳалли мушкилоти онҳо дар ҳадди имкон кумак расонидан, осоиштагии онҳоро таъмин кардан масъулияти бузург дорад. Хушбахтона, Камолиддин Ӯроқов, Тилло Ҳамдамов, Зулхумор Аҳмадҷонова, Сӯҳроб Болтаев, Маҳмудҷон Рашидов, Валерий Саломов, Усмон Турсунов, Абдураҳмон Ҳоҷиев, Ширин Бобоева ва дигар фаъолони маҳалла пару боли мо ҳастанд. Боиси эътироф аст, ки тайи чанд соли охир дар маҳалла ҷинояту қонуншиканӣ рух надод, ки дар ин кори нек хидмати нозири профилактика, лейтенанти калон Шоҳрухҷон Ҷабборов калон аст. Ӯ мунтазам дар мактабу гузарҳо сӯҳбатҳо ташкил карда, барои пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу амният талош мекунад, вазифаи хешро сарбаланду садоқатмандона иҷро менамояд.
Ҳангоми боздиди маҳалла аён шуд, ки имрӯзҳо аҳли гузар барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву манзилҳои истиқоматӣ, кабудизоркунии атрофу акноф бештар эътибор медиҳанд. Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ниҳолҳои дарахтони меваноку сояафканро мешинонанд. Инчунин, барои самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлӣ, ба даст овардани ҳосили фаровон кӯшишу ғайрат мекунанд. Бинобар ҳамин дар ҳама ҷо бо як овоз мегӯянд, ки «Боғи тилло – баҳояш аъло!».
Матолиби саҳифаро хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир ҲАСАНЗОДА ба чоп омода кардааст.