Дар ноҳияи Бувайда барои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Урганҷӣ» бинои нави замонавӣ ба истифода супурда шуд.
Кушоиши бинои мазкур барои аҳолии маҳалла ба иди воқеӣ табдил ёфт. Нахуст дар ин ҷо шиносоӣ бо намоишгоҳҳое, ки ташкил гардиданд, ба вуқӯъ пайваст.
Дар маҳалла беш аз 4 ҳазор аҳолӣ истиқомат доранд. Бинои пешинаи он ҳанӯз соли 1970 сохта шуда, ҳамагӣ аз ду хона иборат буду кори аъзои ҷамоатро душвор мекард. Бинобар дӯстиву тифоқии аҳли маҳалла ва ташаббуси прокуратураи ноҳия онҳо дар озмуни «Буҷаи ташаббуснок» ғолиб омаданд ва соҳиби 1 миллиарду 390 миллион сӯм шуда, ба бунёди бинои замонавӣ муваффақ гардиданд.
Дар ин ҷо барои ҷавонони маҳалла майдони варзишӣ низ барпо карда шуд. Дар мавзеъ камераҳои назоратӣ гузошта шуданд.