Қошғар, ки яке аз қадимтарин шаҳрҳои Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғур мебошад, маркази муҳими тиҷоратӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим маҳсуб меёбад. Ин шаҳри таърихӣ, ки дар он фарҳангҳои Шарқу Ғарб ба ҳам мепайванданд, бо фазои беназири худ ҷалби сайёҳонро вусъат медиҳад.
– Дар ин ҷо аз ҷиҳати туризм таҷрибаи калон мавҷуд аст. Барои ҳамин ҳайати вилояти Фарғона таҳти раёсати муовини аввали ҳокими вилоят Мирзоҳид Убайдуллоев дар аснои сафари корӣ ба Чин аз шаҳри Қашғар низ боздид ба амал оварданд. Дар он ҷо масъалаи барқарор намудани ҳамкориҳо бо мақомоти ин шаҳр баррасӣ гардид, – гуфт муовини ҳокими вилоят, сардори Садорати туризми вилоят Хуршедҷон Аҳмедов.
Вай афзуд, ки дар ҳамин ҳол Садорати туризми вилояти Фарғона доираи ҳамкориҳоро бо кишварҳои дуру наздик беш аз пеш тавсеа бахшидааст. Ба гуфтаи Хуршедҷон Аҳмедов дар мулоқот ҳайати вилояти Фарғона ба форуми сайёҳӣ ва фарҳангӣ, ки моҳи август дар ин кишвар баргузор хоҳад шуд, даъват гардидааст.
– Мулоқоти ширкатҳои туроператорони ду минтақаи Ӯзбекистон ва Чин бо роҳандозии ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ самараи худро хоҳад дод, – гуфт Х.Аҳмедов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.